Зӣ кӯи ёр меояд насими боди Наврӯзӣ

Бо шукргузорӣ аз фазои ором ва истиқлолияти комил имрӯзҳо мардуми шарифи тоҷик эҳёи анъанаҳои ниёгонро ҳадафи аслии хеш қарор доданд. Маҳз дар даврони истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва Тиргон аз нав эҳё гардида, Наврӯзи оламафрӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуд. Ба хотири бузургдошти ҷашни Наврӯз дар кафедраи биологияи тиббӣ ва асосҳои гинетика чорабинӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ мутахассиси шуъбаи тарбия – Мирзои Саид, мудири кафедра – Холбеков Мирзоҳамдам Ёрбегович, ҲПО ва донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ иштирок доштанд.

Чорабиниро ровиён Фирӯзи Муслиҳиддин ва Муминова Фарангис оғоз намуданд ва аз ҷониби донишҷӯён шеъру таронаҳо, саҳнаҳои ҳаҷвӣ, рақсу сурудхонӣ ва таманиётҳои Наврӯзӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Муҳаммадиева Азиза дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз ва ҷашнгирии он то давраи истиқлолият маърӯза намуд. Иброз дошт, ки Наврӯз таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, пайдоиши онро ба давраи салтанати шоҳ Ҷамшед (Пешдодиён) нисбат медиҳанд. Эронитаборону тоҷикон ин ҷашнро аз қадим, хусусан дар давраи давлатдории Ҳахоманишиён ва Сомониён васеъ ҷашн мегирифтанд. Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар китобҳои Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, Осор – ул – боқияи Берунӣ ва Наврӯзномаи Умари Хайём ба таври муфассал омадааст. Боиси хушнудист, ки ҷашни ниёгони моро СММ дастгирӣ намуда, барои ҷаҳонишавии он рухсат дод. Инчунин, донишҷӯ, Дадабоева Аниса маърӯза карда, цайд намуд, ки одамон омад – омади Наврӯзро бо дастархонороӣ (бо ниҳодани ҳафтсину ҳафтшин), баргузор намудани мусобиқаҳо, аз қабили: гуштингирӣ, шамшербозӣ, аспдавонӣ, бандкашӣ, хурӯсҷангандозӣ, аз болои оташ паридан, бузкашӣ, пухтани таомҳои миллии ниёгон ҷашн мегиранд. Писарбачаҳо ва гулдухтарон ба кӯҳ баромада гулу гиёҳҳои баҳорӣ мечинанд. Кинаю кудуратро аз дилҳо берун афканда, якдигарро мебахшанд. Гирду атрофи биноҳо, кучаҳо ва ҷуйборҳоро тоза мекунанд. Духтарон куртаҳои атласу чакан ва тоқиҳои гулдузӣ ба бар менамоянд. Писарон бошанд, ҷомаю қабоҳои ба Наврӯз хос мепӯшанд.

Дар охир мудири кафедра – Холбеков Мирзоҳамдам Ёрбегович баромад намуда, ҳамаи ҳозиринро бо омад–омади Наврӯзи ҳуҷастапай табрику муборакбод гуфт ва чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.

Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика


20.03.2021     284
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php