Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму баромадҳояшон дар баробари дигар самтҳо ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат гувоҳи онанд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар қалби хеш фарҳанги асил ва тамаддуни бузурги ногусастании миллати тоҷикро дар мадди аввал ниҳодааст. Чунончи мегӯянд: Агар душманон хоҳанд як давлатро нобуд созанд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нобуд месозанд.

Дар ҷумҳуриамон хеле вақт шудааст, ки омодагиҳо ба ҷашни умумиллӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон босуръат идома доранд. Дар ин маврид, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 19 декабри соли 2017 ба имзо расида буд. Бо ин ҳол, солҳои 2019-2021-ро ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудан, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба он таъкид карда шуд, метавон идомаи омодагиҳо барои сазовор истиқбол гирифтан аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз арзёбӣ намуд. Зеро, ташаббусу иқдомоте, ки ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни умумиллӣ имрӯзҳо дар саросари кишвар роҳандозӣ шуда истодаанд, бешак ба ободу зебо гардидани Ватанамон нигаронида шудаанд. Ва дар ин радиф, он чорабиниву тадбирҳои судманде, ки тайи се соли оянда дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 амалӣ хоҳанд шуд, низ баҳри ободу шукуфон гардидани Тоҷикистони маҳбубамон, ки хонаи умеди ҳар тоҷики рӯйи олам аст, равона карда мешаванд.

Барои ҳунармандони асил қабул гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки  ҳунари хешро бештар инкишоф диҳанд ва барои бештар вонамуд кардани маҳсули дасти хеш кӯшиш намоянд. Ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муаррифии кишвар маҳсуб мешавад. Ба ин васила, имрӯз аз байни ҷавонон беҳтарин нобиѓаҳои ҳунар, беҳтарин ихтироъкор, беҳтарин омӯзгор ба камол мерасанд.

Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва баромадҳои хеш такрор ба такрор таъкид менамоянд: Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Ва бубинед, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Турсунова З. -  мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа



06.04.2021     1510
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php