РОҒУН ИНШООТИ АСР

Барои миллати тоҷик соли 2018 соли фаромўшношуданӣ гардид. Зеро дар ин сол ба бахти мардуми мо 16- ноябр яъне дар рўзи Президент агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба кор даромад ва ин рўйдоди фараҳбахш дар хотираи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рўзи таърихӣ нақш баст.
Бахшида ба кушодашавии ин нерўгоҳи пуриқтидор дар кафедраи биохимия ҷаласаи ғайринавбатии кафедраро дар мавзўи НБО «Роғун» бахшидем. Дар ҷаласа оиди заҳматҳои Пешвои миллат - дар бунёд намудани Неругоҳи барқии обии «Роғун», омўзгорони кафедра баромадҳо намуданд. Аз ҷумла мудири кафедра н.и.х., дотсент Махсудова М.С. чунин изҳор доштанд:
Сохтмони НБО-и «Роғун» гарчанде дар охири солҳои асри ХХ оғоз гардида бошад ҳам, вале таввасути дастгириҳои пайваста ва талошу истодагарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми он кори худро дар соли 2018 оғоз намуд.
Бунёди Неругоҳи барқии обии «Роғун» аҳамияти стратегӣ дошта, барои пешрафти зиндагии мардуми тоҷик дар ҳоли ҳозир ва дар оянда айни мудаъо буда, метавонад чандин даҳсолаҳо барои миллати мо хизмат намояд. Он барои пешрафт ва тараққиёти иқтисодии кишвар ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи диёрамон шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар кушодашавии ин неругоҳ фаъолон ва зиёиён, собиқадорони меҳнат, кормандони неругоҳ, ҷавонон, намояндагони ташкилоту созмонҳои берун аз кишвар иштирок намуданд. Инчунин кормандони шабакаҳои дохилӣ, ва хориҷӣ низ хеле фаъолона иштирок намуда, рафти кушодашавии онро ба воситаи шабакаҳо дар экранҳо пахш намуданд.
Ин неругоҳ яке аз пуриқтидортарин неругоҳҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он буда, аз 6 агрегат иборат мебошад ва тавоноии ҳар яке аз агрегатҳо 600 мегаватро ташкил медиҳад. Бо баробари ба кор оғоз намудани чархи аввали ин неругоҳи нурафкан дар хонадони якояки мо гармӣ ва рўшноии барзиёд фаровон гардад.
Инак 1-уми сентябри соли 2019 агрегати 2-юми неругоҳ ба кор дароварда шуд, ки ин агрегат низ тавоноии 600 мегаватро ташкил медиҳад.
Мо омўзгорони кафедра ин иқдоми некро хеле хуб пазируфта аз сарвари кишарамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ, ки бевосита бо ҷидду ҷаҳд ва кўшишу ғайрати ин марди аср Неругоҳи барқии обии «Роғун» бунёд гардида истодааст, арзи сипос баён намуда, хоҳони онем, ки ҳамеша ба бахти мардуми мо сарсабзу сарбаланд бошанд!
Мудири кафедраи биохимия н.и.х., дотсент Махсудова М.С.

23.09.2019     910
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php