Саразм - маркази ташаккули маданияти халқи тоҷик

“Бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020- ум 5500 солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад ” Эмомалӣ Раҳмон

Таърих ва тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар раванди таърихи бостонии халқи тоҷик бар сари ин миллат чи бадбахтиҳои зиёде наомада буд. Тоҷикон гарчанде заҳри бедавлатӣ ва азобу уқубатро дар тули таърих чашида бошанд ҳам, вале тавонистанд фарҳангу тамаддуни пурғановати худро аз зулму ғорати аҷнабиён, аз забт кориҳои Искандари Мақдунӣ, тохтутозҳои Қутайба ибни Муслим, харобкориҳои Маҳмуди Ғазнавӣ, фоҷеаҳои нотакрори Чингизхону Темури Ланг то ташвиқоту тарғиботи паҳнтуркизму паҳнисломизми аввалҳои асри ХХ - ум маҳфуз нигоҳ доранд.

Дараҷаи инкишофи шаҳрсозӣ барои ҳамаи замонҳо ва тамоми халқҳо асоси нишондиҳандаи муҳими инкишофи халқҳо дар раванди таърихӣ буд ва мемонад. Ба ин муносибат тоҷикон яке аз халқҳои пешкадами шаҳрсозии Шарқ будаанд. Намунаи намоёни шаҳрсозии тоҷик шаҳри Саразми бостон аст.

Саразм дар баробари дигар ёдгориҳои муҳими таърихии давраи неолит ба таърихи пурғановати миллати тоҷик хос аст. Ин ёдгории таърихӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне 15 км ғарбтар аз шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст. Саразм ба солҳои 3400-2000 пеш аз мелодӣ мансуб буда, дар 100 гектар замин доман паҳн намудааст. Шаҳри бостонии Саразм аз маҳалҳо ва кӯчаҳо иборат буда, қасрҳо ва маъбадҳои боҳашамат доштааст. Шуғли асосии ин аҷдодони қадимтарини тоҷикон - саразмиҳо кишоварзӣ ва чорводорӣ буда, онҳо ба истеҳсол ва коркарди фулузот низ шуғл меварзиданд. Саразмиҳо маъданро кашф намудаанд ва дар истеҳсоли он низ муваффақ мешуданд. Ҳини ковтуковҳои бостоншиносӣ аз қароргоҳҳои саразмиҳо 150 намуди ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бовфандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Фарҳанги саразмиҳо низ хеле пеш рафта буд ва онҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимолии Эрон ва Балуҷистону Сиистон низ иртиботи фарҳангӣ доштанд.

Аввалин маротиба бостоншиносон бо роҳбарии А.Исҳоқов (1976-1997) ва А. Разоқов (1997-2017) дар Саразм ковтуковҳои археологӣ гузаронида, натиҷаи онро тариқи маҷаллаи “Археологические работы Таджикистана” ба дӯстдорони таърих пешниҳод намуданд.

Соли 1984 экспедитсияи археологии шуравию франсавӣ бо роҳбарии олими варзида А. Исҳоқов ва ходими илмии маркази тадқиқоти бостоншиносии Фаронса Р. Безенвалев Саразми бостониро ба 4 қисм: Саразм 1,2, 3, 4 тақсим намуданд, ки барои васеътар омӯхтани ин ёдгории таърихӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам оварда буд.

31 июли соли 2010 Саразм ба феҳрасти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Шуъбаи тарбия


03.09.2020     348
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php