Сарфаи барқ қарзи шаҳрвандии ҳар як фард аст!
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти пурраи ҳаққи барқи истифодашуда гувоҳи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии шахс аст, ки ин таъмини фаъолияти боэътимоди низоми энергетикии кишварро кафолат медиҳад. Ба низоми ягонаи энергетикии кишвар ҳар як сокини мамлакат бояд чун ба боигарии миллии Ватани азизи худ муносибат намояд.
Яке аз омилҳои беҳ гаштани таъминот бо барқ, албатта, риояи фарҳанги сарфакорӣ дар истифодаи ин боигарии миллии мост. Баробари бунёди иқтидорҳо, сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти беҳтари барқ ба мардум мусоидат менамояд ва боиси рушди соҳа мегардад. Маълум аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ буда, Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба ин эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад, зеро имрӯз ин яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб меравад. Мардуми мо хуб медонанд, ки ин масъала масъалаи глобалӣ аст, зеро дар тамоми дунё иқлим гарм шуда, обҳо мехушканд ва сарфаи барқ ногузир аст. Бояд зикр кард, ки лимити неруи барқ дар як қатор кишварҳо ба монанди Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия, Афғонистон, Покистон, Белорусия,Украина ва дигар кишвархои Аврупо низ ҷой дорад.
Имрӯз вобаста ба гармшавии иқлим, тирамоҳи бебориш ва бо фарорасии зимистони бармаҳал паст шудани сатҳи оби обанборҳо ба вуқуъ пайваста. Сатҳи оби обанбори Норак паст шудаву хатари коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар назар аст. Мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки неруи барқро аз ҳамсоядавлатҳо харидорӣ кунад, зеро ин давлатҳо низ мушкилоти норасоии барқро доранд. Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омадааст, ки барои дар фасли зимистон аз хунукӣ эмин доштани халқи шарафи тоҷик роҳбарияти давлати мо чораҳои саривақтӣ роҳандозӣ намояд. Қобили қайд аст, ки Пешвои миллат мохи марти соли 2020 дар ҷаласи ҳукуматӣ аҳолии ҷумҳуриро огаҳ намуда буданд, ки барои зимистонгузаронӣ маводи сухтро захира созанд, зеро моҳҳои январ ва феврали соли 2021 сардихои сахт моро интизор аст. Ин аст, ки мо бояд беш аз пеш қувваи барқро самараноку мақсаднок истифода намоем.
Муҳим ба ёдоварист, ки ин чораҳо муваққатӣ буда, набояд аҳолии мамлакатро нигарон созанд. Дар ин давраи ҳассос мо - мардуми меҳнатқарини тоҷикро мебояд аз як гиребон сар бароварда, ба суханони дурӯғу пурмоҷарои мухолифони давлат гӯш надихем ва фирефтаи расонахои зиддихукуматӣ нагардем. Нагузорем, ки нохалафону тангназароне дар дили мо тухми нобоварӣ кошта, байни мардум тафриқа андозанд. Илова бар ин, моро зарур аст асбобу анчоме, ки барқро зиёд масраф мекунанд зери назорат гирифта, эхтиёткорона мавриди истифода қарор диҳем. Хусусан бонувони хонадонро, ки сарфаи неруи барқ аз онҳо вобастагии зиёд дорад, дар ин кор аҳамияти хоса мебояд, то дар мавридҳои муносиб воситаҳои дигари гармидиҳиро ба кор баранд.
Истифодаи сарфакоронаву мақсадноки неруи барқ ва гармӣ кафили равшаниву гармии муассисаҳои иҷтимоӣ ва хонадони ҳар як оилаи тоҷик мебошад.
Таибов С.А. , сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М. – шуъбаи иттилоот ва робита бо бо ҷомеа