Зиракии сиёсии ҷавонон- кафолати оромии ҷомеа

Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад,ки бо Афғонистон, Хитой, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст. Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад”. Сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рӯбарӯ ҳаррӯза дар муборизаи иттилооти қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда намояд. Ҳол он, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст.    Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст. Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Хушбахтона хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки манфиати миллат ва ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор гардида мо 28 умин солгади Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу ороми ҷашн гирифтем.                  Аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба вуҷуд меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.

Сакардагони“Гурӯҳи 24”, хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ буда бо ҳар роҳу восита амалҳои Ҳукумати мамлакатро дар сомонаҳои интернети сиёҳ нишон медиҳанд аз зудбоварию булҳавасӣ, аз паст будани маъри­фа­ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон истифода менамоянд. Саркардагони ин гуруҳҳо хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, онҳо дар атрофи худ ба мисли худашон ашхоси бесаводу гумроҳро гирд оварда, корҳои ифротии худро зери фармонҳои эшон анҷом медиҳанд. Аммо, онҳо ҳеҷ вақт ба мақсаҳои хоинонаи худ расида наметавонанд.

Имрӯз, ки мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем, бояд зиракии сиёсӣ ва ҳисиёти миллӣ дошта бошем, манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло гузошта, ҳамеша дар ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Ҳар фарди тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки пеш аз ҳама, худаш намунаи ибрат бошад, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад, мардуми кишвар ва ҷавононро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирад, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошад!

 

Таибов С. А. , сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

З.Турсунова- мутахассиси шуъба


11.08.2020     250
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php