ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Таърихи муосири халқи тоҷик шаҳодат медиҳад, ки Артиши Миллӣ дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, баъдтар ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт. Дар ҳар марҳилаи таърихии инкишоф артиш зина ба зина комилтар ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифозат ва нигаҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Маҳз Артиши миллӣ ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузошт, истиқлолияти воқеии Тоҷикистони маҳбубро ҳифз намуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар таъсиси Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас аст. Бо дастгириҳои пайвастаи роҳбари давлат як артиши номукаммали беяроқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба дарвозаи оҳанини давлат табдил ёфт, ки минбаъд намегузошт душманони нотавонбин ниятҳои ғаразноку нопоки хешро дар сарзамини аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик амалӣ намоянд.

Дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксрият ҷавонон буда, қувваи асосии пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҷамъият мебошанд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 26.01.2021 чунин иброз дошта буданд, ки “ Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”   Аз ин лиҳоз зарур аст, ки дар ҳама соҳаҳо кадрҳои хубу болаёқат бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия карда шаванд, то барои рушду нумӯи кишвар ҳиссагузорӣ карда тавонанд.

Ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ садҳо ҷовонон даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии минтақаҳои гуногуни мамлакат адои хизмат мекунанд. Дар ин муддат ҳомиёни ватанро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ, мардонагиву шуҷоат, адолатнокиву   қавииродагӣ тарбия намуда, барои ҳифзу нигаҳдории амнияти кишвар равона месозанд. Аскароне, ки сарҳади кишварро ҳифз мекунанд, бояд зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавииродабошанд, зеро онҳо амнияти марзу буми кишварро таъмин менамоянд.

Сол аз сол шароит барои хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат беҳтар гардида истодааст. Сафарҳои кории сардори давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки бештар бо боздид аз қисмҳои ҳарбӣ оғоз меёбад худ гувоҳи ғамхории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сарбозону афсарон мебошад. Шароити будубоши онҳо ҳаматарафа дар таваҷҷӯҳи Пешвои маҳбуби тамоми тоҷикони ҷаҳон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо ҳадафи тарбияи ҷавонон – ояндагони миллат дар муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар кафедраи “Тибби ҳарбӣ” донишҷӯёни курсҳои 6-ум низ аз курси кӯтоҳмуддати ҳарбӣ гузашта барои Артиши миллӣ ҳамчун кадрҳои захиравии тиббӣ омода мегарданд. Пас саҳми баъзе муассисаҳои олии кишвар дар омодасозии кадрҳо дар самти мазкур калон аст. Дар баробари ин онҳоро дар машғулиятҳои фанҳои ҷомеашиносӣ дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, меҳанпарастӣ, содиқ будан ба Ватан, нигоҳдории арзишҳои миллӣ тарбия ёфта, баҳри амният ва солимии ҷамъият саафрбар мегарданд.

Сафарова М.Ҷ. - муаллимаи кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Одилов Ф.Р. - муаллими кафедраи тибби ҳарбӣ


17.02.2021     1560
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php