ТАБИБОНИ ЗАМОНИ САЛТАНАТИ ХОРАЗМШОҲИЁН ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ

Шарофуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Мансури Ҷурҷонӣ (1042-1137) яке аз олимони барҷастатарини тоҷик дар замони Хоразмшоҳиён буда, мувофиқи баъзе маълумотҳо ӯро ҳатто “Гиппократи дуюм” низ дар таърих ёд мекарданд. Ҳамчун бузургтарин табиб дар дарбори Қутбиддин Муҳаммади Ануштегин (1097-1127) ва писараш Отсиз (1127-1156) фаъолият намудааст Ӯ дар баробари офаридани асари “Захираи Хоразмшоҳӣ” , ки дорои аҳамияти баланди тиббӣ аст, инчунин асрҳои “ат-тибб-ул-муулукӣ” (королевская медицина- З.А.), “Ал-ағроз-ут-тиббия ва мубоҳис-ул- алоия”, “Хифии Алоӣ”, “Ёдгор”, “ат-тазкират-ул-ашрафия фӣ-с-саноати-л-тиббия”, “Зубдату-тибб”(сушность медицине), “Китоб фӣ-л-қиёс”, “Китоб фӣ-л-таҳлил”, “Рисала –фи-амрад –ал -айн” (Трактат о болезнях глаз) ва “Китоб-ул-мунаббаҳ ”-ро офаридааст. Китобҳои мазкур аз ин олиму табиби тоҷик ба мерос мондаанд ва шарҳу тавзеҳи онҳо тадқиқоти алоҳидаро талаб менамояд. Дар байни асрҳои ин табиби нотакрори тоҷик “ Захираи Хоразмшоҳӣ” ва “Зубдату-тибб” мақоми ниҳоят илмӣ доранд, ки метавонанд барои табибони муосир раҳнамои касб бошанд. Китоби “Зубдату-тибб” асосан аз се қисм иборат аст: 1. “Введение в познание основ медицины и признаки выздоровления больного”, 2. “Хрургическое вскрытие членов человеческого организма” ва 3. “Лечение болезней и диета”.Абӯалӣ Ҳасан ибни Иброҳим Каттони Марвазии Бухороӣ табиб, риёзидон ва адиби машҳури замони салтанати Хоразмшоҳиён ба ҳисоб мерафт. Ин олими маъруф дар соли 1153 дар замони муборизаи ғузҳо ба ҳалокат мерасад. Асари тиббии ӯ бо номи “Рисола фӣ- т-тибб” то замони мо боқӣ мондааст. Заҳурриддин Абӯлҳасан Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ олими нотакрори тоҷик ба ҳисоб рафта, дар самти тиб асарҳои арзишмандашро бо номҳои “Китобу асомии –л- адвия ва хаввосихо ва манофеиҳо” ва “Китобу атъимату – л- марзо” ба мерос гузоштааст. Маҳмуди Чағминӣ табиби ҳозиқи замони Хоразмшоҳиён буда, бо номи ифтихории “фахри Хоразм” низ шинохта мешуд. Асари ӯ бо номи “Қонунча” машҳур буда, аломатҳо ва табобати бемориҳоро дар бар мегирифт. Ӯ масъалаҳои назарии тибро ба таври сода ба хонандагон пешкаш намуда аст. Умуман дар замони ҳукумати Хоразмшоҳиён табибони зиёди тоҷик ба майдони илм омаданд ва мероси илмии онҳо ба тадқиқоти мукаммал ниёз дорад.

Шуъбаи тарбия


08.02.2021     193
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php