Таносуби мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ

Имрӯз ҷомеаи башар шоҳиди он аст, ки Тоҷикистон дар ободӣ, озодӣ ва пешрафти соҳаҳои илму техника мавқеи сазовор дорад. Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда, озодии инсон ва ҳуқуқҳои ӯ дар сурати комил муроот мешавад. Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои чамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад. Зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ чунин иттиҳодияи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

Ин мафҳумро Абдуллои Раҳнамо дар китоби хеш хеле муҳим ва саривақтӣ таъкид намудааст. Чунончӣ: Аз нигоҳи аввал, «ҳизб» ба маънои гурӯҳ буда, дар таркиби ҳар ҳизбе гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвари мо ҷамъ омадаанд. Мафҳуми ҳизб ба маънои як неруи мавҳум ё абстракти сиёсие нест, ки бояд бо он то бениҳоят рақобат варзид, балки он созмони гурӯҳе аз ҳамватанон ва шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвари мост. Пас, агар як ҳизби сиёсӣ талаботи қонунгузории кишварро ба ҷой оварда, ба таври расмӣ иҷозати фаъолият дошта бошад, он ҷузви машрӯъ, қонунӣ ва баробарҳуқуқи фазои сиёсии ҷомеа мебошад. Вале гоҳе истилоҳи ниҳоят сиёсишудаи «ҳизб» моҳияти инсонию шаҳрвандии ин падидаро пӯшонида, имкон намедиҳад, ки мо дар паси ин мафҳум ҳамватанону ҳаммиллатони худ ва манфиатҳои муштараки миллию давлатии худро бубинем.

Дар воқеъ чунин амалкарди ғайриқонуниро мо дар фаъолияти ҲНИТ мушоҳида намудем, ки аъзоёни он бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ бо истифода аз мавқеи сиёсие, ки давлату ҳукумати кишвар ба онҳо бовар намуда гузошта буд, ба муқобили мардумаи кишвари худ анҷом доданд. Дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Абдуллои Раҳнамо дар китоби “Дидгоҳи давлатмеҳвар” ҳамзамон таъкид менамояд, ки дар масири расидан ба мавқеи миллӣ ва такмили фарҳанги сиёсӣ ва муборизаи ҳизбию сиёсӣ ва бартарӣ ёфтани мавқеи миллӣ бар мавқеи ҳизбӣ низ хеле муҳим аст. Ин ҳолатро метавон боло гирифтани ҳувияти ҳизбӣ бар ҳувияти миллию давлатӣ номид, ки бешубҳа, ҳолати комил нест. Дар чунин суратҳо инсон як ҳамдину ҳаммазҳабу ҳамватани худро фақат ба хотири дар ҳизби сиёсии ӯ набуданаш барои худ бегона медонад. Пас инсонӣ ва шаҳрвандӣ шудани нигоҳи ҷомеа ба муборизаи сиёсӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ як зарурат барои солимсозии муҳити сиёсӣ ва муборизаи ҳизбӣ мебошад. Аз тарафи дигар, нигоҳи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷомеа низ бояд инсонӣ ва шаҳрвандӣ гардад. Бале, ҳар ҳизби сиёсӣ созмони бахше аз шаҳрвандон ва ҳамватанони комилҳуқуқи мост ва аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дигарон аз он бархӯрдоранд, бархӯрдор мебошад. Вале дар айни замон, ҳар ҳизби сиёсӣ бояд ин воқеиятро дарк намояд, ки фаъолияти он мавқеъ ва манфиатҳои фақат бахше аз шаҳрвандон ва ҳамватанонро ифода мекунад. Яъне худи «ҳизб» будан, пеш аз ҳама, ба маънои фақат як бахше аз ҷомеа, як гурӯҳе аз шаҳрвандон будан аст, яъне ба маънои ҳамаи ҷомеа ва ҳамаи шаҳрвандон набудан. Пас ҳамон гунае, ки ҷомеа бояд ҳуқуқи будан ва ҳуқуқи фаъолияти як ҳизби сиёсиро ҳамчун ифодагари мавқеъ ва манфиати бахше аз шаҳрвандон, эътироф намояд, ҳар ҳизби сиёсӣ низ бояд мавқеи фақат як бахше аз ҷомеа ва нигоҳи фақат як гурӯҳе аз шаҳрвандонро ифода кардани худро низ эътироф намояд. Вале мушоҳида мешавад, ки ҳизбҳои сиёсӣ гоҳе як ҳизб будан, яъне ифодагари назар ва манфиати фақат як бахше аз шаҳрвандон будани худро фаромӯш карда, ҳамагӣ ба таври мутлақ аз номи миллат ва мардуми кишвар суҳбат мекунанд. Аз баёнияҳои онҳо метавон чунин бардошт намуд, ки гўё дар ин кишвар чандин «мардуми кишвар», чандин «миллати тоҷик», чандин «халқ» ва чандин «ҷомеа» вуҷуд дошта бошад. Пас, бисёр муҳим аст, ки ҳизби сиёсӣ низ «ҳизб» будани худро, яъне баёнгари мавқеи фақат бахше аз шаҳрвандон будани худро, дарк ва риоят намоянд.

Ҳоло ҷомеа ба идеологияи нав, ки дар доираи муқаррароти қонунгузории кишвар ба вуҷуд меояд, ниёз дорад, ки онро метавонанд ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод ва ҷомеаро ба сӯи пешрафту рушди устувор раҳнамун созанд. Китоби “Дидгоҳи давлатмеҳвар” – и Абдуллои Раҳнамо ба масъалаҳои муҳими фаъолияти ҳизбҳои сиёсии кишвар, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол нуқтаи назар намудааст, ки барои баланд бардоштани дарки мафҳуми ҳизбҳои сиёсӣ, амалкарди онҳо ва мавқеашон дар фаъолияти сиёсии ҳар фарди ҷомеа нақши сазовор дошта, ҷомеаро ба сӯи пешрафту рушди устувор раҳнамун месозад.

Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Турсунова З.Г.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


05.04.2021     361
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php