ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКӢ БА САЛОМАТӢ ЗАРАР ДОРАД

Имрӯзҳо дар роҳраву бозорҳо нафаронеро вомехӯрем, ки бо дастгоҳҳои обборкунӣ ба обфурӯшӣ машғуланд. Ин гурӯҳ зарфҳои пластикиро, ки алакай истифода шудаанду ба саломатии одамон зарарноканд, аз роҳраву партобгоҳҳо ҷамъоварӣ карда, такроран мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳолати дигари нигаронкунанда дар ҳамин масъала ин аст, ки дар баробари калонсолон кӯдакону наврасон зарфҳои пластикӣ ҷамъ карда, ба обфурӯшон бо нархи ночиз савдо мекунанд ва ин амал яке аз сабабҳои рӯ ба оворагардӣ ниҳодани кӯдакону наврасон мегардад.
Истифодаи аз як маротиба зиёди зарфҳои пластикиро олимони соҳа зараровар маънидод мекунанд. Зеро технологияи истеҳсол онро барои як бор истифода бурдан муайян кардааст. Имрӯз зарфҳои пластикиро дар нуқтаҳои хӯроки умумии тез-тайёри сарироҳӣ бештар ба кор мебаранд. Шояд бинанда надонад, ки он аз кадом ашёи хом ва дар кадом ҳолат омода карда мешаванд. Аслан зарфҳои пластикӣ бо иловаи моддаҳои гуногуни химиявӣ барои корбурди яккарата истеҳсол карда мешаванд. Дар сурати ду ва ё чанд маротиба ба саломатӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Нодида гирифтани муқаррарот шахсро гирифтори бемориҳои сироятӣ месозад.
Зарфҳои пластикӣ бояд аз рӯи нишондоди борҷомаашон дуруст истифода шаванд. Масалан агар зарфи пластикие, ки нишонаи секунҷа ва адади 3 дошта бошад, дар дохили он ҳаргуна маводи хушбӯйкунандаро гирифтан қобили қабул нест ва ё зарфи пластикие, ки адади 6 дошта бошад он танҳо барои гиёҳҳои хушкардашуда пешбинӣ гардидааст ва бояд он дар ҷои торик ва салқин нигоҳ дошта шавад. Бо вуҷуди он ба саломати инсон бетаъсир намемонад. Зарфҳои пластикие, ки бо тамғаи 5 ишора шудаанду ба ҳарорати баланд тобоваранд дар ҷои худ ва набояд аз 20 дақиқа зиёд истифода шаванд. Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки бештари вақт дар нуқтаҳои сарироҳии тез-тайёр бе ба инобат гирифтани тамғаи зарф ба мизоҷон хӯроки гарм, чой, қаҳва пешниҳод мегардад ва касе намедонад, ки он зарфи пластикӣ барои кадом навъи хӯрок муқаррар карда шудааст. Об ва ё дигар хӯроки гарм, ки ба зарфҳои пластикӣ бо мақсади истеъмол гирифта мешванд, ба саломатӣ хатарҳо эҷод мекунад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе нафарон ба соҳибкории хурд, яъне ба обфурӯшӣ, ширфурӯшӣ ва ҷамъоварию такроран истифода бурдани зарфҳои паластикӣ машғуланд. Ин гурӯҳ савдогарон аз зарари бади зарфҳои истифодаашон яккарата хабардор нестанд. Ин амалашонро ҳамчун осонии кор ва даромаде дар фаъолияти худ медонанд. Мутахассисони соҳа бар он назаранд, зарфҳои паластикӣ, ки аз роҳраву партобгоҳҳо бо мақсади такроран истифода бурдан ҷамоварӣ мегарданд, манбаи хуруҷи бемориҳо мебошанд. Чунки ин зарфҳо ба ягон талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд.
Масъали дигар ин аст, ки обфурӯшони сарироҳӣ дар атрофи дастгоҳи обгазноккуниашон дар халтаҳо зарфҳои пластикӣ ба истилоҳи маъмул баклачкаҳои зиёдро ҷамъ карда, такроран ба онҳо об пур карда ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Аз ин бармеояд, ки ин гурӯҳ аз беназоратию бемасъулиятии масъулини соҳа саломатии дигаронро фикр накарда, худсарона ба ин амали зараровар даст задаанд.
Дар бисёри ҳолат сокинон дар борҷомаҳои полмерӣ, ба истилоҳи маъмул баклачкаҳо маҳсулоти ширӣ, равғанӣ, ҳатто консерваҳоро мегиранд, ки он низ ба саломатии инсон зарар дорад. Истифодаи дубораи борҷомаҳои полимерӣ, яъне зарфҳои пластикӣ тибқи талаботи Регламентҳои техники Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад. Бештарини истифодабарандагони зарфҳои пластикӣ дар баробари ин кирдори ношоистаашон, ки ба саломатии дигарон хатарҳо эҷод мекунанд, боз тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ба савдои кӯчагӣ рӯ меоранд. Маврид ба зикр аст, ки савдои кӯчагӣ дар асоси қарори дахлдор манъ мебошад. Дар масъалаи зарфҳои пластикӣ мутахассисон ва олимони соҳа тавсеа медиҳанд, ки ба ҷои зарфҳои пластикии як бор истифодашаванда беҳтар аст, аз борҷомаҳои шишагӣ, металӣ сирдор ва амсоли инҳо, ки бехавфанд пайваста истифода баранду саломатии худро ҳифз намоянд. Тибқи таҳлилҳо ва натиҷаи таҳқиқоти илмӣ чанде аз кишварҳои дунё ба хулосае омадаанд, ки чунин зарфҳоро аз муомилот пурра бароранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади ҳифзи саломатии ҷомеа дар ин самт бетараф нест ва то ба имрӯз барои нигоҳдошти солимии миллат чанде аз санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расондааст. Ниҳодҳои вазифадори соҳаро зарур аст, ки масъалаи бартарафсозии мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд. Надонистани зарар шахсро ба бемориҳои гуногун мубтало менамояд. Беҳуда нагуфтаанд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ»!
Хабарнигори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Давлатёр Валиев

21.08.2020     331
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php