Тарбияи донишҷӯён дар робита бо андешаҳои гуманистии ду шоири бузург – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ

Тарбияи донишҷӯён дар робита бо андешаҳои гуманистии ду шоири бузург – Абдураҳмони  Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ

Муҳиммият. Дар замони муосири рушди таълимгоҳҳои олии касбӣ омӯзиши маданияти сухан, махсусан нутқи мақсадноки касбӣ бо назардошти самтҳои асосии гуманистӣ бояд ҷузъи асосии омодагии касбии мутахассисони баландихтисос, бахусус табибони оянда ҳисобида шавад.

Мақсади тадқиқот. Мушкилоти тарбияи маънавӣ ва гуманистии ҷавонони донишҷӯ ба ташаккули этикаи табибон робитаи ногусастанӣ дорад. Имрӯз дар назди олимон, омӯзгорони мактабҳои олӣ вазифаи баланд бардоштани ахлоқи маънавии ҷавонон, ташаккули шахсияти мутахассисони оянда, аз ҷумла, тарбияи ҷавонони дорои ҳисси баланди инсондӯстӣ, ватанпарастӣ ва ғайра дар мадди аввал қарор дорад.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Маводи зерин пеш аз ҳама ба шарҳи сифатҳои ахлоқии табибон, аз ҷумда, шарҳи вожаи гуманизм, этикаи касбии табиб, ташаккули шахсияти дорои ахлоқи баланди маънавӣ ва касбӣ бахшида шуда,  бо таҳлили осори шоирон ва овардани мисолҳо роҳҳои баланд бардоштан маънавиёти донишҷӯёни имрӯзаро инъикос менамояд.

Қобили зикр аст, ки масъалаҳои тарбиявӣ бояд фарогири тамоми самтҳои фаъолияти табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони тиббии бахши амалӣ ва назариявии тиб бошад. Шарти асосии тамоми дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, мубориза бо бемориҳо, ташаккули тарзи ҳаёти солим маҳз ба ҳамин вобаста аст.

Натиҷаҳои тадқиқот ва муҳокимаи онҳо. Ҳаминро бояд қайд кард, ки омӯзиши осори ду мутафаккири бузург - шоири тоҷик Абдураҳмон Ҷомӣ ва шоири ӯзбек Алишер Навоӣ чун рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба ташаккули шахсияти дорои ахлоқи баланди маънавӣ, тарбияи сифатҳои олии инсонӣ мусоидат менамояд. Фаъолияти адабӣ ва осори ин ду намояндаи барҷастаи илму адаб, барои   насли имрӯза намунаи ибрат мебошад. Абдураҳмон Ҷомӣ аз ҷумлаи он шоирони бузург ва мутафаккирони асримиёнагӣ мебошад, ки бо осори баландмазмуни худ дили ҳазорҳо мухлисонашро тасхир намудааст. Эҷодиёти Ҷомӣ як навъ осори гузаштагони худро ҷамъбаст кардааст.

Дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ба ҳаёту фаъолият ва мероси адабии Абдураҳмони Ҷомӣ мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва асарҳои зиёде бахшида шудаанд. Бахусус олимон А.Афсаҳзод, И. Батянов, А.Н.Болдирев,И.Н.Берёзин,И.С.Брагинский,Ҷ. Бобокалонова,В.Державин, И.Х.Каримова, Ф. Ҳодизода ва дигарон дар асарҳои худ мероси адабии шоирро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Имрӯз низ осори гаронбаҳои шоир чун ҳарвақта таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб менамояд, зеро Абдураҳмони Ҷомӣ ҳанӯз дар замони зиндагиаш чун ходими барҷастаи илму адаб, олим, энсиклопедист ва мутафаккири бузург, устоди маънавии шогирдони бешумор соҳиби обрӯю эътибор ва шуҳрати хосае буд.

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1414 дар вилояти Ҷоми Хуросон ба дунё омадааст. Падару бобои Ҷомӣ одамони фозилу донишманд буданд. Ҷомӣ аз синни чорсолагӣ ба мактаб рафтааст. Дар синни 11-солагӣ оилаи онҳо ба шаҳри Ҳирот мекӯчад. Ҷомӣ дар мадрасаи Ҳирот ва Самарқанд таҳсил намуда, аксари илмҳои замонашро омӯхтааст ва чун олим, энсиклопедист, шоир ва мутафаккири бузург шуҳрат пайдо кардааст.Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардааст ва оромгоҳи ӯ зиёратгоҳи ҳазорон нафар дӯстдорони осори безаволи шоир мебошад.

Абдураҳмони Ҷомӣ барои наслҳои оянда мероси бой ва пурарзише гузоштааст. Эҷодиёти шоир аз қасида, ғазал, достонҳо ва асарҳои дигар иборат аст. Ҷомӣ махсусан дар эҷоди жанрҳои лирикӣ ва ахлоқӣ истеъдоди беҳамто дошт. Достони «Ҳафт авранг»- бузургтарин осори бадеии ӯ ба ҳисоб меравад ва дар пайравии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ навишта шудааст, ки шоир бо ҳамин миқдори достонҳои  «Хамса»-ро ба 7 адад расонид.  «Ҳафт авранг» аз асарҳои зерин иборат аст: «Силсилат-уз-заҳаб», «Саломон ва Абсол». «Туҳфат-ул-аҳрор», «Сабҳат-ул-аброр», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Хирадномаи Искандарӣ». Асарҳои мазкур ба тарғиби накӯкорӣ, олиҳимматӣ, ишқи пок, адолатпарварӣ  ва ахлоқи баланди инсонӣ бахшида шудаанд.

Асари панду андарзии «Баҳористон» дар эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва адабиёти ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосае дорад. Он дар пайравии  «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст. Асар аз ҷиҳати забон ва тарзи баён хеле сода буда, намунаи барҷастаи  насри асри ХУ ба шумор меравад. «Баҳористон» аз ҳашт боб иборат аст,  ҳар як боби он ҳикоятҳои хурди пандуахлоқиро дар бар мегирад. Саргузашти ҳакимон, панду ҳикмати бузургон, адолатпарварӣ, ахлоқи неки инсонӣ мавзӯъҳои асосии асарро ташкил медиҳанд.  Ба ақидаи олимон пеш аз ҳама, асари мазкурро А.Ҷомӣ ба таълими писараш эҷод намуда, дар  ин асар нависанда дар мавзӯи таълиму тарбия фикру мулоҳизаҳои  пурқиматеро байн кардааст.

Масъалаи муҳимме, ки Ҷомӣ дар «Баҳористон» пеш мегузорад, шинохтани қадри инсон аст. Шоири бузург мегӯяд, ки ба инсон на аз рӯйи сарвату мансаб, балки ба ҳунармандиаш бояд баҳо дод:

 Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.
Ай басо банда, ки аз баҳри ҳунар
Қадраш аз хоҷа басо бештар аст.[4,475.].  

     Абдураҳмони Ҷомӣ дар зимни як қатор ҳикояҳои «Баҳористон»  аҳамияти илму донишро дар инкишофу  тараққии ҷамъият нишон дода, зикр мекунад, ки илм як баҳри беканор буда, шохаҳои зиёд дорад. Ба ақидаи шоир бояд шахс ҳамон илмеро пурра омӯзад, ки он ниҳоят зарур бошад,  Илова бар ин, шахс бояд илми омӯхтаашро дар амал истифода барад: 

      Илме, ки ногузири ту бошад, бад-он гарой,

     В-онро, к-аз он гузир бувад, ҷустуҷӯ макун!

        В-он дам, ки ҳосили ту шавад илми ногузир,

Ғайр аз амал ба мӯҷиби он орзу макун!


Ҷолиби қайд аст,  ки шоир дар  асари худ «Баҳористон» дар боби шашум  латифаеро  меорад,  ки мазмун ва мундариҷаи ин латифа  барои донишҷӯёни тиб, ки оянда бояд  табибони ҳозиқ шаванд,  ахамияти хеле калон дорад.  Ин  латифа  ба таври ҳаҷв эҷод гардида, аз хусуси нодонӣ, ҷоҳилӣ  ва хислатҳои манфии табибони замонаш  ҳикоят мекунад.

Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем,  А.Ҷомӣ  дар «Дар латифаи «Аз мурдаҳо шарм мекунам» нодонию  бетаҷрибагӣ ва дигар  хислатҳои табибони замонаашро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Аз дасти ҳамин навъ табибони нодон одамони зиёд аз олам  чашм пӯшидаанд,  ки шоир нисбат ба онҳо бо нафрат сухан меронад. Ҷомӣ дар поёни латифаи мазкур рубоие низ илова кардааст, ки  ҷамъбасти фикри муаллиф дар бораи табибони замонааш мебошад. Дар байни латифаи халқӣ ва Ҷомӣ аз ҷиҳати забон низ чандон фарқи зиёде нест.

Масалан,  латифа дар варианти Ҷомӣ:

«Табиберо диданд, ки ҳар гоҳ ба гӯристон расидӣ,  ридо ба сар кашидӣ. Сабаби онро суол карданд. Гуфт:

    -  Аз мурдагони ин гӯристон шарм медорам, ки бар ҳар кӣ мегузарам, зарбати ман хӯрдааст  ва дар ҳар кӣ менигарам,  аз шарбати  ман мурдааст»

      Дар латифаи халқӣ:

«Як табиб ҳар вақт, ки аз пеши гуристон мегузашт, рӯяшро  ба барии ҷомааш мепӯшонид. Рӯзе  ҳамроҳи вай сабаби ин ҳолро пурсид.

Гуфт:

-  Ман аз мурдаҳои ин қабристон шарм мекунам, зеро ки аксарият аз  дорувориҳои ман мурдаанд», [6, 52].

Дар ин порча муаллиф ба таври ҳаҷв  табиби бемасъулият,  бесалоҳиятеро  тасвир менамояд, ки ба бемори бо умеди шифоёбӣ ба наздаш  омада  ёрии  аввалини  тиббӣ расонида  наметавонад, яъне маҳорати касбӣ надорад. Баъди мутолиаи порчаи  матн донишҷӯ- табиби оянда бори дигар  ба хулосае меояд, ки ӯ бояд донишу малакаи хуби касбӣ дошта бошад, то ки дар оянда табиби мусъулиятшинос  ва баландихтисос бошад. Умуман, «Баҳористон» энсиклопедияест, ки дар он урфу одат ва хулқу
хислати тамоми табақоти мардуми асри XV, аз мардуми  меҳнаткаш то подшоҳ, инъикос гардидааст. Муаллифи «Баҳористон» ҳамчун шахси халқпарвару ватандӯст, озодихоҳу адолатҷӯ ва хайрхоҳи табақаи заҳматкашу мазлум, пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро ба миѐн гузошта, мувофиқи тасаввури асримиёнагӣ ҷамъияти инсонҳоро ба ду гурӯҳ — золимон ва мазлумон тақсим менамояд ва бар зидди зулму ҷоҳилӣ ва бедодгарӣ исён бардошта, давлатмандонро ба саховат ва бечорагонро ба қаноат даъват намуда, бо ҳамин адлу инсофро тарғиб мекунад ва бар зидди худбинию худписандӣ ва ҳарисӣ, бераҳмию беинсофӣ ва ҷангу ҷидол исѐн мебардорад, ин нуқсонҳоро сабаби фалокати ҷамъият ва вайронии мамлакат дониста, аз онҳо роҳи халосӣ меҷӯяд ва ин роҳро дар сохти  подшоҳие мебинад, ки дар он шоҳи одил  ҳукмрон бояд бошад.[1,3-4].   

Ҳамин тавр, Абдураҳмони Ҷомӣ давомдиҳандаи анъанаҳои инсонпарваронаи гузаштагони худ – Рӯдакӣ, Саъдӣ ва дигарон буда, хонандаро ба амали нек даъват менамояд. Шоир аҳамияти тарбияро дар ташаккули шахсияти инсон зикр карда  таъкид менамояд, ки тарбия  ба сифатҳои олии инсонӣ- ҳисси дӯстию рафоқат, ростгӯйӣ,хоксорӣ, олиҳимматӣ меҳнатдӯстӣ ва инсонпарварӣ мусоидат менамояд.

Панду андарзҳои Абдураҳмон Ҷомӣ  ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавононро ба матонату далерӣ, росткорӣ, донишомӯзӣ, поквиҷдонӣ, адолатпарварӣ ва хислатҳои неки инсонӣ даъват менамояд.

Эҷодиёти шоири маъруфи узбек Алишер Навоӣ низ саршор аз андешаҳои пандуахлоқӣ мебошад. Доир ба  таҳқиқи ҳаёту фаъолият,осори бадеии ӯ олимон М.М.Ойбек, С.Айнӣ, В.Балязин, Е.Э. Бертелс,В. Зоҳидов ва дигарон асарҳо таълиф намудаанд.

Навоӣ Низомиддин Мир Алишер (1441 - 1501)  сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек, мутафаккир, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Ӯ дар Ҳирот, дар оилаи шахси мансабдор ба дунё омадааст, ки хонаи онҳо яке аз марказҳои адабии шаҳр ба ҳисоб мерафт. Алишер Навоӣ дар шаҳрҳои Ҳирот, Машҳад, Самарқанд таҳсил намуда, маълумоти хуб гирифтааст. Ӯ забондон буд, илмҳои фалсафа, риёзиёт, ҳуқуқ, таърих, адабиётро комилан омӯхта, ба забонҳои туркӣ ва форсӣ шеър менавишт. Алишер Навоӣ вазири султон Ҳусайни Бойқаро буд, олимон, аҳли фарҳангро пуштибонӣ мекард. Шеърҳои ӯ гуногунмавзӯъ ва серпаҳлу буда, шоир ба насли имрӯза мероси бойе гузоштааст. Ашъори лирикии шоир дар 4 девон гирд оварда шудаанд.       

Чӣ хеле, ки муҳаққикони осори Алишери Навоӣ тазаккур доданд, «то  замони Навоӣ  бо забони  турки-ӯзбекӣ эҷод  намудани  достонҳои  ҳаҷман бузургро  (фалсафӣ, ахлоқӣ, ишқӣ) ғайриимкон мешумориданд. Навои аввалин шуда ин назарияро нодуруст шуморида, барои исботи ин фикр  панҷ достон эҷод мекунад.  Онҳоро  Навои   дар пайравии "Хамса"-и Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва "Ҳафт авранг"-и  Ҷомӣ иншо кардааст.

Ин нуктаро худи  А.Навоӣ  чунин баён намудааст:

Ман, ки дар ин роҳ ниҳодам қадам,

Ҳаст умедам, чу бигирам қалам.

Роҳбарӣ карда Низомӣ маро,

Ёр шавад Хусраву Ҷомӣ  маро!»[6,58].      

                                                                                                                                                                                                                                                                          Ҳамин тавр, осори асосии шоир «Панҷгона» («Хамса», 1483-85) буда, аз панҷ достон иборат аст: «Ҳамса», «Ҳайратулаброр», (Ҳайрати накӯкорон) (1483) «Лайлӣ ва Маҷнун», (1483) «Фарҳод ва Ширин» (1484), «Саъбаи сайёра» (Ҳафт сайёра) (1484) «Садди искандарӣ» (1485). Дар охири ҳаёташ Алишер Навоӣ достони «Сӯҳбати паррандагонро» дар пайравии Фариддадини Аттор навиштааст.

Алишер Навоӣ бо осори бою рангини худ ба инкишофи адабиёти ӯзбек ва шоирони туркзабон таъсири зиёде расонидааст. Ӯ инчунин доир ба забоншиносӣ, таърих, фалсафа  асарҳои  пурарзиш таълиф намудааст.

 Алишер Навоӣ соли 1501 дар зодгоҳи худ – шаҳри Ҳирот вафот кардааст.

Академик Б. Ғафуров ба эҷодиёти Алишер Навоӣ баҳои баланд дода, чунин навиштааст: «Алишер Навоӣ дар таърихи ҳаёти адабии Осиёи Миёна  мақоми хоса дорад. Дар асри ХУ, ки ӯ ҳаёту фаъолият дошт, сиёсати ободкории кишвар рушд ёфт. Алишер Навоӣ, ки вазири  Ҳусайни Бойқаро буд, барои рушди иқтисодиёти кишвар ва беҳтар намудани вазъияти халқи меҳнаткаш саъю кӯшиш менамуд, вале душманон бо тамоми қувва ба ин кор монеъ мешуданд. Алишер Навоӣ бо шоири маъруфи адабиёти классикии форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ дӯстӣ пайдо намуд  ва ин дӯстии онҳо то охир давом кард. Он замон қариб аксарияти намояндагони илму адаб дар назди Навоӣ ҷамъ омада буданд. Шоир онҳоро  аз бисёр ҷиҳат дастгирӣ мекард, ба онҳо ёрии моддӣ мерасонид ва бо ҳамин роҳ ба инкишофи илму фарҳанг ва назм мусоидат мекард. Шоир аз худ мероси бойи адабӣ гузоштааст, ки бо ду забон – форсӣ ва узбекӣ  эҷод шудааст. Ҳангоми эҷоди шеърҳои форсӣ ӯ тахаллуси Фониро ба кор мебурд»[10, 8-9].   

Бояд тазаккур дод, ки Алишер Навои  забону адабиёт, илму фарҳанги халқи тоҷикро  хуб медонист. Дар пайравии  адибони бузурги гузашта асарҳои пурарзиши худро иншо намуд. Дӯстию рафоқати Навоӣ ва Ҷомӣ намунаи бузурги муҳаббати инсон ба якдигар буд. Мактаби адабие, ки устоду шогирд дар Ҳирот  ташкил  карда буданд, дар он намояндагони ин ду халқ таълим мегирифтанд.

Алишер Навоӣ дар марги устоди бузургвор ва бародари ҷониаш Абдураҳмони Ҷомӣ марсияи ҷонсӯзе месарояд, ки ҳангоми қироати он аз забони Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ ашк  мерезанд. Марсияи мазкур, бешубҳа, яке аз беҳтарин намунаҳои шеър дар адабиёти классикии  форсу тоҷик мебошад.

Навоӣ, аз ҷумла, дар хитоб ба рӯҳи поки устод ва дӯсти бузургвори худ навишта буд:

Ту бирафтиву дили халқи ҷаҳон  зор бимонд,

То қиёмат ба фироқи ту гирифтор бимонд.

Дӯстӣ ва садоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ, ки дар ин ду мисраъ баръало эҳсос мешаванд, намунаи барҷаста ва ибратомӯзи дӯстии тоҷику ӯзбек ба шумор меравад...».[9,15].

 Чӣ хеле, ки дар боло зикр гардид, осори Навоӣ саршор аз масъалаҳои инсонпарварӣ буда, дӯстии байни халқҳоро  новобаста аз нажоду қавм ва тобеияти динӣ   тараннум менамояд.  Шоир асарҳои беҳамто эҷод намуда,дар онҳо андешаҳои пешқадами замон, инсондӯстӣ, адолатпарварӣ ва хайрхоҳиро васф намудааст. Инчунин  ӯ дар асарҳои худ масъалаҳои таълиму тарбияро низ ҳаллу фасл намудааст, ки андешаҳои педагогиаш аз гуманизм сарчашма мегирад.

 Шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ аз худ  осори бойи адабию илмӣ гузоштааст. Зиёда аз  шаш аср мешавад, ки асарҳои беҳамтои ӯ  дар хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ ҷой гирифта, бо андешаҳои саршор аз ситоиши сулҳу дӯстӣ, инсонпарварӣ, накӯкорӣ ва ғайра дили садҳо мухлисонашро тасхир намудааст.

 Панду андарзҳои Алишер Навоӣ

- Ҳеҷ кас қудрат надорад кореро иҷро намояд, ки онро омӯзгорон ба ҷо меоранд… Омӯзгоре, ки якбора чандин бачагонро таълим медиҳаду тарбия мекунад, ӯ худ қаҳрамон аст…

- Табиб бояд моҳир ва ба кори худ содиқ бошад ва ҳамеша ба беморон кӯмак расонад. Бо беморон меҳрубонона ва самимӣ суҳбат намояд, рафтораш бояд хоксорона ва мулоҳизакорона бошад. Ҳатто ташрифи ӯ ба бемор бояд даво бошад

- Одамони хоксору батамкин бисёр ҳарф заданро дӯст намедоранд, онҳо бештар гӯш карданро меписанданд  

- Китоб – омӯзгори беминнат аст. Он ҳар лаҳза ба мо дари хирадро боз мекунад. Китоб ҳамсуҳбатест, моро хомӯшона аз корҳои махфӣ хабардор менамояд

- Ҳар касе ки ҳаёти худро ба илм мебахшад, номи ӯ пас аз марг низ ҷовидона мемонад...».[8,15].

 Хулоса. Ҳамин тавр, омӯзиш ва таҳлилу баррасии осори адабию илмии ду шоири бузург - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ  бори дигар  собит менамояд, ки онҳо  дар асарҳои худ масъалаҳои таълиму тарбия ва ташаккули  ахлоқи маънавии инсони комилро вазифаи аввалиндараҷа ҳисобидаанд. Аз нуқтаи назари онҳо инсони комил бояд дар рӯҳи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ, росткорӣ ва олиҳимматӣ тарбия ёбад. Омӯзиши асарҳои ин ду шоири бузург ба тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон, барои  дар  рӯҳи ватанпарастӣ, накӯкорӣ, садоқат ба арзишҳои миллӣ  тарбия намудани онҳо мусоидат менамояд. Махсусан ҳаминро бояд қайд кард, ки омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз осори адабӣ, илмии ин ду шахсияти бузург мисоли равшани  робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои илмию адабии онҳо буда, бори дигар  аз дӯстии  самимии ду халқи  ёру бародар  – тоҷику ӯзбек шаҳодат медиҳад. Дӯстию хамкории ин ду фарзанди барӯманди тоҷику ӯзбек барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои ин ду халқ саҳми босазо гузоштааст.

АДАБИЁТ

1. Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Таҳиягари матн, муаллифи
сарсухану тавзеҳот ва шореҳи луғот Аълохон Афсаҳзод, Душанбе,
«Маориф ва фарҳанг», 2008, 139 саҳифа.

2.Бертельс Е. Э., 1965 . Бертельс Е. Э   Навои и Джами. - М.,     1965, Избранные  труды.-195 с.

3. Гафуров Б. Таджики.кн.11.-Душанбе, :Ирфон,1989 с.

4.Джами. Лирика. Поэмы. Весенний сад» /Сборник. Вступит. статья и примеч. Аълохона Афсахзода. Ред.С. Ховари - Душанбе,-1989 – 624с.

5. Кор-0глы X. Узбекская литература/ Изд. 2-е, перераб. и доп. Учеб, пособие для филол. специальностей ун-тов. М., «Высш. школа», 1976 -303 с.

6. Мирзод Тӯйчи Адабиёти тоҷик// Китоби дарсӣ барои синфи 9.-Душанбе, 2004.

7.Пономарева  В. Чёрных З.А Таджикская литература рекомендательный указатель  Научный редактор кандидат филологических наук С. Ш. Табаров. Редактор 3. П. Шалашова -Москва, 1961.- 111 с.

8.Русский язык и лит-ра в тадж.школе.1992№ 1.стр.55-58.

 9.Эрматов С. Дӯстии ду абармард – ду абархалқ. // Омӯзгор» №39,27 сентябри соли 2018

  10.Фирдоуси/ Шахнаме. Пер.с фарси. Низами. Лейли и Меджнун.Пер.с фарси. Руставели Ш.Витязь в тигровой шкуре. Пер. с груз. Навои А.Фархад и Ширин. Пер. со староузб.: Поэмы/ Предисловие Б.Гафурова: Оформл.и ил.Н.М..Мальцева.М.: Дет.лит.,1985.-734 с.


Юлдошев Умарҷон Раҳимҷонович, доктори  илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи забони  русӣ,

 Шодиматова Малика Каримбердиевна, муаллимаи калони   кафедраи забони  тоҷикӣ,

 Хотамова Сочида Асламовна, муаллимаи калони   кафедраи забони  забони  русӣ, 

 Холматова Мавчуда Ахмедовна, муаллимаи   кафедраи забони  русӣ



06.07.2020     3595
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php