ШОЗОДА МУҲАММАД ИБНИ САИДФАРРУХШОҲ АВВАЛИН ТАБИБИ ХАЛҚИИ БАДАХШОН

Кӯҳистони Бадахшон, ки як минтақаи дастнорас то Инқилоби Октябр ба ҳисоб мерафт шароити бади зиндагии тоҷикони кӯҳистон ва набудани хизмати тиббӣ аҳолии маҳаллиро азоб медод. Касалиҳои гуногун садҳо нафар одамонро ба дами марг оварда мерасонд. Вале маълум аст, ки дар табиати нотакрори Бадахшон ва кӯҳу камари он гиёҳҳои нодири мерӯиданд, ки бемориҳои гуногунро шифо мебахшиданд. Пушида нест, ки ҷиҳати набудани таълиму мактаб дар ин сарзамини дурдаст мардуми маҳаллӣ аз истифодаи гиёҳҳои шифобахши маҳаллашон бехабар мемонданд. Зарурияти омӯзиши мавзӯъ дар он аст, ки дар чунин шароити номусоиди ҳаёт шахсияти бузург, нахстин гиёҳшиноси мардуми Бадахшон ба майдони илм баромада ба захми мардуми   бенаво малҳам гардид. Ин табиби мардумӣ бо ин ҳадаф “Ал Қоун”- и Ибни Сино, “Захираи Хоразмшоҳӣ”, “Тибби Акбар”, “Тибби Юсуфӣ” ва дигар осори гаронбаҳои саромадони тибби Шарқро мутолиа намуда бо ин васила мардми маҳаллиро аз бемориҳои гуногун наҷот медод.

         Олим, ахтаршинос, табиб ва хаттоти нотакрори Бадахшон Шоҳзодамуҳаммад ибни Саидфаррухшоҳ соли 1869 дар деҳаи Сарои Баҳори ноҳияи Шуғнон дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Шозодамуҳаммад аз синни хурдсолӣ ба ҳунари хаттотӣ шуғли варзида бошад ҳам, аз дигар илмҳо низ дар канор намонда буд. Шавқу ҳаваси ӯ ба донишомӯзӣ боиси он гардид, ки ҳанӯз дар замони ҷавониаш чун донишманди варзида ном баровард. Мирзо Қаландари Шуғнонӣ оиди бузургиву сифатҳои олии ин абармарди бузург гуфтааст:

Соли ӯ хурд аст, аммо дар фаросат меҳтар аст,

Дар раҳи дониш тамоми олимонро сарвар аст.

Ҳар ғариби мустаманди бенаворо роҳбар аст.

Дар ҳақиқат бо ҳама хубони Шуғнон афсар аст...

Шозодамуҳаммад баробари омӯхтани илмҳои замон ба табобат намудани мардум аз рӯи китобҳои тибби ниёгон шуғл меварзид. Ӯ ҳам мисли табибони гузашта пеш аз муолиҷа аввал набзу забони беморронро месанҷид, корура ва тамизро таҳқиқмекард, сипас ба табобати мариз оғоз мекард.. Ӯ рӯзона агар вақташро ба табобати маризон мегузаронд, шабона дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигари табобат бо роҳи гиёҳдармонӣ сарф мекард. Шозодамуҳаммад доруҳоро дар шакли қиём, шираву шарбат, омехтаи гиёҳҳо, обдам, обҷӯш ва ғайра тайёр мекард. Табиби мардуми Шоҳзодамуҳаммад барои дастрас намудани гиёҳҳои шифобахш роҳҳои душворгузари кӯҳиро тай намуда то минтақаи дурдасти Ҷавшангоз ҳам расидааст. Аксарияти гиёҳҳои шифобахшро дар ҳавлиаш низ кишт мекард.

Шуъбаи тарбия


30.03.2021     186
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php