Зарари телефонҳои мобилӣ ба инсон

Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо ҷузъҳои ҷудонопазири зиндагии ҳар яки мо гардидаанд. Бо кӯмаки онҳо ҳамеша бо нафароне, ки ба мо наздиканд, дар алоқа шуда, новобаста аз он, ки ҳамсуҳбатамон дар кадом гӯшаи дунё қарор дорад, тамос гирифта метавонем. Бояд гуфт, ки таъсиси телефони мобилӣ инқилобе дар соҳаи илму техника мебошад.
Телефонҳои муосир бисёртар ба компютер шабоҳат доранд ва мо онҳоро на танҳо барои гуфтугӯ кардан балки ҳамчун мр3плеер, дастгоҳи аккосӣ, сабт кардани ҳодисаҳои муҳими ҳаёт, даромадан ба интернет, хондани китобҳои электронӣ, тамошо кардани филмҳо, бозӣ кардан ва ғайра истифода мебарем.Ин далели он аст, ки мо телефони ҳамроҳро ҳама вақт ва дар ҳамаи ҷой истифода мебарем.
Тавре мушоҳида мегардад, коргарон, донишҷӯён, мактаббачагон ва ҳатто пиронсолону кӯдакон имрӯз аз телефони мобилӣ васеъ истифода бурда, баъзеҳо бо худ ду ва зиёда телефони ҳамроҳ доранд. Телефонҳои муосир мушкилоти одамонро осон мегардонанд, аммо ба ин нигоҳ накарда, телефонҳо хусусиятҳои зараррасонӣ низ доранд ва оҳиста- оҳиста ба саломатии инсон зарари худро мерасонанд, вале мардум оид ба он, ки телефон ба саломатии онҳо зарар дорад, камтар фикр мекунанд.
«Истифодаи ками телефон ба фоидаи саломатии инсон аст. Ҳастанд нафароне, ки телефонҳои худро ҳама вақт дар бар мегардонанд ва ҳатто дар бистари хоб низ нигоҳ медоранд ва инчунин ҳангоми бо ноқил(зарядка)пайваст будан истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки ҳангоми хоб рафтан набояд телефони мобилиро ба худ наздик гузошт. Он бояд 5 метр дуртар, беҳтараш берун аз утоқи хоб бошад. Аз рӯи ҳисоботи омории танзимгарони алоқаи мобилӣ, тақрибан 70 фоизи истифодабарандагон дар як рӯз зиёда аз 30 дақиқа гуфтугӯ мекунанд. Албатта, хуб мешуд, ки ҳар як нафар дар як рӯз камтар аз 30 дақиқа гуфтугӯ кунад».
Аз рӯи ҳисоботҳо солҳои охир шумораи нафароне, ки аз омоси майнаи сар азият мекашанд, зиёд шудааст. Агар 10 сол пеш 50-70 нафар дар 1 сол бо бемории омоси майнаи сар ба духтурон муроҷиат мекарданд, солҳои охир теъдоди чунин беморон ба 200-300 нафар расидааст. Ин танҳо шумораи нафаронест, ки дар дохили кишвар муолиҷа меёбанд, ҳол он ки боз ҳастанд бемороне, ки дар хориҷаи мамлакат табобат мегиранд.
Истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ ва планшетҳо на танҳо ба як узв балки ба ҳамаи узвҳои инсон зарари худро мерасонад ва аз руи гуфтаҳои олимон метавонад ба чунин бемориҳо оварда расонад: омосҳои бадсифати майнаи сар, лейкемияи хун, бемории Алсгеймер, бемории Паркинсон, вайроншавии хотира, паст шудани шунавоӣ, паст шудани тезии биноиш, вайроншавии кори системаи дилу рагҳо, баландшавии фишори артериалӣ, вайроншавии хоб ва инчунин паст шудани муқовимати организм ба бактерияхо ва ғайра. Алакай ҳамагон мушоҳида намудаанд, ки ҳангоми аз меъёр зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ чунин нишонаҳо пайдо мешаванд: садо дар гӯшҳо, дарди сар, баландшавии ҳарорати ҳамон паҳлуи сар, ки телефон гузошта шуда буд, сарчархзанӣ, асабоният, зуд хасташавӣ, ҳангоми бисёр нигоҳ кардан сӯзиш, ҳиссиёти ҷисми бегона, ҳиссиёти хушкӣ дар чашмҳо, паст шудани тезии биноиш ва инчунин, сурхшавии чашмҳо мушоҳида мешавад. Имрӯз шумораи зиёди ҷавонон аз хирашавии чашм шикоят мекунанд. Ҳангоми зиёд ва аз наздик нигоҳ кардан ба экрани телефон он нури чашмро хира мекунад.
Имрӯз кӯдакони хурдсол ва мактаббачагон низ аз телефони мобилӣ ва планшет васеъ истифода мебаранд. Онҳо телефону планшетро на танҳо чун воситаи гуфтугӯ, балки бештар барои бозӣ ва баъзе аз наврасон ва чавонон бошанд барои тамошо кардани филмҳои ғайриманқул истифода мебаранд, ки аз як тараф ба руҳияи онҳо таъсири худро гузорад аз тарафи дигар ба саломатии онҳо зарар мерасонад. Вақтҳои охир падару модарон барои машғул кардани фарзандонашон бо бозиҳои гуногуну тамошои филмҳои тасвирӣ ин гуна дастгоҳҳоро мехаранд,ки ин ҳолат хело ҳам нигаронкунанда мебошад.
Олимони Аврупо исбот намудаанд, ки организми кӯдак ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ бештар аз калонсолон зарар мебинад. Кӯдак зуд хаста шуда, рӯҳияташ ноустувор мегардад, дар натиҷа зуд асабонӣ ва бадмуомила мешавад. Ҳангоми зиёд гап задан бо телефон табъи инсон низ хира мешавад.
Олимон исбот кардаанд, ки ҳангоми аз 10 то 60 дақиқа тариқи телефон сӯҳбат кардан организми шахс бояд барои барқароршавӣ 8-14 соат истироҳат кунад. Таъсири овоз ва ларзиш (вибратсия) ҳангоми истифодаи телефон ба танг шудани рагҳои гӯш ва рӯю сар меоварад. Олимон инчунин, кашф намудаанд, ки пас аз суҳбат бо телефон шахс камтаваҷҷуҳ гашта, фикрҳояш парешон мешаванд.
Имрӯзҳо аксарияти ҷавонон дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва дар кӯчаҳо бо садои баланд дағалона соатҳои тӯлонӣ бо телефони мобилӣ гуфтугӯ мекунанд, онҳо ҳато фикр ҳам намекунанд, ки ба як нафари дигар халал расонида истодаанд, ҳоло он ки истифода бурдани телефони мобилӣ дар дохили нақлиёт зарари ӯро якчанд маротиба зиёд мегардонад ва дар ин ҳолат зарар на танҳо ба худи ӯ, балки ба атрофиён низ мерасад. Ин гуна истифода бурдани телефонҳо далели он аст, ки на ҳамагон фарҳанги дуруст истифода бурдани телефони мобилиро медонанд.
Таълиму тарбияи насли наврас яке аз вазифаҳои асоси ба шумор меравад ва ба ҳар як падару модар,омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, чӣ мактабу чӣ донишгохҳо шарт ва зарур аст, ки нисбати таълиму тарбияи фарзанд хонандагон ва донишҷӯён беаҳамияти зоҳири накарда тарбияи насли наврасро дар мади аввал гузоранд. Пурзӯр гардонидани дарсҳои тарбия дар муассисаҳои таълими дар мавзӯъҳои ҳалталаби ҷомеа нақши муҳим дорад. Мо бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро тавсеа бахшида, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой намоем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем.
Пеш аз истифода бурдани телефон ё планшет мо бояд қоидаҳои истифодабарии онро хонем, ки дар дохили ҳар як телефон ё планшет навишта шудааст. Бе зарурат набояд аз телефон истифода кард. Истифодаи ками телефон ба фоидаи саломатии инсон аст. Занҳои ҳомиладор аз рӯзи муайян шудани ҳомиладорӣ ва кӯдакон то сини16 бояд аз суҳбат тариқи телефон худдорӣ намоянд. Телефонро набояд тӯлонӣ дар кисаи назди сина ва миёнбанд нигоҳ дорем, чунки дар ин ҳолат таъсирот ба дил ва рагҳои хунгард ва инчунин ба узвҳои таносул мерасад. Дар хона ва ё корхона беҳтараш аз телефони одии симдор бояд истифода бурд, агар имконият бошад аз балангӯяк истифода баранд, ё ин ки тариқи СМС- паёмакҳо гуфтугӯ кунанд. Дар даруни нақлиёт истифода набаранд, ҳангоми бо ноқил пайваст будан(ҳангоми заряд гирифтан)ва инчунин ҳангоми раъду барқ истифода набаранд. Боқӣи саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост. Чуноне, кӣ гуфтаанд: пешгирии беморӣ беҳтар аз табобат мебошад.
Ниёзова М.С. н.и.т., дотсент, дирктори МТТ-и донишгоҳ, Бабаева Т.С., духтури офталмолог, Носирова П.К., духтури муолиҷавии марказ


27.03.2020     4344
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php