Суҳбати марди Худо мардат кунад!

Суҳбати марди Худо мардат кунад,

Суҳбати ҳар носазо сардат кунад.

Паёми Сарвари давлат ба Парламент ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқии Президенти мамлакат мақому манзалат ва нуфузу эътибори зиёдро касб намудааст ва боиси омӯзишу иҷроиши ҷомеаи шаҳрванди қорор гирифтааст. Он дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷоӣи махсусро ишғол намуда, дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Пӯшида нест, ки солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳон тағир ёфта хавфҳои нави умумибашарӣ ба миён омадаанд. Аз ин лиҳоз, суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат дар бораи ватандӯстиву ватанпарастӣ, адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.

Имрӯз миллати тоҷик барои ноил шудан ба озодӣ бо кору пайкор, созандагиву бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Дасисабозии ошкоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба давлату миллати тоҷик фитнакории навбатӣ нисбат ба роҳбарияти давлати Тоҷикистон мебошад. Ин матлабҳои беасоси иғвогарон бори дигар шаҳодат медиҳанд, ки онҳо ҳадафи ба вуҷуд овардани бесарусомонӣ ва шубҳаву гумон миёни мардуми осоиштаи кишварро доранд. Мо бояд кӯшиш ба харҷ дода бошем, то аз суҳбати ин гурӯҳҳо, ки аз нодонӣ гирифтори ин бало шудаанд, дур бошем ва нагузорем, ки ҷавонони моро раҳгум созанд. Зарифи Форёбӣ нисбати суҳбат бо нодонон хуб гуфтааст:

Ҷомаи чармин шумаранд суҳбати нодонро,

Зеро, ки гарон бошаду тан гарм нагирад.

Мо хуб дарк намудаем, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй дорад, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда намояд. Ҳол он, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст. Ин нафарони бадгуҳар бо ҳидояти хоҷагони аҷнабияшон ором нестанд ва мехоҳанд Тоҷикистонро ба мисли Афғонистон, Сурия, Ливиё, Ироқ ба вартаи ҳалокат кашанд. Онҳо мехоҳанд мардуми Тоҷикистонро аз нав овораву бехонумон созанд. Ҳадафҳои асосии Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори давлат ва ташаккули миллати мутамаддин, таъмини саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Мардуми миллати куҳанбунёди тоҷик, ки аз дарси сангини зиндагӣ борҳо сабақ гирифтааст, таҷрибаи кофӣ дорад ва ин таҷриба сабаб шуд, ки номзади арзандаи худро ба вазифаи Президенти кишвар озодона интихоб намуда, ба ттаҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Ҳадафи навбатии стратегияи давлатии Тоҷикистон аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани кишвар буда, боиси бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидани ҷавонон хоҳад шуд.

Ҷомеаи имрӯзаи моро зарур аст, ки кирдорҳои хусусияти баддоштае, ки боиси норозигии мардум мегарданд пешгирӣ намуда, ҳамарӯза дар ислоҳи рафтори хеш бошем. Зеро Пешвои муаазами миллат бо ҷоннисориҳои зиёде Ватанро аз вартаи ҳалокат раҳонида, халқи моро ба ин рузҳои нек расониданд.

Мо хуб медонем, ки бе роҳбари оқилу кордон ягон давлат ба пешравиҳо ноил намегардад. Бо рафтору кирдор ва содиқии хеш ба Ватану миллат, ба хизматҳои Пешвои муаззами миллат арҷгузорӣ намудан камоли инсонгарист. Ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки пеш аз ҳама нангу номуси ватандорӣ дошта, баҳри ободии сарзамини аҷдодии хеш талош варзад. Мардуми кишвар ва ҷавонони диёрро ба некукориву созандагӣ ҳидоят намояд. Пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллату давлатро бигирад. Воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос намуда, ҳушёру зирак, ватандӯсту меҳанпарвар бошад ва ҳамеша саъю кӯшиши худро баҳри ободиву сарсабзии Ватани равона созад!                                                                                                       

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. – мутахассиси шуъба


30.03.2021     502
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php