Тамоку дар натиҷа касро ҳалок мегардонад

Имрӯз яке аз масъалаҳо, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин аз истифодаи зиёди маҳсулоти тамокудор, аз ҷумла сигор ба бемориҳои гуногун мубтало шудан ва ба марг расидани истеъмолкунандагони он мебошад. Ҳоло барои сади роҳи ин падидаи номатлубро гирифтан ҳамаи кишварҳои ҷаҳон чораҳои пешгирикунандаро амалӣ карда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пешгирии бемориҳое, ки аз дуди заҳролуди сигор ба амал меоянд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тибқи маълумоти бадастомада 9 дарсади мардони аз 15 то 59 солаи аҳолии кишварамон аз тамоку истифода бурда, саломатии худро дар хатар мегузоранд. Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ дар мамлакат қонунгузорӣ пурзур гардидааст. Тибқи асоноди ҳуқуқии мавҷуда асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд. Тамокукашӣ ва заррари дуди он дар тамоми давраҳои ҳаёти инсон таъсири бади худро ба организм мерасонад. Мутаассифона, имрӯзҳо баъзан ба назар мерасанд заноне, ки онҳо низ ба истифодаи маҳсулоти тамокудор машғул мешавад, ки ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, зане ки ба сигоркашӣ даст мезанад, ин пеш аз ҳама ба саломатии насли ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Дар синни ширмакӣ бошад сабаби синдроми марги ногаҳонии навзод мегардад. Дар синни кӯдакию наврасӣ таъсири тамоку сабаби маъюбшавӣ дар натиҷаи бемориҳои респираторӣ мегардад. Донишмандон бар он назаранд, ки дар таркиби дуди сигор қариб 1200 ва дар худи сигор тақрибан 4000 намуди моддаҳои кимиёвии хатарнок вуҷуд дорад ва дар натиҷа истифодабарандагонро бо бӯйи ғализу ашковараш ҳалок мегардонад. Дар қатрони тамоку моддаҳои заҳрноки химиявӣ, ба мисли бензатратсен, изотопи радиоактивии калий, марги муш ва як қатор карбогидридҳо мавҷуданд. Моддаи асосии зудтаъсиру заҳрноки тамоку никотин аст ва ин моддаи заҳрнок равғанмонанд буда, аз баргҳои гиёҳи тамоку пайдо мешавад. Дар баргҳои тамоку миқдори никотин аз 1 то 1,5 фоиз ва дар баъзе навъҳояш то ба 6-8 фоиз мерасад. Дар сигоре, ки вазнаш 1 грамм аст, аз 10 то 15 милиграмм никотин мавҷуд аст. Моддаи заҳровари никотин бештар ба узвҳои асаб, ҳозима, роҳҳои нафаскашӣ, дилу рагҳои хунгард, гурда, масона, ҷигар ва ғ. таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи тадқиқот ва пажӯҳиши табибони аврупоӣ дар Лондон, истифодаи рӯзмарраи сигор шахсро мубтало ба бемориҳои фишори баланди хун, масдудшавии рагҳои хунгард ва ғализии хун, ки ба сактаи қалбӣ оварда мерасонад, камшавии витамини С дар бадан, камшавии системаи эминии бадан, саратони гулӯ ва даҳон, бранхит ва омфезим, захми меъда ва камшавии вазн мегардонад. Никотин ҷаббиши ғизоро дар рӯдаҳо суст, он ғизое, ки тамокукаш истеъмол менамояд, ба ҷурми сигарет ҳазм намешавад. Никотинро аз ҷиҳати заҳрнокӣ ба кислотаи синилӣ баробар донистаанд. Ҳамчунин, аз таъсири дуди тамоку сири дандон, пардаҳои луобии ҳалқ, найчаҳои шуш, шохаҳои хурдтарини онҳо-бронхҳо ва ҳубобчаҳои шуш осеб мебинанду асабҳои марказӣ ва канориро ангехта, фишори хунро баланд, хунрагҳои майдаро танг, нафаскаширо тез, тарашшӯҳи ғадудҳои узвҳои ҳозимаро зиёд мекунад. Мутобиқи қонунгузории мамлакат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шудани ноболиғон ба фурӯши маҳсулоти тамоку қатъиян манъ аст, вале аксари вақтҳо аз беназоратӣ ва бемасъулиятии волидон ин амали зишт ҳам аз ҷониби ноболиғон ҳам худи падару модарон ба чашм мерасад.

Тадқиқоти дигари табибон нишон додааст, ки марду зани сигоркашро хатари аз байн рафтани ҷанини писар мавҷуд буда, эҳтимоли зиёд таваллуд шудани духтар бештар аст ва пас аз таваллуд тифл ба бемориҳои мадарзодию даигар бемориҳои азиятдиҳанда гирифтор мешавад. Ин тадқиқот аз сӯи доктор Дилитлигроф дар давоми солҳои 1998 то 2003 дар нисбати 9000 занҳои ҳомила гузаронида шудааст. Доктор Дилитлигроф дар тадқиқоташ нишон додааст, ки занҳои сигоркаш дар вақти ҳомиладорӣ ва ё ба дуди сигор наздиканд, нисбат ба занҳои аз дуди сигор дур буда, 90 фисад аз писардор шудан маҳруманд. Тамокукашӣ яке аз омилҳои асабонияти истифодабарандагон мебошад, ки махсусан инро дар ноболиғон ва ҷавонон мушоҳида кардан мумкин аст. Тайи солҳои охир дар байни ҷавонон чилимкашӣ (колян) ба мӯд даромадааст ва истифодабарандагон намеандешанд, ки дуди чилим монанди дуди сигор аст ва аз рӯи баъзе нишондодҳо нисбат ба гази карбон хавфноктар мебошад. Дуди тамоку барои атрофиён низ зараровар аст ва бояд волидон инро фаромӯш насозанд, ки дуди тамоку махсусан ба саломатии кӯдакону наврасон таъсири ногувор мерасонад. Донишмандону табибон дар даҳ соли охир муайян кардаанд, ки шахсони умуман тамоку накашанда, гирифтор ба бемориҳои хоси тамокукашон шудаанд ва сабабаш дар он аст, ки онҳо бо нафарони истифодабарандаи тамоку дар як манзил кор ва ё зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи равоншиносон муаммои тамокукашӣ натанҳо проблемаи тиббӣ аст, балки ҷиҳатҳои равонӣ низ дорад. Ба андешаи онҳо дар натичаи кашидани тамоку асаби инсон то андозае хароб шуда, боиси фаромушхотирӣ ва зуд-зуд асабонӣ шудани истеъмолкунанда мегардад. Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд кашидани сигор ба бемориҳои роҳи нафас, дил ва вайрон шудани таркиби хун оварда мерасонад. Ба гуфтаи онҳо дуди заҳролуди тамокуро на танҳо шахси истифодабаранда, балки ашхоси дар иҳотаи ӯ буда низ мекашанд ва барои онҳо зараровар аст. Тибқи тадқиқоти Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ шумораи тамокукашон дар ҷаҳон 20 миллион нафар афзуда ва ба 1,3 миллиард нафар баробар шудааст. Ба гуфтаи ин созмон, дар сартосари ҷаҳон ҳар сол бештар аз 5 миллион нафар аз заҳри тамоку мефавтанд. Бо назардошти ин, падару модар ва калонсолон вазифадоранд, ки кӯдакону наврасонро аз чунин ҳолатҳои номатлуб эмин нигоҳ доранд, инчунин худи онҳо низ сигору тамоку истифода набаранд, зеро ки ҳавои аз сигор дудолуд ба ҷисми кӯдакони навзоду хурдсол таъсири манфии зиёдтар мерасонад. Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон бештар аз 6 миллион нафар бар асари истеъмоли тамоку ё бӯйи бади он ҳалок мегарданд. Агар барои пешгирии ин падидаи номатлуб чораҳои заруриӣ андешида нашаванд, то соли 2030-юм дар ҷаҳон ҳар сол шумораи фавти истеъмолкунандагони тамоку ба 8 миллион нафар мерасанд. Воқеан андеша кунед, нафари сигоркаш маблағ сарф карда, сигор мехарад, аммо андеша намекунад, ки ин танҳо сигор не, балки зарарест ба ҷони худу наздиконаш харидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр маврид иродаи заиф ва ноустувор метавонад шахсро хеле осон ба доми амалҳои пурхатар афканад. Тансиҳатӣ бошад, беҳтарин сармоя барои инсоният маҳсуб меёбад. 

Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа 

Валиев Давлатёр -хабарнигори шуъба


25.02.2021     625
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php