Тарбияи наврасону ҷавонон
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳаммият набудани падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон буд,зеро:
Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,
То тавони ин самар бо рангу бӯи хуш расон,
Ранги хуш рӯи хуш асту, бӯйи хуш ақли расост,
Гар набошад ин ду хислат зиндагӣ моро хатост.
Маҳз талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем.
Нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модар, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати
ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбияи онҳо ҳеҷ чизро набояд дареғ дошт.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштаанд, ки роҳу усули самараноки амалӣ намудани онҳо дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №94 аз 3 - юми марти соли 2006 дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Агар муҳит созанда бошад, ҷавон солимфикр ба воя мерасад, агар ҷавон дар муҳити сузанда ба воя расад, пас аз ӯ умеди созандагӣ намудан душвор аст.
"Таълиму тарбияи фарзанд тайи чанд соли охир яке аз масоили муҳим ва доғи рӯз гардида буд. Чунин мушкилотро ба назар гирифта, 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул гардид. Мақсади пурзӯр намудани ин масъулият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ,
эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ тарбия намудани фарзанд мебошад".
Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад, ки бо Афғонистон, Хитой, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст. Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад”. Сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ ҳаррӯза дар муборизаи иттилооти қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда намояд.
Шароити номусоиде, ки солҳои аввали истиқлолият ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама, боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид. Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист ба ҷомеа, хосса ба наврасону ҷавонон асари амиқ гузорад, аз ҷумла сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад. Аз ҷумла, ба корҳои ношоиста даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт.Бархе ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин костагиҳо са-
бабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд. Бинобар ин, иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар гирифтани пеши роҳи омилҳои мавҷударо пайдо намуд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" сади роҳи амалҳои номатлуби ҷомеа гардидааст. Дар доираи талаботи қонуни мазкур имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби падару модарони хонандаҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Аз ин лиҳоз, боварӣ дорем,
ки минбаъд падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва бо ин роҳ, бапешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои ношоиста хотима мегузоранд.
Барои он ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем, сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас амали намоем. Тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падарону модарон ба он ниҳодҳои иҷтимоие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳаммият набудани падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон буд.
Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».
Оре, маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро созанда бошанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамоянд. Маҳз ҳамин истиқлолияти давлатӣ буд, ки барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи онҳо ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа тадбирҳои зиёде ба тасвиб расиданд, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Старатегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва ғайра. Ҷавонони мо бояд ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бирасанд. Шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ намоянд. Зеро дар дунё ҳастанд давлату ҷомеаҳое, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале, мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора - пора шуда истодаанд.
Фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд.Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист. Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд. Тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд ва тайи солиёни истиқлолият бо қалбҳои саршор аз ифтихори ватандорӣ, бо шукуҳмандии тоҷикона ва шаҳомати ориёна ҳарсола таҷлил намоянд. Ҷашнҳои суннатии миллии мо аз ҳуҷуму тохтутозҳои бешумори аҷнабиён, харобкориву яғмогариҳо, истилову салтанати тӯлонии онҳо, ки боиси аз байн рафтани ёдгориҳои зиёди илмиву адабӣ, ҳунариву фарҳангӣ, хатту забонҳо гардиданд, на танҳо осеб надиданд, балки истилогаронро ҳам тасхир намуда, мавриди қабули онҳо қарор гирифтанд.
Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки иддае аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳаммиятӣ мекунанд. Беаҳаммиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил
мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.Падару модарро мебояд, ки масъулиятшиносона аз пайи сабақандӯзии фарзандон бошанд, ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки онҳо бар хилофи қонун рафтор намоянд.Ҳар як падару модар бояд ба риояи тозагӣ, муносибат бо атрофиён ва маданияти шаҳрвандии наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мунтазам аз ҳоли
таълим ва интизоми фарзандонашон хабар гиранд
Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад ва он пайваста зина ба зина амалӣ мегардад. Агар каме таъхир намоем, таълиму тарбияи мо самараи хуб ба бор намеорад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад. Дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии падару модар фарзандон тарбияи нодуруст гирифта, ҳамчун ашхоси бадкирдору зараррасони ҷомеа ба воя мерасанд. Барҳақ аст, ки бидуни таълиму тарбия, тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат боэътимод умед баст.
Таибов С. А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робитаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
З. Турсунова- мутахассиси шуъба