ЁДГОРИИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН-САРАЗМ

ЁДГОРИИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН-САРАЗМ
Дар болооби Зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хосбуда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳаллаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Шаҳркадаи Саразм — яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷии Осиёи Миёна мебошад.31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр, 15 км аз шаҳри Панҷакент ва 45 км дуртар аз шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ - В. А. Литвитс Саразм маънои «Сари замин»- ро дорад. Саразми бостон ба солҳои 3400 — 2000 пеш аз мелод мансуб аст. Дар байни аҳолии Саразм сохти авлодӣ ҳукумрон буд. Дар натиҷаи тадқиқоти археологӣ маълум гардид, ки Саразм яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда, бозёфтҳои он шаҳодат медиҳад, ки аҷдоди тоҷикон ҳанӯз то ҳуҷуми Ҳахоманишиёну Искандари Мақдунӣ дорои маданияти мутараққӣ будаанд. Дар таърихи тамаддуни тоҷикон ва халқҳои дигари Осиё Миёна саҳифахои наверо мекушояд. Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ба қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон - “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”-ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад . Барои илми бостоншиносӣ, умуман, барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир аст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқиро нимаи дуюми солҳои 70 саромад. Бо амри тасодуф пиронсоли як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм рӯшан мешавад. "Рақами 13-ро баъзеҳо бехосият мегӯянд. Оё ҳамин тавр аст? Камина 13-уми сентябри соли 1976-ро ба некӣ ёд меоварам. Ҳар касро рӯзе, воқеае ҳаст, ки абадӣ ба хотираш нақш бастааст ва он барои ман ҳамин рӯз аст. Он рӯз ва ҳодисае, ки дар он рӯз ба вуқӯъ пайваст, тақдири ояндаи фаъолияти илмии маро ҳал кард ва зиндагии ман гӯё маънии ҳақиқии худро дарёфт. Он рӯз рӯзи кашфиёти шаҳраки қадимаи Саразм аст…» - қайд мекунад Исҳоқӣ. Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Дар вақти кофтуков кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштанд. Саразми Панҷакенти Тоҷикистон дар охири ҳазораи IV пеш аз мелод рушду инкишоф кардааст. Ба чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадима қадима номид. Вижа, биноҳои монументали, кӯчаҳои сангфаршуда, нобаробарии молумулки, ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудошавии ҷомеа, савдову тиҷорат, дӯконҳо, кишоварзӣ, чорводории айлоқӣ ва хонагӣ, кулолгарӣ, маъданиву маъдангудозӣ, заргарӣ, бофандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯб, хуллас, ҳама чӣ ки он вақт буд ва ҳоло ҳам ин пешаҳо маъмуланд. Аз бозёфтҳои Саразм рушан мешавад, ки лоҷуварди Бадахшон, ақиқаи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи фарҳанги Балуҷистону Систону Балх тавассути иртиботи тиҷоратӣ ба Саразм ворид гаштаанд. Маҳз саразмиён дар шимолу шарқи Осиёи Марказӣ паҳнкунандагони лоҷуварду маҳсулоти маъданӣ ба ҳисоб мераванд. Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае буд, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳам дур мураттаб аст, ки ба давраи энеолит рост меояд, вале тадқикоту омӯзиш ва зери кишти зироатҳо собит кард, ки ин андеша хато аст. Саразм шаҳр аст, на деҳот. Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои созгор мардуми нахустро дар Саразм сарҷамъ кард. Инчунин, барои ба роҳ мондани саноати сабуку вазнин кӯҳҳои Зарафшон ҳам созгор будааст. Ҳамчунин, бозёфтҳои Саразм либосҳои пашмӣ ва дастгоҳҳои бофандагӣ, сӯзанҳо аз сангу устухон, кӯзаву кӯзачаҳои сафолӣ, коркарди кургошиму қалъагӣ, истакону зарфҳо, мӯҳр аз он омода мешуданд, аз мис олотҳои рӯзгор корд, табар, тир бар тақвияти суханҳои мо далеланд. Бояд қайд кард, ки гаронтарин бозёфти Саразм ин гӯри маликаи Саразм мебошад. Малика хеле ҷавон будааст, тахминан дар синни 25- солагӣ вафот мекунад ва модар будани ӯ собит шудааст. Ба хок супоридани майит ҳам аҷиб мебошад. Ба он гунае ки тифл дар батни модар ҷойгир мешавад, ба ҳамон гуна ӯро дафн мекардаанд. Кадом малика беороишот аст? Вале чун реҳлат кард, ҷавоҳиру ороишот ҳам ҳамроҳи соҳибаш ба хок мерафтааст. Яъне номгӯи ороишоти Малика ин муҷассамаи худи ӯ аз гил, гарданбанди тиллоӣ, шаббаххо аз фирӯзаву лоҷувард, оҳаксангу ақиқу нуқра. Сафедаву упо ва ойина ин ҷиҳози ороишии малика будаанд. Саразм дар айёми шаклгирӣ масоҳати беҳад калонро ишғол мекардааст. Шаҳр чунон сохта шудааст, ки дар замони ҳозира ҳам дар бунёди шаҳрҳо ин омилҳо ба инобат гирифта мешаванд. Аз биноҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва ибодатхонаҳо иборат буд. Биноҳои истиқоматӣ аз биноҳои маъмурӣ ва маъбадҳо бакуллӣ фарқ мекунанд. Биноҳои истиқоматӣ аз се-чаҳор ҳуҷраҳои хурд-хурд, саҳни ҳавлӣ ва якчанд ҳуҷраи дигар барои маҳфузи анҷому лавозимоти рӯзгор иборат аст, ки тангкӯчаю паскӯчаҳоро ҷудо мекунад. Ин биноҳои истиқоматӣ дар ибтидои бунёд хеле сода будаанд. Бо мурури замон онҳо ҷадидтар мешаванд. Деворҳои бино 35-75 см ғафсӣ доштаанд, ки осори онҳо то замони мо омада расидаст. Дар ҳавлӣ танур, оташдон сохта, тамоми истиқоматкунандагон истифода мебурданд. Ҳавлиҳо барои партовҳо хандақ доштаанд, ки аз дохили онхо асбоби рӯзгор ва осори маданият ёфт шудаанд. Аз боқимондаҳои чӯбҳои пӯсида ва пайи чӯбҳо дар болои пойдевор аён аст, ки хонаҳо ва умуман, иморатҳо аз ҳамон вақт бо чӯб пӯшонида мешудаанд. Раставу дӯконҳои ҳунармандӣ дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. Оташдонҳо барои маъдангудозӣ ҳам ёфт шудааст. Биноҳои маъмурӣ бошанд, аз якчанд толорҳои барҳавову даҳлезҳои баробарсамт иборат буда, бештари онҳо дар болои таҳкурсиҳои аз хишти хом сохташуда, дорои ду-се дари даромад ва якчанд тирезаҳои барҳавоянд. Маълум аст, ки меъморони бостонӣ сохти биноро пешакӣ матраҳ мекардаанд. Ҳокимони маҳаллӣ аз ҳамин ҷо халқро идора мекарданд ва ҳатто қарору қоида ҳам қабул мешудааст, ки бо ин мӯҳр тақвият меёфтанд. Ҳокими мутлақ доштани Саразми бостонӣ аз эҳтимол дур нест. Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоранд. Ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз мелод дар биноҳои маъмулии саразмиён бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои дини Зардуштӣ мегардад. Алъон якчанд маъбад дар Саразм бармало шудааст, ки аз эътиқоду эътимоди мардум дарак медиҳад. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа сохта шуда, дар байни он умқи начандон чуқуре барои барафрохтани оташ мавҷуд аст. Аз боқимондаи устухонҳо дар дохили баъзе иморатҳо маълум мешавад, ки қурбон кардани мол аз ҳамон вақт ба ҳукми одат даромадааст. Дар рӯзгори пешина гови муқаддаси турро қурбон мекардаанд. Воқеан, мардуми Саразм истеъмоли чорвои 1-1,5- соларо меписандидаанд, чаро ки бештари устухонҳои боқимонда шаҳодат медиҳанд. Кишоварзӣ ба монани дигар соҳаҳо дар Саразм то замони заволи он рушд кардааст. Сойи аз болои шаҳр ҷоришуда ба ин мусоидат мекард. Саразмиҳо рустаниҳоеро парвариш мекарданд, ки дар байни инҳо ҷав ва гандум мавқеи вижаро ишғол менамуданд. Намудҳои олоти деҳқонии Саразм бой нест. Каланди чӯбин, досҳои ҳархела ва шудгори ҷуфтӣ аз эҳтимол дур нест. Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10000 мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷойро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додаст. Ҳоло баъзе бозёфтҳо дар музейи Саразм маҳфузанд, вале аз сабаби набудани лаборатория ба вайроншавӣ даромадаанд. Шаҳраки Саразм ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфтааст. Ҳамасола шаҳрвандони зиёди ватанӣ ва сайёҳони хориҷӣ ин мавзеи нотакрорро зиёрат карда, аз дастовардҳои бостоншиносони тоҷик баҳравар мегарданд. 
 Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т. дотсент Тохтаходжаева С.Т. 
Ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Убайдуллоева Н.А. 
Ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Валиев Ш.Н.

25.01.2020     648