Ваҳдат- омили муттаҳидӣ

Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистон 22 сол пур мешавад. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз  мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳу таъини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум,ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таълимкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шуда, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид. Чунон ки маълум аст, ба туфайли пирӯзии Инқилоби Октябр ҳуқуқи миллати тоҷик барои давлатдорӣ эътироф гардид, гӯшае аз қаламрави қафомонда ва кӯҳистон дар ихтиёраш қарор гирифт. Муборизаи як гурӯҳи фарзандони шуҷоъи миллат ба пайдо шудани соли 1924 аввал Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиолистии Тоҷӣкистон ва баъд аз соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиолистии Тоҷикистон сабаб гардид, ҳарчанд аз мавзеъҳое, ки худи халқияти тоҷик дар он ҷойҳо ташаккул ёфта буд, бар асари номуттаҳиддӣ ва хиёнатҳои берунаву дохилӣ ҷудо монд. Ба ҳар ҳол ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз буд, ки бе он истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо шояд номумкин буд. Зикр кардан бамарвид аст, ки таассуб, маҳалгароӣ, тангназариҳо дар шуури элитаи миллӣ ва динӣ ҷой дошт, вале сиёсати қавии давлатӣ ва ҳизбӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ онро боло рафтан намегузошт. Бинобар ин хислатҳои манфии мазкур дар он солҳо ба ҳадди ифрот ва омили харобкунандаи зеҳнии мардум табдил намеёфт.

Вале дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтаанд. Тавре, ки ҳамаамон дар ёд дорем, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба изтироби низоъҳои дохиливу баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд.

Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавуҷудомада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро доштанд ва оқибат он ба фоҷиаи миллӣ овард.

Албатта, ҳар давлату ҷомеа ба душворию бӯҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ низ ҷангҳои дохилӣ ва задухӯрдҳою кашокашҳои ба хунрезиҳо оварда кам набуданд.

Ҷанги шаҳрвандие, ки шурӯъ гардид, натиҷаи ноҳамгунии иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои маҳалгароӣ, мансабҳои динӣ ва зидди комунистӣ аз тарафи дигар буд.

Вале табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчӣ дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлати мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофари байналмиллалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки бо номи «инқилобҳои рангин ё худ махмалӣ» машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инқилобҳо ба воқеаҳои Тоҷикистони мо хеле монанд ҳастанд.

М.А. Қаюмова,
Ф.Д. Одинаев,
Р.Р. Раҷабов,
омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ



13.07.2020     672
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php