ТАВСИЯҲОИ ПИЗИШК ОИД БА СOVID-19

1.Куруновирус дар 85 фисади ҳолат мисли зукоми одӣ аст, бидуни табобат мегузарад, воҳима накунед, ором бошед, агарчи аломатҳои бемориро дар худ ё наздиконатон бубинед, тавсияҳои поёниро риоя кунед.

2. Ҳамон 15 нафаре аз сад бемор, ки ба табобат дар беморхона ниёз доранд, хоҳу нохоҳ 2-3 нафарашон эҳтимолан мефавтанд, инро имрӯзҳо дида истодаед, аз тақдир ҷои гурез нест ва ин ҳам сабаби воҳима набояд бошад. Одатан нафарони масунияташон пасттар-солхурдаҳо ва гирифторони бемориҳои музмин бештар талаф меёбанд, бинобар ин чунинҳоро аз сироят ёфтан дучанд эҳтиёт кунед. Иммунитети кудакону ҷавонон ҳам гоҳо ноаён паст асту намедонанд, бинобар ҳама бояд эҳтиёт кунанд, ки дар поён роҳашро баён мекунем.

3.Доруи аниқи зидди куруно то имрӯз мавҷуд нест, дар беморхона осори таъсири вирусро ки ба ҳаёт хавф дорад, муолиҷа мекунанд, бинобар агар мабодо дар бемористон бароятон ҷой пайдо нашуд, сахт ғамгин нашавед.

4.Табобати хонагӣ чунин аст: а).Зиёдтар моеъгӣ нушидан-обмева (компоти хонагӣ), асалчой, лимучой, шир, қатиқ, айрон, ҳатто оби тоза. Мурабборо бо об омехта нушед ҳам мешавад. б).Ғизои бештар сафедаву витаминдор бештар истеъмол кардан- сабзавоту мева, ширу ҷурғоту тухм, шурбову мастова бо кабудӣ(пиёзу кашничу райҳону ҳулбаю ҷамбел в.ғ) ва иловаи сирпиёз, караму сабзии хом ва салат-ягон парҳези ҷиддие нест. в).Ҳавои хонаро якчанд бор тоза кардан, дар хона 1-2 пиёзро пора карда мондан, ҳазориспанд дуд кардан, намии хона паст нашавад ва гармӣ байни 18-22 бошад, беҳтарин аст. г).Агар таб ва дард азоб медиҳад, парасетамол ё ҳаби таркибаш парасетамолдоштаро то 3-4 бор дар 1 шабонаруз; сулфа сахт бошад- буғи содаро нафас кашед, гулуро тез тез бо оби гарми намаку сода илованамуда чайқонед, ба бинӣ ҳам чунин обро кашед то димоғро сузониданаша. Таблетка ё обдоруи дилхоҳи зидди сулфаро дар зарурат истифода баред. Ба қафаси сина молидани асали тоза ё бо сачоқи бо оби гарм таршуда 10-15 дақиқа печонидани қафаси сина 2-3 бор дар 1 рӯз иҷозат аст. д).Зиёд хоб наравед, дар боғ ё ҳавлиятон андак роҳ равед, ҳаракат кунед ба ҳади имкон. Гоҳ гоҳ парӯ, ба шикам хоб кунед ҳатман 3-4 бор дар 1 шабонаруз.

5.Агар аломатҳои вазнини пневмония-то 30 маротиба дар як дақиқа нафасгирӣ, иштироки параҳои бинӣ ва китфу бозуҳо дар нафасгирӣ, кабудчатоб шудани ранги пӯст, таби аз 39 болои бо дору пастнашаванда, бемадории вазнин, паст шудани фишори хун аз 90/60 мм.ст.симобӣ, хеле кам ё рангаш баланд шудани пешоб - пайдо шаванд, ҳатман бояд ба беморхона бурда шавед, ёрии таъҷилиро даъват намуда тариқи телефон ҷиддияти ҳолатонро фаҳмонед. Гоҳо ҳолати бемор якбора вазнин мешавад, таи 1-2 соат, инро ба инобат гиред.

6. Бемор ва нигоҳубинкунандагон бояд ниқобча баста бошанд, агар ниқобча нам шуд зуд онро иваз кунед. Як ниқобчаро беш аз 3 соат истифода набаред-якдафъаина бошад, сузонед; латтагӣ ё докагӣ бошад бо собун шуста ним-як соат дар офтоб гузоред ё бо уттӣ безарар кунед. Нигоҳубинкунандаҳо дастҳоро бо собун шустан, дезинфектантҳои спиртдор шакиданро фаромуш накунед ва бо дастон ба даҳону бинӣ ва чашмон нарасед, назди бемор зиёд наистед, кудакони сиҳатро роҳ надиҳед, бигузор аз паси тиреза ҳолпурсӣ кунанд. Чанд нафар бемор дар як хона хобанд боке нест, лекин сиҳат будаҳо дар ҳуҷраи алоҳида бояд хобанд ва ғизо хуранд, солхурдаҳо ҳатто ба ҳавлии дигар ҳам раванд беҳтар аст, агар чунин имконияте доред.

7.Ва ниҳоят, расидем ба нуқтаи асосӣ: бидонед, ки имруз сироят шудани як нафар баъди ду ҳафта боиси сирояти садҳо нафари дигар мешавад ва аз сироят эҳтиёт кардани як нафар садҳои дигарро наҷот медиҳад. Агар шумо беморед, кушиш кунед, ки касе аз шумо сироят наёбад. Агар сиҳатед, эҳтиёт кунед, ки сироят наёбед. Пас чи кор кунем, поёнтар мехонед:

8.Ба нақлиёти умумӣ нишастан имрузҳо баробари худкушӣ аст. Ба бозор рафтан ҳамчунин. Ё пиёда равед ба ҷое, ё бо нақлиёти худ, агар дучарха ҳам ки бошад-агар зарурати қатъие ҳаст: масалан барои харидории дору, ғизо ё кори муҳими дигаре, вагарна беҳтараш ба ҷое наравед. Дар боғу ҳавлии худ кор кардан иҷозат, лекин агар берун баромадед, бо ниқобча бароед ва бо одамон аз масофаи ду қадам шифоҳӣ салом кунед. Ба аёдати хешовандони танҳомондаи ниёзманд ҳам танҳо равед, бо ниқобча.

9.Агар ҷои коратон чунин бошад, ки фосилаи ду метрӣ доимо риоя мешавад, корро идома диҳед, масалан деҳқонӣ, боғпарварӣ, чорводорӣ, сохтмони инфиродӣ в.ғ., лекин таҷаммуи ду нафар ҳам агар аъзои як оила набошанд, хавфнок аст.

10.Ҳамарӯза ҳарорати бадани кулли аъзои оилаатонро чен кунед. Бештари корҳоро тариқи телефон ҳал кунед. Машваратҳои табибони маҳал ва ҳукуматдоронро қатъиян риоя кунед. 

Мирзоқул Ҳоҷиматов


04.11.2020     244
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php