Шароити таърихӣ ва омилҳои ташкилёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Миёнаҳои солҳои 80-ум дар ҳайати ИҶШС (Иттиҳоди Шӯравӣ) 15 ҷумҳурии иттифоқӣ шомил буд. Дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ бештар аз 270 млн. нафар одамон - намояндагони зиёда аз 150 миллату халқиятҳо зиндагӣ менамуданд.

Ба вуҷуд омадани норозигӣ дар ҷумуриҳои иттифоқ бештар натиҷаи зоҳир накардани таваҷҷӯҳи марказ ба талаботи онҳо, фишори марказ дар ҳалли масъалаҳои моҳияти маҳаллӣ дошта ва дахолати абарқудратҳои Ғарб бо роҳбарии ШМА буд. Нерӯҳои мухолиф дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз тарафи ҷабҳаҳои мардумӣ, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои нав ("Рух" дар Украина, "Саюдис" дар Литва, "Растохез" дар Тоҷикистон, "Бирлик" дар Ӯзбекистон ва ғайра) муттаҳид гардида буданд. Маҳз ҳамин ҳаракатҳо инъикоскунандаи ғояҳои мустақилияти давлатӣ, баромадан аз ҳайати ИҶШС гардиданд.

Роҳбарияти ИҶШС омода набудани худро ба ҳалли масъалаҳои ба вуҷуд омада, дар натиҷаи низоъҳои байни миллатҳо ва халқиятҳо ва боло рафтани ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ дар ҷумҳуриҳо нишон дод. Моҳи декабри соли 1986 бори аввал дар Иттиҳоди Шӯравӣ гирдиҳамоӣ ва намоишҳои оммавӣ дар шаҳри Алмаатои Казоқистон ба амал омада, ки сабаби он ба вазифаи котиби якуми ҳизби Коммунисти Қазоқистон интихоб гардидани шахси бегона, берун аз ҷумҳурӣ буд.

Эътирози оммаҳои васеи аҳолӣ дар ҷумҳуриҳои Назди Балтика, Украина, Белорусия аз ҷониби ҷабҳаҳои миллӣ роҳбарӣ мегардид. Талаби асосии онҳо нашр намудани матни шартномаи дар соли 1939 байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони фашистӣ ба имзо расида, дар бораи муҳоҷир намудани аҳолӣ аз минтақаҳои Назди Балтика, Украина ва Белоруссияи Ғарбӣ буд. Соли 1988 амалиёти ҷангӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон барои дар ихтиёри худ нигоҳ доштани Кӯҳистони Қарабоғ оғоз гардид.

Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон байни мардуми таҳҷоӣ ва туркҳои месхетии ба инҷо муҳоҷир шуда задухӯрд ба амал омад. Чунин задухӯрдҳо дар шаҳри Новий Узени Қазоқистон низ сар зада буданд. Моҳи апрели соли 1989 дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон дар давоми якчанд рӯз намоиш хои оммавӣ барпо гардиданд. Талаби асосии намоишчиён ба амал баровардани ислоҳоти демократӣ ва истиқлолияти давлатии Гурҷистон буд.

Аз охири солҳои 80-ум ҳаракатҳои миллии ҷумҳуриҳои Назди Балтика барои баромадан аз ҳайати ИҶШС вусъат ёфтанд. Тирамоҳи соли 1988 дар интихоботи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият дар Эстония, Латвия, ва Литва намояндагони ҷабҳаҳои мардумӣ ғалаба ба даст дароварданд. Ин қувваҳо дар назди худ вазифаи ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ташкили давлатхои мустақилро гузоштанд. Моҳи ноябри соли 1988 Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Шӯрои Олии ҷумҳурии Эстония тасдиқ гардид. Чунин Эъломияҳо дар Литва, Латвия, Озарбойҷон (1989) ва ҷумҳурии Молдавия (1990) қабул карда шуданд.  Баъд аз эълони истиқлолият дар ин ҷумҳуриҳо интихоботи президентӣ шуда гузашт.

Ҳамин тариқ, ҷумҳуриҳои ба ҳайати ИҶШС дохил буда, қадам ба қадам ба сӯи истиқлолияти сиёсӣ пеш мерафтанд. 12-умии юни соли 1990 Анҷумани I вакилони мардумии ҶШФС Россия дар бораи истиқлолияти давлатӣ Эъломия қабул намуд. Дар ин ҳуҷҷат афзалият доштани қонунҳои ҷумҳурӣ аз болои амали қонунҳои иттифоқӣ ба расмият дароварда шуд. Б.Н.Елтсин аввалин Президенти Федератсияи Россия интихоб гардид.

Баъд аз қабул гардидани Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ масъалаи тақдири ояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ аҳамияти муҳим пайдо намуд. Анҷумани IV вакилони мардумии ИҶШС моҳи декабри соли 1990 дар бораи зарурати нигоҳ доштани ИҶШС ва ба давлати демократии федеративӣ табдил додани он қарор қабул кард.

Марти соли 1991 доир ба масъалаи нигоҳ доштани ИҶШС раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуда буд ва 76,4% шаҳрвандони ИҶШС ба тарафдории нигоҳ доштани он овоз доданд.  Апрел - майи соли 1991 дар бӯстонсарои Ново-Огарёво гуфтушуниди Президенти ИҶШС М.С.Горбачев бо роҳбарияти нӯҳ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ оид ба масъалаи созишномаи нави иттифоқӣ баргузор гардид. ҳамаи ширкаткунандагони музокирот ташкил намудани Иттиҳоди нав ва ба имзо расонидани созишномаи навро дастгирӣ намуданд.

Лоиҳаи созишномаи нав ташкил намудани Иттиҳоди Давлатҳои Соҳибистиқлол (ИДС)-ро ҳамчун Федератсияи демократии ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол ва баробарҳуқуқи Шӯравӣ, ба амал баровардани тағйирот дар сохтори мақомоти ҳокимият ва роҳбарии марказ, қабули қонуни асосии нав ва дигар намудани системаи интихоботиро дар назар дошт. Маросими ба имзо расидани Созишнома бояд  20 августи соли 1991 баргузор мегардид.

Чанд рӯз қабл аз имзои созишнома, нерӯҳои мухолиф кӯшиши хотима бахшидан ба ислоҳот ва гирифтани пеши роҳи барҳам хӯрдани давлатро намуданд.  Дар ин росто шаби 19-уми августи соли 1991 Президенти ИҶШС М.С.Горбачёв аз ҳокимият барканор карда шуд. Як гурӯҳи ходимони давлатӣ изҳор намуданд, ки М.С.Горбачёв бо сабаби бад будани аҳволи саломатиаш наметавонад вазифаи Президенти ИҶШС-ро иҷро намояд.

Дар мамлакат ба мӯҳлати 6 моҳ вазъияти фавқулодда эълон гардида, гузаронидани намоиш ва корпартои?о манъ карда шуд. Комитети давлатии ҳолатҳои фавқулодда (КДҲФ - ГКЧП)- и ИҶШС ташкил дода шуд. Ба ҳайати он ноиби Президенти ИҶШС Г.И.Янаев, нахуст вазир В.С.Павлов, раиси Комитети давлатии бехатарии ИҶШС В.А.Крючков, вазири мудофиа Д.Т.Язов ва дигар намояндагони сохторҳои давлатӣ дохил гардиданд. КДҲФ  изҳор намуд, ки дар назди худ вазифаи аз байн бурдани бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ, низоъи байни миллатҳо ва шиддати вазъияти ҷамъиятиро ба миён гузоштааст. Моҳияти ҳамаи ин изҳоротҳо маънои барқарор кардани тартиботи давлатии то соли 1985 мавҷуд бударо дошт.

Маркази ҳодисаҳои моҳи август шаҳри Москва буд. Ба шаҳр қувваҳои ҳарбӣ дохил карда шуданд. Табақаҳои васеи аҳолӣ, аз ҷумла, аксари кормандони ҳизбӣ мавқеи КДҲФ-ро дастгирӣ накарданд. Президенти Россия - Б. Н. Елтсин шаҳрвандони кишварро даъват намуд, ки мақомоти қонунии ҳокимиятро дастгирӣ намоянд. Фаъолияти КДҲФ бошад  ҳамчун табаддулоти давлатӣ маънидод карда шуд.

Дар бораи ба итоати Президенти Россия гузаштани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ қарор қабулкарда шуда,  22-юми август аъзоёни КДҲФ ба ҳабс гирифта шуданд.  Б.Н.Елтсин дар бораи манъ намудани фаъолияти ҳизби коммунист дар қаламрави ҷумҳурии Федеративии Россия фармон бароварда,  23-юми августи соли 1991 ба фаъолияти ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ хотима бахшида шуд.

Ҳодисаҳои 19-22-юми августи соли 1991  пош  хӯрдани ИҶШС-ро тезониданд. Дар давоми як-ду моҳ бештари ҷумҳуриҳо истиқлолияти сиёсии худро эълон намуданд Охири август Украина дар бораи истиқлолияти сиёсӣ Эъломия қабул намуд. 

Моҳи декабри соли 1991 дар минтақаи Беловежская Пуша (Белорусия) маҷлиси машваратии сарони давлатии се ҷумҳурӣ - Россия (Б.Н. Елтсин), Украина (Л.М.Кравчук) ва Белорусия (С.С. Шушкевич) баргузор гардид. 8-уми декабр онҳо дар бораи қатъ гардидани амали Шартнома дар бораи ташкил ёфтани ИҶШС аз соли 1922 ва дар бораи хотима ёфтани фаъолияти сохторҳои давлатии собиқ ИҶШС қарор қабул намуданд. Дар амин маҷлис Созишнома дар бораи ташкил додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба имзо расид

Бояд қайд намд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар асоси принсипи марзӣ бунёд ёфтааст, иттиҳоди нави минтақавӣ мебошад. Ба қатори созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ шомил намудани ИДМ, ки дар адабиёти хориҷӣ вомехӯрад, нодуруст аст. Далели асосӣ зидди чунин нуқтаи назар он аст, ки ИДМ ҳуқуқи субъекти байналмилалиро надорад.

Аз рӯи мақсад, шаклҳои ташкилӣ, вазифаҳо, натиҷаҳои мушаххаси фаъолият шабоҳати ИДМ бо чунин иттиҳоди минтақавии давлатҳо ба мисли Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории Осиёю уқёнуси Ором вуҷуд дорад. Аз ҷумла, барои рушди давлатҳои ИДМ он далел аҳамияти муҳим дорад, ки давлатҳои мустақили аъзои ИДМ дар Европа ва Осиё ҷойгир шудаанд. Тараққиёти иқтисодии онҳо бо рушди он давлатҳое алоқамандӣ дорад, ки аъзои созмонҳои минтақавии Осиё ва Аврупо  мебошанд. Бо воситаи сохтори мураккаби алоқаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ бо мамлакатҳои дигар минтақаҳои ҷаҳон ба роҳ монда шудааст.

Иттиҳодияҳои минтақавии интегратсионӣ ба монанди созмонҳои байналмилалии давлатҳо дастгоҳҳои умумии идоракуниро аз қабили машваратӣ, иҷроия, маъмурӣ, судӣ доранд, ки фаъолияти онҳо барои ташкили иттиҳодияи сиёсӣ мусоидат менамояд. Яке аз тамоилҳои навтарини рушди созмонҳо ва иттиҳодияҳои минтақавии байналмилалӣ ин бунёди мақомотҳои байнипарлумонӣ мебошад, ки онҳо вазифаҳои машваратиро иҷро карда, омили демократиконии муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд. Айнан чунин мақом Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ мебошад.

Ҳанӯз дар даҳсолаи аввали мавҷудияти ИДМ асоси меъёрӣ-ҳуқуқии аъзои он ба вуҷуд оварда шуд. Якчанд ҳуҷҷатҳо ба истифодаи потенсиали иқтисодии мамлакатҳои аъзои иттиҳод равона шудаанд. Бо вуҷуди ин як қатор созишномаҳо қисман ё ҳатто пурра иҷро намешуданд. Аз ҷумла, он амалиёти ҳуқуқие, ки бе онҳо ҳуҷҷатҳои имзошуда эътибори ҳуқуқии байналмилалӣ надоранд, иҷро намешд. Ин пеш аз ҳама аз тарафи парлумонҳо ва ҳукуматҳои миллӣ тасдиқ шудани созишномаю шартномаҳо буда, боиси он мегардад, ки баъзе аз давлатҳои аъзои ИДМ ӯҳдадориҳои гирифтаашонро иҷро намекарданд.

Дар солҳои аввали мавҷудияти худ ИДМ сохтори давлатии он хусусияти сунъиро касб карда, бе консепсия, вазифаҳо ва механизми алоқаҳои байниҳамдигарӣ фаъолият менамуд. Созишномаю шартномаҳо хусусияти декларатӣ ва баъзан тавсиявиро гирифта буданд. Дар чунин шароит зиддияти байни истиқлолиятхоҳӣ ва талаботи ҷумҳуриҳо барои ҳамкорию алоқаҳои иқтисодӣ ба амал омад.

Солҳои 1991-1992 бо барҳамхӯрии ИҶШС, ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳуриҳо, миллигардонии моликият маълум аст. Ҳар як собиқ узви давлати абарқудрат кӯшиши мустақилона баромадан ба бозори ҷаҳониро менамуданд. Мусобиқа барои ба даст овардани қарзҳои имтиёзноки хориҷӣ ва гирифтани ёрии байналмиллӣ сар шуд. Давлатҳои нави мустақил шарикони худро дар минтақаи мамлакатҳои тараққикарда ҷустуҷӯ мекарданд.

Бо вуҷуди ин, роҳи ягона мустаҳкам кардани алоқаҳои байниҳамдигарии мамлакатҳои аъзои ИДМ буд. Дар худи соли 1992 зиёда аз 250 ҳуҷҷат оид ба танзими ин муносибатҳо имзо гардиданд. Ҳамон вақт Созишномаи амнияти дастаҷамӣ байни 6 давлат - Арманистон, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба тавсиб расид.

Бо оғози ислоҳотҳо дар Россия, махсусан озодкунии нархҳо ба сӯзишворӣ ва тағъир додани сохтори содирот дар соли 1992 мамлактҳои ИДМ-ро бӯҳрон фаро гирифт. Содироти нефт ду баробар коста гардида, баромадани ИДМ аз минтақаи гардиши рубл сар шуд. Шикасти Комитети давлатии ҳолатҳои фавқулодда ва бозсозӣ маънои ба охиррасии гузаронидани иқтисодиёти сотсиалистиро дошт.

Солҳои 1996-1999 давраи ислоҳотҳои мамлакатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи қонунгузорӣ идома дошт. Қарори Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз 2 ноябри соли 1996 "Дар бораи барномаи қонунгузориии нав дар ИДМ барои солҳои 1996-1998" қабул гардид. Қарори мазкур низоми нави асосии намунавии эҷоди қонунҳоро дар давлатҳои аъзои ИДМ тасдиқ намуд. Ба парламентҳо тавсия дода шуд, ки механизми амалинамоии қонунҳоро дар доираи миллӣ кор карда баромада, аз рафти амалинамоии онҳо ИДМ-ро хабардор намоянд.

Аз ин хотир ин давра барои мамлакатҳои аъзои ИДМ аз ҷиҳати рушд ва навшавии раванди интегратсияи мамлакатҳои аъзои иттиҳод самаранок буд. Раванди эҷоди қонунҳо муносибати мамлакатҳои аъзои ИДМ-ро ба иттиҳод тағъир дод.

Дар шароити имрӯза дар дохили ИДМ якчанд иттиҳодҳои сиёсӣ ва иқтисодии минтақавӣ ба вуҷуд омадаанд. Иттифоқи Белоруссия ва Россия, Иттифоқи Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия, иттиҳоди дохилии Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон) ва шарқиаврупоӣ (Украина, Молдавия) аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Тараққиёти ИДМ аз дараҷаи рушди ҳамаи давлатҳои аъзои он вобаста буд. Дар ин самт ворид шудан ба манфиатҳои миллии давлатҳои аъзои иттиҳод номақбул буд. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ИДМ коркарди асоси ҳуқуқии самаранок барои ба роҳ мондани равобити иқтисодии аъзои он ба ҳисоб мерафт. Баробари ин ҳамкории байнипарлумонӣ яке аз заминаҳои асосии сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунгузорӣ, институтҳои сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ба ҳисоб мерафт.

Бо ҳам омадани маҳсулнок дар ИДМ бояд давра ба давра ба амал омада, дар як вақт асосҳои иқтисоди бозорӣ мустаҳкам мегардид. Мақсад аз ин ба роҳ мондани фаъолияти дурусти хоҷагидорӣ ва баромадан аз бӯҳрони умумии иқтисодӣ буд. Баромадан аз сафи ИДМ мебоист танҳо ихтиёрӣ ва дар ҳолати ба вуҷуд омадани шароити объективӣ барои ин ба амал меомад. Барои ин чунин принсипҳо бояд амалӣ мешуданд:

- таъмини ягонагии халқҳо бо нигоҳдошти соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва миллии давлат;

- таъмини ягонагии фазои ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ;

- иштироки ихтиёрӣ дар равндҳои интегратсионӣ ва баробарҳуқуқии пурраи давлатҳои аъзои ИДМ;

- такя намудан ба қувва ва захираҳои дохилии миллии худ;

- ёрии байниҳамдигарӣ ва алоқаҳои муфид, ташкили гурӯҳҳои молявӣ-саноатӣ, иттиҳодияҳои иқтисодӣ;

- муттаҳидкунии захираҳои миллӣ барои амалинамоии барномаҳои якҷояи иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ;

- ҳаракати бемамониати қувваи корӣ ва сармоя;

- коркарди кафолатҳо барои дастгирии ҳамватанон;

- ташкили сохторҳои миллӣ, ки ба мамлакатҳои дигари аъзои ИДМ фишор намеорад ё дар дохили он нақши пешбарандаро намебозад;

- ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои гузаронидани ислоҳотҳо дар соҳаҳои гуногун.

Ҳар як давлати нави мустақил сохтори нави сиёсӣ, дараҷаи фаҳмиши демократия ва озодиҳои иқтисодӣ, роҳи мустақилонаи худ ба сӯи иқтисодиёти бозорӣ ва пайвстшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳониро дошт. Дар давраи аввали ташкилёбии ИДМ яке аз талаботҳои аввалин дарёфти механизмҳои таъсири байниҳамдигарӣ, пеш аз ҳама дар сиёсати иқтисодӣ буд. Дар акси ҳолат дараҷаи кандашавии алоқаҳо байни давлатҳои аъзо боло рафтан аз эҳтимол дур набуд.

Дар ҳамин асос он солҳо вазифаи наздиктарин эҳё намудани алоқаҳои кандашудаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт барои баромадан аз бӯҳрони иқтисодӣ ва ба низом даровардани иқтисодиёти миллӣ буд, зеро ин алоқаҳо омили муҳими болоравии самаранок ва некӯаҳволии мардум буд. Якчанд роҳҳои сохтори ояндаи ИДМ муайян карда шуданд:

1) тараққиёти иқтисодӣ дар ҳолати ҳамкорӣ бо давлатҳои дигари ИДМ, махсусан дар асоси ҳамкории дутарафа;

2) ташкили блокҳои интегратсионӣ дар доираи ИДМ. Дар ҳамин асос иттиҳоди минтақавии се давлати Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба вуҷуд омад;  

3) интегратсияи чуқури шакли нав дар асоси иқтисоди бозорӣ бо дарназардошти манфиатҳои давлатҳои калону хурд. Ин ядрои ИДМ дар ҳайати Россия, Белоруссия, Қазоқистон ва Қирғизистон.

Новобаста ба мухталифӣ дар сохтори қонунгузории миллӣ ва дараҷаи гуногуни иқтисодиёт ва самтҳои сиёсӣ захираҳои интегратсионӣ то ҳол нигоҳ дошта мешаванд ва барои ҳалли минбаъдаи онҳои имкониятҳо мавҷуданд. Суръати гуногуни тараққиёти давлатҳои ИДМ барои рушди алоқаҳои онҳо монеъ шуда наметавонад, зеро майдони равандҳои интегратсионӣ хеле васеъ аст.

Дар солҳои охир як қатор давлатҳои аъзои ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо алоқаҳои байниҳамдигариро бо ба роҳ мондани муколамаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам намуданд. Дар ин ҷода созишномаҳо дар бораи шарикӣ ва ҳамкории дутарафа байни Россия, Украина ва дигар давлатҳои ИДМ бо Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин фаъолияти сохторҳои байнипарлумонӣ ва байниҳукуматӣ манфиатнок буданд. Қарори Иттиҳоди Аврупо аз 27 апрели соли 1998 дар бораи эътирофи мақоми бозории корхонаҳои Россия, ки ба бозорҳои Аврупо маҳсулот содир мекунанд, дар ин самт хеле муҳим буд.

Дар ҳамон шароит ИДМ барои нигоҳ доштани алоқаҳо, содироту воридоти маҳсулот тамоми имкониятҳоро истифода бурд ва ин барои ҳалли масъалаҳои баҳснок тамоми шароитҳои заруриро ба вуҷуд овард.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


12.04.2021     1541
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php