Тоҷикистони озоди ман

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад
Эмомалӣ Рахмон
.
Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин муқадассот ва бошукӯҳтарин ҷашн бо ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист. Миллати мо 9-уми сентябри соли 1991 ба ин неьмат даст ёфт ва аз он замон то кунун ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Истиқлолияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар арасаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, мустақӣлона рушд кардани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин шарафу номуси ватандорӣ, ҳувияти мили худшиносиву худогоҳӣ ва талошу муборизаи бардавоми ҳар як фарди бонангу номус ба хотири ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон аст. Инак Истиқлолияти мо 28-сола шуд ва Тоҷикистони мустақилу озод таҳти робарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар фазои орому осуда рӯз то рӯз дар арсаи дохилӣ ва хориҷи ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардад. Аз ҷумла аз бумбасти коммуникатсионӣ шоҳроҳи бузурги « Душанбе – Хуҷанд » ҳамчун бахши муҳими Роҳи бузурги абрешим эҳё ва муҳимтарин василаи пайванди вилояти Суғд бо минтақаҳои кишвар дар ҳама фасли сол гардид. Сохтмони роҳи оҳан « Қурғонтеппа – Кулоб », роҳи мошингарди « Кулоб – Хоруғ – Кулма – Қайроқум », нақбҳои « Истиқлол », « Шаҳристон ». Инчунин дар давоми Истиқлолият бо ташабусӣ сарвари давлат асосгузори сулҳу ваҳдати милли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як иншооти дигар, ки бо ном « Роғун », аст ҳамчун неругоҳи барқӣ – обй кушода шуд, ки на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣэҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд.
Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро сарвари фархунда накуст,
Ҳамфикри зи иттиҳоди падид омадааст.
Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,
Сарҷамъ ҳама ба иттифоқи ватанаш.
Имруз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,
Созандаи ноби Роғун ҳамватан аст.
Кафедраи тибби судӣ
мудири кафедра Хушқадамов.З.Қ
ассистенти кафедра Нозилов. С.К

07.07.2020     3606
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php