ЗИКРИ НОМИ БОХТАР ДАР АСАРИ “ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ” – И ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Олими нуқтасанҷи тоҷик,  устод Иброҳим Умарзода дар китобаш “Таърихи тамаддуни ориён: Душанбе, 2006” оид ба ҳудуди мулки Бохтар чунин ишора намудааст: “Аслан Бохтар аз сароби Ҷайҳун яъне Бадахшону Хатлон ибтидо гирифта, бо Урганҷ анҷом меёбад” . Номбурда ҳатто барои тақвияти фикраш аз забони шоири тавонои тоҷик Носири Хусрави  Қубодиёнӣниз мисол овардааст, ки фармудаанд:

Чаро хуршеди нуронӣ, ки олам з- ӯ шавад равшан,

Гаҳе маскан кунад ховар, гаҳе дар Бохтар дорад?

Имрӯз номи Бохтар гирифтани маркази маъмурии вилояти Хатлон (собиқ шаҳри Қурғонтеппа) муаррихонро водор месозад, ки перомуни ин ватани аҷдодӣ маълумотҳои заруриро дастраси хонанда намоянд.

Ягона асаре, ки дар баробари китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” оид ба мулки Бохтар маълумоти васеъ  медиҳад ин китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” – Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар як фишурдаи мақола ҷой додани ин мавзӯи доманадор, ки дар асари мазкур тадқиқи пурраашро ёфтааст ғайриимкон бошад, ҳам танҳо кӯшиш бар он менамоем, ки ҷойҳои алоҳидаи онро дар ин сатрҳо ҷой диҳем.

Сардори давлат дар китобашон мепиндорад, ки номи кишварҳои Суғду Бохтар ҳанӯз дар китоби муқаддаси “Авасто” дарҷ ёфтааст. Нахустин кишвари офаридашудаи Аҳурамаздо Бакхади (Бохтари) зебо бо дирафшҳои барафроштааш мебошад, ки баъдтар  дигар  олимон низ  ин масъалаи ҳалталабро тавонистанд бо далелҳои дақиқи ин асари пурарзиш дар тадқиқотҳояшон   истифода намоянд. Дар ҷои дигари асараш муаллиф менависад, ки подшоҳони сулолаи Каёниён Бохтар ва Балхро қароргоҳи салтанати худ пазируфта онро Эроншаҳр меномиданд. Ҳамин тавр маллифи асар мавзӯи мазкурро ба риштаи таҳқиқ кашида, хулоса менамояд, ки ҳафриёти Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод, тахти сангин ва даҳо тадқиқотҳои бостоншиносии  мавзеъҳои мухталифи Тоҷикистон , ки дар ним асри охир сурат гирифт, тавонист  дар илми бохтаршиносӣ ва таъриху давлатдории  тоҷикон саҳифаи нав кушояд.

Хулоса. Ҳақиқатан аз асари “Тоҷикон дар оинаи таърих” бармеояд, ки  ҳанӯз аз замонҳои қадим Ориён ба маънои Бохтар ёд шудааст ва он ватани аҷдодии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Агар Бохтару Суғд макони зуҳури дини Зардуштӣ набошанд, пас чаро дар китоби “Авасто” на номи вилоятҳо форс, балки номи Бохтару Суғд нишон дода шудааст?  Бохтар дар “Авасто” низ чун кишвари паҳновар, шаҳри обод тавоно, маркази нахустини оташкадаҳо  ва қаламрави паҳншавии дини Зардуштӣ тавсиф шудааст. Мавзӯро бо гуфтаҳои муаллифи китоби “Турон: Душанбе, 2006” Р. Шарофзода хулоса менамоям, ки оид ба дарки маънои Бохтар менависад: “ вожаи “тар” ҳар куҷое, ки буд, ба маънои об, чашмаю рудхона  масраф мегардид. Он дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои дигареро  низ шомил мешавад. Чунончи тоза, нозуук, латиф, покиза ва ғайра”

Кафедраи фанњои ҷомеашиносӣ


04.02.2021     255
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php