Ваҳдат ҳосили заҳматҳои Пешвои миллат аст!

Аз суҳбати телефоние, ки Мирзонабии Холиқзод- рӯзноманигори Радиои Озодӣ бо Абдумаҷид Достиев - собиқ муовини Раиси Комиссияи оштии миллӣ ва сафири пешини Тоҷикистон дар Русия анҷом додааст, огоҳ гаштем, ки Абдумаҷид Достиев аз баргузории Иди ваҳдат истиқбол мекунад. Худ, ки дар барқарории Ҳукумати Конститутсионии кишвари Тоҷикистон саҳми беандоза дошта, бештару бештар шукронаи озодии мардумро дорад. Иброз менамояд, ки беҳтарин ид – ин ваҳдат аст.
Ба гуфтаи А.Достиев ҳам рӯшанфикрони тоҷик медонанд, ки киҳо мухолифи ваҳдати миллӣ (оштии миллӣ) буданду намехостанд дар кишвар сулҳ пойдор бошад. Як ду нафаре, ки исмашонро нагуфтааст, мақомоти амнияти кишвар муайян намуда, кирдорашонро фош карда, ба ҷомеа шиносонид…
Коршиканиҳои ҷониби мухолифин дар Комиссияи оштии миллӣ сурат гирифтааст, инро муаррихон ёдоварӣ намудаанд ва хонандагон аз таърих хуб огоҳанд.
Дар созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳми Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон беандоза аст. На Абдуллои Нурӣ, на Ҳимматзода, на Давлат Усону дигар дигарон…
Ҳама бо ҷоннисориҳои фарзанди барӯманди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Эмомалӣ Раҳмон «Сулҳи дериинтизор» ба мулки тоҷикон омад.
Баъзеҳо мегӯянд, ин ваҳдат нест, барои чӣ ҷашн якҷониба аст, ин тавр ки бошад, мо миннатдорем, ки ин ҷашн «Ҷашни ғалаба» - ғалаба бар мухолифини тоҷик аст. Мухолифине, к ибо гуноҳи онон хуни садҳо ҳазор нафари бегуноҳ рехтааст. «Ҷашни ғалаба», оре…
Муҳтарам Абдумаҷид Достиев!
Шукрона бояд кард. Шукронаи озодии мардуми тоҷики сарбаланд. Шумо, худ шукрона кунед, ки ба синни нафақа расида, аз Ҳукумати Ҷумҳурӣ чӣ имтиёзҳоеро дарёб кардаед!...
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


17.07.2020     342
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php