«Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан аст!»

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардаанд, ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эътироф карда шудаанд.
Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварданд, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонданд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Амалӣ шудани нақшаҳои стратегии давлати тоҷикон: баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, таъмин намудани истиқлолияти озуқаворӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба давлати саноатӣ заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат аст.
Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштаанд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст.
Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Пешвои миллат борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунанд. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.
Дар даврони истиқлолияти кишвари мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Ҳамин тавр, хизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз он кас ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифтанд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис доданд. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузоштанд. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонида, Конститутсияи (Сарқонуни) нави Тоҷикистонро эҷод карданд. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохта, сулҳи тоҷиконро ба даст оварданд, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшиданд, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурданд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонаашон дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Зимнан, 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Таибов С.А., сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Зуҳра Турсунова, сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


13.07.2020     1149
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php