Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст

Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, гуфтаанд: “Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд”. Дар ҳақиқат ҳам, маҳз ҳамин хушбахтии миллати тоҷик – истиқлолияти давлатӣ доштани он имкон дод, ки дар ин даврон мо ба рушди миллӣ ва таҳкими нишонаҳои миллати хеш ноил гардем ва устувории онро ҳамчун миллати соҳибдавлат барои садсолаҳои оянда ва барои наслҳои минбаъдаи ин миллати куҳанбунёд таъмин созем.
Ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Точикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиё, ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаӣон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барк ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд.
Имрӯз, ки вобаста ба гармшавии иқлим паст шудани сатҳи обанборҳо ба миён омадааст, зарурат пеш омадааст, ки барои дар фасли зимистон аз хунукӣ эмин доштани мардуми шарафманди тоҷик давлати мо чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Мардуми мо хуб медонанд, ки ин масъалаи глобалӣ аст, имрӯз дар тамоми дунё иқлим гарм шуда обҳо мехушканд ва сарфаи барқ ногузир аст. Исроф ҳаром аст ва фикри замистонро аз тобистон бояд намоем.
Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст,

Сарфа бинмо,ки аз он гармии хону нон аст.
Ҳоло, ки обанбори Норак 17 метр паст шуда ва хатари коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ пеш омадааст, мо бетарафӣ зоҳир намоем хатои бузурге хоҳем кард. Ба кор андохтани агрегатҳои якум ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ- истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ташаббус ва бо саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон аз байн бардошта шуд. Самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад. Агар хоҳем, аз нерӯи барқ мунтазам истифода барем ва дар вақти сармо муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаву кошонаамон гарму фурӯзон бошанд ва ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ зарурият пайдо нашавад, бояд нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем ва ҳеҷ гоҳ ба исрофкорию дуздии он роҳ надиҳем.
Таибов С.А. , сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


19.01.2021     260
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php