ТАЪСИРИ ТӮФОНИ ЧАНГУ ҒУБОР БА САЛОМАТӢ

Ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иқлими континенталии ба худ хос бештар ба таъсироти харобиовари тӯфонҳои хокӣ ва регӣ дучор меояд. Коршиносон, ки бо масъалаҳои равишҳои минтақавӣ ба мубориза бо тӯфони рег, хок ва хушксолӣ машғуланд, бар он ақидаанд, ки мушкилоти таназзули замин ва биёбоншавӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низ сол то сол бештар табиати актуалӣ гирифта истодааст. Зеро тағйирёбии иқлим, нобуд кардани ҷангалҳо, усулҳои номатлуби обёрӣ, истифодаи аз ҳад зиёди беназорати заминҳои кишоварзӣ ба паст шудани сатҳи истифодаи замин оварда расонидаанд, ки ин таъсири чангу ғубор боиси паст гаштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад.

Тӯфони чангу ғубор на танҳо ба табиату кишоварзӣ, балки, пеш аз ҳама, ба инсон таъсири манфӣ мерасонад ва сабаби авҷ гирифтани бемориҳо мегардад. Дар ин давра ҳарчанд андозаи нисбатан калони зарраҳо (60 микрон ва бештар аз он) ҳангоми тӯфони хоку рег масофаро, ки ҳар як зарра ҳаракат карда метавонад, маҳдуд мекунад, аммо тӯфони хоку рег ба саломатии инсон ва иқтисод зарари ҷиддӣ мерасонад, ки боиси озурдагии пардаи луобии узвҳои нафас, бемориҳои системаи нафаскашӣ ва шадидтар шудани он мегардад. Тӯфони ғуборолуд, ки одатан, онро дар Тоҷикистон «тӯфони рег» ва «ғубори афғонӣ» ном мебаранд, метавонанд ҳазорҳо километрро тай кунад, зарраҳои хуби чангро ба ҳаво бардорад ва онҳоро ба қабатҳои болоии атмосфера партояд. Солҳои охир тӯфони чангу ғубор дар қисми хушкшудаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Ин тӯфони чангу ғубор ба ҳамаи кишварҳои минтақа таъсир мерасонад. Дар Тоҷикистон он ҳатто то ба қисми болооби дарёи Зарафшон омада мерасад. Манбаи дигари тӯфони чангу ғубор, ки ба Тоҷикистон таъсир мерасонад, биёбони Сурия мебошад, ки дар ҳудуди Ироқ, Урдун, Сурия ва Арабистони Саудӣ ҷойгир аст.

Тӯфонҳои шадиди чангу ғубор, ки сари чанд вақт рух медиҳанд, ба шакли шамол, иқлим, системаҳои гидрологӣ ва маҷбурии радиатсионӣ таъсир мерасонанд.

Паст шудани сифати ҳаво ба ҳаёти инсон таъсири ҷиддӣ мерасонад ва хавфи патологияҳои гуногуни дилу рагҳо, бемориҳои шуш, варам, омомс ва осеби аллергиявӣ меафзояд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ муайян кардааст, ки ифлосшавии ҳаво ҳамасола боиси марги беш аз 7 миллион нафар мешавад ва тибқи таҳқиқоти соли 2019 гузаронидашуда ин рақам ба 9 миллион нафар расидааст.

Қабати озонӣ, ки сатҳи сайёраро аз таъсири радиатсияи офтоб муҳофизат мекунад, тадриҷан тунуктар мешавад ва радиатсияи ултрабунафшро ба Замин бештар ва бештар интиқол медиҳад, ки ин хавфи пайдоиши бемориҳои пӯст ва чашм, кам шудани ҳосилнокии заминро пфзун мекунад, ки ин метавонад мушкилотро тезутунд намояд.

Албатта, тӯфонҳои чангу ғубор на танҳо ба муҳити атроф ва ашёи иҳотанамудаи он, набототу растанӣ таъсири манфӣ мерасонанд, балки муҳимтар аз ҳама, ба саломатии инсон зарар мерасонанд.

Зичии регро дар ҳаво ҳангоми тӯфон бо тонер дар картриҷи принтери лазерӣ муқоиса кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳангоми нафаскашӣ, ғубори рег ором ба шуш, луобпардаи бинӣ ва чашм медарояд, ки ин на танҳо ангезишҳои механикӣ, балки инчунин бемориҳои аллергиро пайдо мекунад. Ғайр аз ин, заррачаҳои хурдтарини чангу ғубор қодиранд вирусҳоро аз нуқтаи пайдоиши тӯфон ба минтақаҳои бехавф интиқол дода диҳанд ва сабаби авҷи бемори гарданд. Аломатҳои беморӣ, аз қабили бандшавии бинӣ, гулӯ, сулфа ва сурхшавӣ ва дарди чашм метавонанд на танҳо аз мавҷудияти ғубор ва ангезишҳо ва пайдоиши аллергия дарак диҳанд, балки метавонанд мавҷудияти этиологияи вирусиро нишон диҳанд, ки дар робита ба ин бояд реҷаи ташхис ва муолиҷаи низоми нафаскашии осебдида пешбинӣ карда шавад .

Ҳамчун чораҳо оид ба пешгирии таъсири манфии тӯфони чангу ғубор ба саломатии одамон тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- ниқоб ва респираторҳои муҳофизатӣ истифода шаванд;

- ҳадди ақал кам кардани вақти дар берун аз биноҳои истиқомати будани шахсони гирифтори бемориҳои музмини системаи нафаскашӣ, инчунин намудҳои гуногуни аллергия;

- ҳамарӯза иҷро намудани корҳои тазакории намнок;

- намнок намудани ҳавои хона истиқоматӣ.

Дар ин маврид, пеш аз ҳама нисбати шахсони гурӯҳи ба истилоҳ осебпазир ва хатари саломатӣ дошта, ба мисли беморони гирифтори бронхит, амфизема ё астма, бемориҳои роҳи нафас ва дил, инчунин кӯдакон, занони ҳомила ва пиронсолон чораҳои махсус андешидан зарур аст.

Сайфутдинова М.Б.  -  номзади идлмҳои тиб,
кафедраи онкология, ташхис ва муолиҷаи шуоӣ



03.04.2021     404
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php