ВОРИСОНИ СИНО – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД. НОҚОБИЛОНИ ДАҲР БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД, ДУНЁ ҲАМЕША ДАР ТАЛАБИ МАРДИ ҚОБИЛ АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пойдории истиқлолият ва Ваҳдати Миллӣ дар таҳкими мавқеи ҷавонон низ саҳми арзанда гузоштааст. Роҳбари давлат имрӯзу фардои Ватанро бар дӯши ҷавонони кишвар вогузор намуда, дар Паёми хеш ба мақоми олии қонунбарори кишвар иброз дошта буданд, ки « Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Пешвои миллат арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодиро яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонмардонаи насли замони истиқлолият шуморида, изҳор намуда буданд, ки «Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиётҳои нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шӯҳратёфтаашонро боз ҳам бештар шӯҳратманд гардонанд ва дар назди оламиён исбот созанд, ки онҳо ворисони аслии Исмоили Сомонӣ, Балъамию Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камол Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ мебошанд».

Гуфтаҳои роҳбари давлат дорои тарбияи ахлоқӣ буда, бахусус роҳи дурахшони ояндаи миллату давлат дар онҳо таҷассум ёфтааст. Бояд гуфт, ки тарбияи ахлоқӣ дар ниҳоди ҳар фарди бо ору номус шӯълаи маърифатро фурӯзон менамояд ва он албатта натиҷаи дилхоҳро ба бор меорад. Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият ва дар замони паси сар гардидани даргириҳои сиёсӣ роҳбари давлат дар мулоқоти худ ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда буданд, ки «Боиси хушбахтист, ки шумо ҷавонон баъди паси сар намудани имтиҳону озмоишҳои шаддиди зиндагӣ бо умеди тарҳирезии ояндаи нек инҷо ҷамъ омадаед, Ҳадафи ман аз суханронӣ дар ин ҷо ҳушдор сохтани шумо ҷавонон аз хатогиҳои гузашта мебошад, ки шумо бояд сабақ омӯзед дар раванди минбаъдаи таърих муттаҳид бошед ва ваҳдату якдилиро пеша намоед. Чунки дар оянда маҳз аз байни шумо ҷавонон пешвои сиёсӣ, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳо, вазорату муассисаҳо ба камол мерасанд».

Баъди 25-соли иситиқлолияти кишвар роҳбари давлат ба ҷавонони кишвар баҳои баланд дода, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ бо қаноатмандӣ изҳор намуда буданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо , яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу аҳлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳам боиси ифтихори мо мебошад».

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ дар маросими савгадёдкунии хеш ба ҳайси Президенти кишвар аз ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ бо ниятҳои нек ёд намуда, иброз доштанд, ки “Ман ҷавонони даврони истиқлолро бениҳоят дӯст медорам. Онҳо бисёр ватандӯст мебошанд ”.

Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат дар ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ се сол пеш зиёда аз як ҳазор нафар ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок намуда аксарияти онҳо дар ин ҷангҳо кушта шудаанд. Даҳшатовар он аст, ки барои ҷавоне, ки дар фазои ороми кившари хеш ба дунё омадаасту кору зиндагӣ дорад, минбаъд ҷониби марг метозад ва дигар барояш Ватан, забон, миллат ва падару модар вуҷуд надорад, балки интиҳор, инфиҷор, фаъолияти терористӣ, хушунату тундгароӣ, ифротгароӣ ва қатлу куштор муқаддас ва арзишманд мегардад. Пешвои муаззами тоҷикон Эмомали Раҳмон ҳанӯз аввали солҳои 2008 дар суханрониҳо ва вохуриҳои худ бо аҳли ҷомеа аз хатари «Салафия» ҳушдор дода буданд. Роҳбари давлат дар ҷаласаи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз хатар ва пайёмадҳои хушунатабори “ДИИШ” ҷомеаро хабардор намуда, иброз дошта буданд, ки «ташкилотҳои экстеримистии “ДИИШ”-ӣ барои дастёбӣ ба силоҳи қатли ом дар ҳолати набард бо давлатҳои Ироқу Шом қарор доранд. “ДИИШ” ташкилоти дастҷамъонаи терористӣ ва экстремистӣ аст, ки хатари ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷомеаи башарӣ дорад». Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ аввалин сиёсатмадори ғамхорест, ки бидуни ғараз аз қавмеву миллате сухани ба манфиати аҳли башар мезанад. Маҳз ҷавононро ба таълимоти арзишманди дини мубини Ислом даъват менамояд ва барои худдорӣ аз бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ ҳидоят менамояд.

Президенти Тоҷикистон дар анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «Мо борҳо гуфтаем ва боз мегӯем, ки мақсади мо сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонро дар риояи суннатҳои дини Ислом заррае маҳдуд намекунем. Алҳамдуллилоҳ ҳамаи мо мусулмонем, фарзу суннатҳои Исломро то қадри ҳол медонем ва риоя мекунем. Анъанаҳои гузаштаи халқ, фарҳангу адаби ҳазорсолаи ниёгон дар алоқамандӣ бо суннатҳои Ислом густариш ёфтааст». Ҷавонони кишварро имрӯз зарурияте ба миён омадааст, ки дар баробари чунин ғамхориҳо масъулияти дучандро бояд ҳис намоянд ва якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоянд ва кишвари ободу озодро ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.

Хушбахтона имрӯз Ворисони Сино- донишҷӯёни нигини пурҷилои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳар як гулчини насиҳатҳои пурҳикмати роҳбари давлатро сармашқи ҳаёти хеш қарор дода, дар пешрафти кишвари аҷдодиашон саҳм гузошта истодаанд. Бо дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода М. Қ, муовинати тарбия дар ҳамкори бо кафедраҳо ва факултетҳо нақша- чорабиниҳое оид ба баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон таҳия намдааст ва боиси ифтихор аст, ки ин масъалаҳо дар амал татбиқ шуда истодаанд. Дар донишгоҳ чорабиниҳои интелектуалӣ – илмӣ- адабӣ, фарҳангӣ- фароғати ба монанди “Синохонӣ”, “Рудакихонӣ”, “маҳфили зарифон”, “Ҷилои бахт”, “Донишҷӯи сол” ва “Маликаи Наврӯзӣ” доир мегарданд, ки аз арҷгзории ҷавонони кишвар ба таъриху фарҳанги ниёгон шаҳодат медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки новобаста аз касбу ихтисос ҳар сол донишҷӯёни мо дар озмуну чорабиниҳои илмию маърифатӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Ҷавонони донишгоҳ сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро оид ба сиёсати дарҳои бози мамлакатро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд. Донишҷӯёни мо имрӯз дар донишгоҳ дар фазои дӯстиву бародарӣ бо дигар донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Малайзия ва дигар кишварҳои дуру наздик таҳсил карда истодаанд. Ҳамасола дар донишгоҳ рӯзҳои фарҳангии донишҷӯёни Ҳиндустон доир мегардад. Донишҷӯёни хориҷӣ пайваста аз он изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки маҳз бо ғамхории Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва пазироии самимии Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мо таҳсилро дар ин мамлакати дорои таъриху фарҳанги бой ба роҳ монем. Донишҷӯён инчунин аз меҳмоннавозии тоҷиконаи ҷавонони донишгоҳ изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки дӯстии ин ду мардуми бофарҳангро ҳатто Қаҳрамони Тоҷикистон шоир Мирзо Турсунзода низ дар ашъори хеш тавсиф намуда буданд.

Донишҷӯёни мо тибқи нақшаю чорабиниҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вазорати маориф ва илми ҶТ, умумидонишгоҳӣ фаъолона дар тамоми маъракаҳо, таҷлили ҷашну маросимҳо, маъракаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, мафҳилҳо фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла дар таҷлили ҷашни Истиқлолият, рӯзи забони тоҷикӣ, рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI- уми Шурои Олии ҶТ, рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Парчами миллӣ ва ҳамчунон дар маъракаҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, шанбегиҳо, саҳн ва атрофи Донишгоҳ, ва ғайра ширкат менамоянд. Тантанаю иду ҷашнвораҳои таърихӣ ва суннатҳои ниёгон сол то сол пурмазмуну ғанитар гузаронида мешавад.    Ба ифтихори ҳар як ҷашнвора 23-феврал – рӯзи Артиши Миллӣ, 8 – март – Иди Бонувон, иди Наврӯзи байналмилалӣ, 9 – май – Рӯзи Ғалаба, 9 – сентябр – Рӯзи Истиқлолият, 6 – ноябр – рӯзи қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ва ғайра бо ибтикори ҷавонони донишгоҳ ҷамъомадҳои ботантана, вохӯриҳо, ташкил карда шуда, газетаҳои деворӣ бароварда мешаванд.

Шуъбаи тарбия


26.05.2021     1791
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php