Тарзи ҳаёти солим

Саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният,шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд,ки «Солимии ҷомеа боигарии давлат аст».
Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанд, ки инсон метавонад аз лаҳзаҳои тавлид шуданаш 100 сол бидуни беморӣ зиндагӣ намояд. Инсон ҳануз аз даврони ба дунё омаданаш дар худ бо тарзи ҳаёти солим зиндагӣ намуданро ҷой дода, ба қонунҳои табиат ва инсоният риоя намояд. Дар ҳуҷҷати стратегии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ "Саломатӣ барои ҳама дар садсолаи 21-ум" ба масъалаҳои сафарбар намудани ҷомеаҳо ба мустаҳкам намудани саломатӣ тавассути ба одамон ва ҷамъиятҳо фароҳам овардани имконияти баланд бардоштани назорати омилҳои мустаҳкамкунандаи саломатӣ диққати махсус дода мешавад. Вобаста ба ҳамин дар сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикон ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки ҷомеаҳо дар ҳалли масъалаҳои бахши тандурустӣ аҳамияти муҳим дода мешавад. Танҳо тавассути сафарбар намудани саъю кӯшиши бахшҳои гуногун ва ҷомеаҳо тарзи солими ҳаётро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоидро фароҳам овардан мумкин аст.
Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест.
Солҳои охир дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро бемории cактаи дил медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион одамонро аз байн мебарад. Сабабҳои асосии ин беморӣ- баландшавии фишори хун, болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, сигор кашидан, вазни зиёд, камҳаракатӣ ва истеъмол накардани ғизои солим мебошанд. Тадқиқоти илмӣ исбот намудаанд, ки пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар вобаста мебошад. Вақте ҳаҷми рагҳо то 70% танг мешавад, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад. Норасоии кислород дар бофтаҳо гипоксия ном дорад. Дар илми тиб ин равандро ишемия меноманд. Бемории инфаркт дар натиҷаи қатъ гардидан ё вайроншавии гардиши хун ба амал меояд.Бо мақсади пешгирӣ ва огоҳӣ аз хатари ин беморӣ соли 1999 бо ибтикори Федератсияи байналмилалии дил Рӯзи байналмилалии дил ташкил гардида буд, ки ин иқдомро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд. Солҳои аввал ин рӯз якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегашт. Аз соли 2011 инҷониб ин рӯзро 29 сентябр баргузор менамоянд.
Фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд.Бо супориши раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди ҳама биноҳои истиқомати майдончаҳои варзиши сохта ба истифода дода шудааст,ки меҳвари тарзи ҳаёти солими ҷавононро таъмин менамояд. Инсон – ин ягонагии ногусастании биологӣ ва иҷтимои мебошад. Шахси фаъол ва мақсаддор намегузорад, ки рӯҳу танаш танбалӣ кунад, муддати дароз ҷавонӣ ва зиндадилиро нигоҳ дошта, ҳатто дар пирӣ низ қувваи созандаи эҷодиашро давом медиҳад.
Дар муқобил, беғайратии иҷтимоӣ, даст кашидан аз қуллаҳои мақсад, мурдадилӣ, набудани машғулияти дӯстдошта, бефаъолиятӣ, ба олами ғуссаҳо рафтан, руҳафтодагӣ, афсурдаҳолӣ шахсро ба таназзул оварда мерасонад..
Энергия дар организм ҳангоми ҳаракат ба вуқуъ меояд. Инсонро табиат барои фаъолияти ҷисмонӣ офаридааст, ки ба он ҳамаи узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Зиёда аз ними вазни танро дастгоҳи ҳаракат ташкил медиҳад: скелет ва мушакҳо. Қалб ва хунгарди, системаи нафаскашӣ ва асаб, системаи ҳозима ва ғадудҳои тарашшуҳи дохила – ҳамаи ин тарзе сохта шудааст, ки фаъолияти мунтазами мушакҳоро ба амал меоваранд. Сигналҳое, ки аз мушакҳои ҳаракатдиҳанда ба майнаи сар ворид мешаванд, дар марҳилаҳои муайяни ҳаёти кӯдак, барномаҳои ташакулёбии ирсии организми ӯро ба миён меорад.
Организми инсон дар баробари сарф кардани энергия, дар ҳолатҳои гуногун онро аз нав пур мекунад, дар ҳоле, ки агар худи шахс бештар фаъолият намуда талош кунад, ки ғизоҳои энергетикиро истифода намояд. Дар чунин ҳолат энергияи сарфшуда барқарор мегардад. Дар акси ҳол раванди мубодила дарҳол суст шуда, энергия ҷамъ намешавад, инчунин ҳуҷайраҳои мағзи сар ва бадан бо ғизо таъмин нагардида, раванди ташаккулёбии организм рушд намеёбад.
Пайваста фаъолияти мунтазам накардан, ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Мушакҳои дилро суст карда, ҳолатҳои фарбеҳшавиро ба амал меоварад ва тонуси мушакҳо, кори фикронӣ ва ҷисмонӣ паст мешаванд, эҳтимолияти сар задани бемориҳои асаб, дилу рагҳо, вайроншавии мубодилаи ғизо ба миён меояд. Зарари гиподинамияро бештар дар шахсоне, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд бештар мушоҳида кардан мумкин аст, зеро шаҳрнишинонро зарур аст, ки дар воситаҳои нақлиёт, нишаста ба кор раванд, ки ин ҳолат ба организми онҳо фишори асабӣ ва мушакиро ба миён меоварад. Бисёре аз касбҳои имрӯза дар ҳолати беҳаракатӣ, бо сарфи минималии қувваи ҷисмонӣ ҳастанд. Дар муддати рӯз, мо аз як курсӣ ба як курсии дигар менишинем, ин амалиётҳоро бо гашту гузор ба бозору мағозаҳо иваз менамоем. Ва ҳамаи ин дар ҳолати норасоии вақт, саросемаги, ба қавле “шишта саросемаем”. Ва бо ҳамин тарзи зиндагӣ ба мушакҳоямон имконият медиҳем, ки онҳо мудати дароз беҳаракат ва суст бошанд, дар чунин ҳол рӯҳу асаб– мудати дароз фишор мебинанд.
Барои аз чунин мушкили баромадан моро зарур аст, ки бештар ҳаракат кунему ба машқҳои ҷисмони машғул шавем. Бояд қайд кард, ки агар шахс машқҳои ҷисмониро дар табиат ба ҷо оварад таъсири мусбии он ба организм зиёдтар мешавад. Зеро омилҳои гигиении табиат (офтоб, ҳаво, об) беҳтарин воситаи обутоб ва пешгирии бемориҳост. Дар ҷойҳое, ки сард аст яъне дар онҷо ҳисси хунуки мушоҳида мегардад ба машқи ҷисмонӣ машғул шудан аз аҳмият холи нест. Зеро хунуки таъсири хубе ба системаи асаб, дилу рагҳо ва озодона нафас гирифтанро дошта, инчунин мубодилаи ғизоро беҳтар карда, кори узвҳои таносулро дар сатҳи баланд ба танзим медарорад. Омилҳое ҳастанд, ки метавонанд таҳти назорат бошанд ва пешгирӣ шаванд. Азҷумла носкашӣ ва тамокукашӣ мебошанд, ки бояд фавран аз он даст кашид. Инчунин шахсе, ки мубталои фишорбаландӣ мебошад, бояд фишори худро дар сатҳи меъёр нигоҳ дорад (120/80), аз вазъи боду ҳаво воқиф бошад, зеро гармои шадид ва тӯфони магнитӣ сабаби баландшавии фишор мешаванд. Ҳамчунин вазни худро дар сатҳи меъёр нигоҳ доштан ва бештар ҳаракат кардану аз ғизои серчарб даст кашидан ҳатмист. «Гирифторони бемориҳои дилро зарур аст ба ғизои ҳаррӯзаи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои истеъмол хӯрокҳоеро интихоб намоянд, ки дар таркибашон холестерини кам доранд. Ба онҳое, ки дар таркиби хунашон холестерин аз меъёр зиёд аст, лозим нест, ки якбора аз баҳри ҳама хӯроки дӯстдоштаашон бароянд. Дар ин ҳолат танҳо меъёрро бояд риоя кард. Набояд фаромӯш кард, ки бемориҳои дил гузаранда ва одӣ нестанд ва бо онҳо муносибати сар- сарӣ кардан дуруст нест. Яке аз роҳҳои асосии дучор нашудан ба ин бемориҳо- риояи тарзи ҳаёти солим ва гӯш додан ба маслиҳати табибону аз рӯи он амал намудан аст.
С.А.Таибов, унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

25.05.2020     28945
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php