Зиндаю ҷовид монд, ҳарки накуном зист!

Зиндаю ҷовид монд, ҳарки накуном зист!

Ҳақ бар ҷониби бузургон аст, ки нисбати олимону накукорон фармудаанд:

Зиндаю ҷовид монд, ҳарки накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.    

Олими барҷастаи соҳаи тиб, академики Академияи илмҳои тиббии замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Пӯлотов Абдумаҷид Мусоевич дар байни олимони соҳаи тибби тоҷик маъруфи ҷаҳониён гаштаву номбардори ворисони Синои бузург аст ва миқдори зиёди асарҳои ин олими барҷаста то ҳол китоби дарсӣ ва руимизии табибону донишҷӯён аст.

Пӯлотов Абдумаҷид Мусоевич 8 апрели соли 1925 дар деҳаи Қистақузи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Хистеварз), дар оилаи табиби халқӣ ба дунё омадааст. Падараш, табиби авлодӣ(ирсӣ) Муллопӯлод маъруф бо тахаллуси “Табиби Қистақуз” ва модараш хонашин буда, машғули тарбияи фарзандон буд. Ӯ ҳанӯз ҳангоми хонандаи синфи 10-ум буданаш, ихтиёрӣ ба сафҳои Артиши Шӯравӣ пайваста, пас аз омӯзиши ҳарбӣ дар мактаби ҳавоӣ-десантии полки Звенигород дар аввали моҳи майи соли 1944 бо рутбаи сержанти калони гвардия, ҳамчун ёвари командири взвод, дар набардҳои фронти Ленинград иштирок кардааст. Барои иштироки фаъолона дар набардҳои озод кардани шаҳрҳои Нарва, Псков, Териоки ба сафи Ҳизби Коммунистии Иттифоқи Шӯравӣ қабул гардид. Абдумаҷид Пӯлотович бо медали "Барои хидмати ҳарбӣ", барои озод кардани хатҳои аввал ва дуввуми Маннерҳейм, мукофотонида шудааст. Охири моҳи июл дар наздикии шаҳри Виборг сарбози ҷавон Абдумаҷид Мӯсоевич сахт маҷрӯҳ шуд. Ӯ маъюби гурӯҳи 2 шуда, ба зодгоҳаш баргашт. Дар онҷо имтиҳонҳо барои хонандагони синфи 10-умро чун толибилми беруна супурд ва 7 октябри соли 1944 ҳамчун донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ ба қайд гирифта шуд. Ҳангоми донишҷӯи курси 5-ум буданаш, Абдумаҷид Пӯлотов ба донишҷӯёни Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Сталинобод таълими фармакологияро шурӯъ намуд. Ординатори клиникӣ шудан замон ба ҳамин шогирдонаш ӯ фанни бемориҳои асабро таълим медод.

Алакай дар солҳои донишҷӯӣ истеъдоди фитрӣ ва муҳаббати бузурги ӯ ба тиб ошкор гардида буд. Соли 1951 аз имтиҳоноти озмунии умумииттифоқӣ бомуваффақият гузашта, аспиранти кафедраи асабшиносии аввалин Донишгоҳи ордени Лениндори Москва ба номи И.М.Сеченов шуд. Соли 1954 Пӯлотов таҳти роҳбарии асосгузори барҷастаи асабшиносии эволютсионӣ, академик Е.К.Сеппа рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Арахноидит ва мағзи арахноэнцефалит пас аз зуком" («Послегриппозные церебральные арахноидиты и арахноэнцефалиты») ҳимоя намуда, олим-клиник-невропатолог шуд.

        Аз соли 1956 то соли 1958 Абдумаҷид Мусоевич мудири кафедраи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон буд. Бинобар зарурати ташкили хидмати нейрохирургӣ дар ҷумҳурӣ, ки тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва амалии тиббиро талаб мекунад, соли 1958 А.М.Пӯлотов дар якҷоягӣ бо дигар табибон барои гузаронидани тадқиқоти диссертатсионӣ ба Москва, ба Институти нейрохирургияи ба номи Н.Н.Бурденкои Академияи илмҳои тиббии СССР фиристода шуд. Пас аз хатми докторантура, соли 1964, ӯ бо муваффақият рисолаи доктории худро дар мавзӯи: "Инсулт ва кризисҳои мағзи сар, ки бо синдроми ба омос монанд зоҳир мешавад" ҳимоя намуда, дар кишвар ҳамчун олими асабшинос шинохта шудаааст. Аз соли 1964 дар заминаи кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои генетикаи тиббӣ таҳти роҳбарии профессор хидматҳои нейрофталмология, отоневрология, нейрорадиология ва ликорология таъсис дода шудаву бомуваффақият фаъолият мекунанд. То ин вақт, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ҳам кушода шуд, ки дар он шумораи катҳои неврологӣ барои табобати беморон бамаротиб зиёд гардид.

        Олим-табиб дар давраи асабшиноси асосии Вазорати тандурустӣ буданаш (1964-1995) қувва ва диққати махсуси худро ба рушди шабакаи хадамоти неврологӣ бахшидааст. Бо саъю кӯшиши ӯ баҳри саломатии аҳолии ҷумҳурӣ дар беморхонаҳои минтақавии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ катҳои неврологӣ хеле зиёд шуданд. Ҳамчунин хидмати асабшиносии кӯдакона ташкил ва ба роҳ монда шуд. Дар ҳамон солҳо Абдумаҷид Пӯлотов бо шавқ ва рағбати зиёд ба масъалаҳои курортология машғул шуда, муассисаҳои истироҳатии Тоҷикистонро назорат намудаву машварат медод. Хизмати шоистаи илмии ӯ инчунин дар он аст, ки вай таъсири солимгардонии омилҳои санаторию истироҳатӣ(курортӣ) ва климатогеографиро ба вазъи саломатии инсон исбот намуд. Аз ҷумла, самаранокии омилҳои истироҳатии осоишгоҳҳои Обигарм, Хоҷа-Обигарм, Хаватаг, Зумрад, Оксикон, инчунин таъсири табобатии Гармчашма - чашмаи гарми Помирро исбот кард. Маводҳои ҷамъоваришуда барои навиштани ду рисолаи номзадӣ, як қатор мақолаҳои илмӣ, маърӯзаҳо дар форумҳои илмӣ ва конфронсҳо асос шуданд. Дар асоси ин бо итминон гуфта метавонем, ки Абдумаҷид Пӯлотов яке аз асосгузорони хидмати санаторию истироҳатии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар байни курортологҳои кишварҳои ИДМ обруву нуфузи хос дорад.

        Таҳти роҳбарии профессор Абдумаҷид Мусоевич Пӯлотов кормандони кафедраи бемориҳои асаб ва асосҳои генетикаи тиббӣ дар солҳои 1986-1992 аз аҳолии 8 ноҳияи минтақаи шимолӣ ва 6 ноҳияи минтақаи ҷанубии Тоҷикистон, ки дар маҷмӯъ 2 миллиону 200 ҳазор нафарро дар бар мегирифт, ташхиси тиббию генетикӣ гузаронидаанд. Дар асоси ин таҳқиқот, басомади зуҳур ва шаклҳои клиникии бемориҳои ирсӣ-регенеративии системаи асаб дар байни мардуми таҳҷоӣ ва қисме аз меҳмонони ҷумҳурии мо муайян карда шуд. Ин тадқиқоти бунёдӣ барои навиштани се рисолаи докторӣ ва чор рисолаи номзадӣ хидмат кардааст. Дар асоси таҷрибаи фаровону назарраси ташхиси нозологӣ ва мубрами бемориҳои системаи асаб, А.М.Пӯлотов ҳамроҳи дотсент А.С.Никифоров соли 1970 китоби дарсии «Пропедевтикаи бемориҳои асаб»-ро нашр кард, ки онро Вазорати тандурустии ИҶШС ҳамчун китоби дарсӣ барои донишгоҳҳои тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ кардааст. Ҳамин муаллифон соли 1979 курси мукаммали китоби дарсиро таҳти унвони "Бемориҳои асаб" эҷод карданд, ки онро низ Вазорати тандурустии ИҶШС ҳамчун китоби дарсӣ барои донишгоҳҳои тиббӣ тавсия додааст ва он ду маротиба ба нашр расидааст.

Нашрияҳои илмӣ аз 650 номгӯи китобҳо, мақолаҳо, китобҳои дарсӣ, монографияҳо, аз ҷумла 500 асари илмӣ иборатанд. Дар байни миқдори зиёди асарҳои олим китоби дарсии муосир, бо номи "Неврология" ("Асабшиносӣ"), аҳамияти хоса дорад, ки дар соҳаи илми тиб кори бунёдӣ буда, ба китоби рӯимизи(дастур)и табибон табдил ёфтааст.

Барои хизматҳои шоистаи худ профессор А.​ М.​ Пӯлотов аз ҷониби роҳбарияти кишвар бо медали «За боевые заслуги»​ (1944), медали «Военная доблесть», “Орден Отечественной войны I степени”​ (1955), “Орден Трудового Красного Знамени”​ (1985), унвони фахрии «Заслуженный деятель науки Таджикской ССР» (1988) мукофотонида шудааст. Ҳамчунин барои ташкил ва иштироки фаъолона дар кори Конгресси XIV Умумиҷаҳонии неврологҳо академик А.М.Пӯлотов бо Ифтихорномаи Ассотсиатсияи Умумиҷаҳонии Неврологҳо (Деҳлӣ, Ҳиндустон, 1989), академики Академияи илмҳои табиии Россия ( 1998), академики Академияи байналмилалии таҳсилоти олӣ (1999), Ордени “Дӯстӣ” (Тоҷикистон, 2000), Ордени "Шараф” дараҷаи II (2009), аълочии маорифи халқ, аълочии мактаби олии СССР, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, медали "Барои меҳнати шуҷоатнок", медали "Ветерани меҳнат" сарфароз гаштааст.

Пӯлотов Абдумаҷид Мусоевич 10-уми ноябри соли 2012 пас аз бемории тулонӣ аз олам чашм пӯшид, аммо номи некаш дар дилу дидаи шогирдону устодони ин боргоҳи илму маърифат – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷовидон мондааст.

 

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

  

Ибодзода С.Т. - д.и.т,профессор, муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


01.04.2021     8133
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php