Ватанро дӯст доред, эй азизон!

Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам раҳам надоданд,

Ки буруни дар чи кардӣ, ки даруни хона ойӣ...

Имрӯз вақти он расидааст, ки  ба ислоҳи худ пардозем ва ҳар вазифаю масъулияте, ки роҳбарияти кишвар ё корхона бар души мо  вогузор менамояд содиқона иҷро намуда, боиси пайдоиши омилҳои норозигии мардум нагардем ва содиқона ба Ватан хизмат намоем. Мушкилиҳое, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд - экстремизм,  терроризм ва  маҳалгароиро аз байн бибарем ва дар ободии кишварамон саҳмгузор бошем. Омилҳое, ки боиси пайдоиши ин амалҳои номатлуб дар дигар давлатҳои дунё  шудаанд  хуб омӯхта  дар бартарафсозии он дастаҷамъона мубориза барем то, ки бори дигар дар Ватани азизамон одамони бегуноҳ ба ҳалокат нарасанд ва шаҳру деҳоту ёдгориҳои беназири таърихиямон хароб нагарданд. Зарари ин фоҷиаҳои ба иқтисодиёти кишварҳои дунё  расонидашуда аз садҳо миллиард доллар ҳам гузаштааст. Солҳои охир  идомаи ин зуҳуроти номатлуб боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ гашта, сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус дар тамоми минтақаҳои олам гардидааст. Ин ҳолат солимии ҷомеаро зери суол бурда, гаронии зиёдеро ба буҷаи кишварҳои осебдида ворид месозад.

Дар шароити муосир новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст. Дар ҳама давлат ва давру замон дар муқобили ҳукумат ва ҳизби пешбар мухолифин вуҷуд доранд, ки Тоҷикистон низ аз ин бенасиб нест. Лекин ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву муназзами кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд. Дар ҳap давру замон ин ё он нафаре пайдо мешавад, ки ҳамчун бозичаи дасти дигарон амал намуда, пойбанди андешаву афкори онон мегардад ва бо ин васила, дину мазҳаб, наздикону пайвандон, Ватану миллат ва ҳатто падару модарашро низ барои онҳо дареғ намедорад. Ҳамзамон, иддаи нохалафоне пайдо гаридаанд, ки дидаю дониста ба муқобили вазъи орому осудаи кишвари худ садо баланд намуда, барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаву манфури хеш бо хоҷагонашон машваратҳои пасипардагӣ намуда, мехоҳанд авзои кишварро ноором созанд.

Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як ҳуҷҷати муҳимме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян сохта, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст. Ҳадафи Роҳбари давлат баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва саводу маърифатнокии мардум буда, барои пешрафти босуботи  кишвари азизамон - Тоҷикистон шароитҳои мусоидро фароҳам овардан аст. Ҳар кадом аз бандҳои ин паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳимми мамлакат, монанди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ равона карда шудааст. Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсолаи хеш аз он қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.  Бинобар ин зарур дониста шуд, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд. Ҳамчнин, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Ҳамаи мо медонем, ки солҳои охир хушксолиҳо пай дар пай омаданд ва Тоҷикистони азизи мо низ аз ин  безарар намонд.  Мардуми мо хуб медонанд, ки ин масъалаи глобалӣ аст. Бо сабаби паст гаштани сатҳи оби обанборҳо сарфаи неруи барқ беш аз пеш зарур аст. Муроҷиатҳои пайдарпайи роҳбарияти мамлакат барои сарфа намудани неруи барқ ва бо об пур намудани обанборҳо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ ёфт, ки боиси мӯътадил гаштани вазъи энергетикии кишвар мегардад. Солҳои пешин  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллионро ташкил медод, ҳоло он ба 9 миллион расидааст, ки  сабаби  бамаротиб зиёд масраф шудани қувваи барқ мегардад. Вобаста ба тараққиёти саноатии Тоҷикистон ва истифодаи васеи асбобҳои барқӣ аз қабили кондитсионерҳо, радиаторҳо, дарзмолҳо, плитаҳо, яхдонҳо, таҷҳозотҳои кафшергарӣ, таҷҳизотҳои барқии дар сохтумонҳо истифодабаранда талабот ба неруи барқ зиёд гаштааст, ки ин дар навбати худ омили дигареро ба вуҷуд меорад. Бо ин назардошт, ҳамагӣ вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат будаву нангу номуси ватандорӣ дошта бошем ва Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мо зиёиёнро зарур аст,ки мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда,  пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлатро гирем. Воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.  Имрӯз ҳар як ҷавон ва фарди худогоҳ дар ҳама соҳаҳо новобаста аз мавқеъи ишғолнамудааш  вазифадор аст, ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда,  ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамояд!

Содиқиро бар Ватан чун сидқи Раҳмонӣ кунед!

Нафсро андар вуҷуди хеш зиндонӣ кунед!

Саргузашти мардуми дунё чу дарси ибрат аст,

Дар қаноат хешро ҳар лаҳза қурбонӣ кунед!

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. – мутахассиси шуъба


19.04.2021     437
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php