Шайхулраис Ибни Сино - табиби ҷисму ҷон Ба муносибати рӯзи табибон

Абӯалӣ ибни Сино барҷастатарин шахсияти таъсиргузор дар илму фарҳанги тоҷику форс аст. Овозаи ӯ аз марзҳои миллӣ фаротар рафтаву ранги ҷаҳонӣ гирифта аст. Ӯ низ чун бисёре аз фарҳангмардони ин сарзамин дар тамоми арсаҳои илмӣ соҳибназар будааст. Дар пизишкӣ, баъд аз Муҳаммад Закариёи Розӣ, касе ба камоли ӯ намерасад. Назарияҳои ӯ дар ин арса хеле муҳиму муътабар барои пажӯҳишгарони имрӯза ба шумор меравад. Ибни Сино аз бузургтарин бузургони ҷаҳон аст ва касе аст, ки илми тибро дар замони худаш ба дараҷаи бисёр баланд ва олӣ расонид. Дар фалсафа ҳам коре кард, ки чандсад сол баъд ҳам дигарон идома доданд. Дар бисёре аз масъалаҳо оғозгар ва соҳибмактаб буд. Мо пизишкони бисёре доштем, аммо ҳеҷ кадом ба андозаи ӯ бар илми тиб соҳибмақом набуданд. Абӯалӣ Сино на танҳо дар миёни тоҷикон, яъне эронинажодон, балки дар саросари ҷаҳон аз нодиртарин шахсиятҳои таърихӣ ба шумор меояд.

Ин бузург на танҳо аз хислату дониши як фарди мардуми мо, мардуми эронинажод гувоҳӣ медиҳад, балки шоҳиди он ҳам ҳаст, ки Абӯалӣ Сино тавонист тамаддуни эронинажодҳоро ба сатҳи пешрафтатарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ тараққӣ диҳад. Ӯ аз юнониҳо ва арабҳо ҳам омӯхт, аз навиштаҳои онҳо омӯхт ва қонуне падид овард, ки қонуне шуд барои ҳамаи табибҳои дунё. Қонуне, ки дар заминаи он илми тибби дунё равнақ ёфт. Аз ин сабаб дар таърихи тамаддуни мардуми мо, мардуми эронинажод, Абӯалӣ Сино аз чеҳраҳои бисёр бузург ва фаромӯшнашуданӣ аст.

Абуалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёт умр ба сар бурд, чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набуд. Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро мустақилона омӯхта, дар 16-солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд ва

чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илоҳӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абуалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷиддӣ ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард. Доир ба таҳсили илм мегуяд: «Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам».

Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ Сино он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X—XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абӯалӣ ибни Сино ниҳоят зиёд аст.

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абуубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиҳанд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомузи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро рунамо месозанд.

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,

Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.

Ҳамин маъниро Абӯалӣ Сино дар охарин сухани қабл аз марги худ баён кардааст: Мурдему ончи бо худ бурдем ин аст, ки донистем, ки ҳеҷ надонистем.


Таибов С. А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.-мутахассиси шуъба



06.08.2020     273
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php