Роғун-ҷабҳаи номуси миллӣ ва табиби дардмандон аст

Вақте, ки сухан дар бораи неругоҳи барқии обии “Роғун”, меравад, ҳама фикру зикри инсоният пеш аз ҳама ба як модари тавлидкунандаи бузурги барқи меравад. Аммо агар мо дуруст фикр кунем, мо мебинем, ки тарақиёти илму-техника, ки ҷанини ҳаракатдиҳандаи табаддулоти техники дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷаъмият ҳастанд, бе қувваи барқ иҷроиши онҳо аз имкон дур аст. Дар ин ҷода низ қариб ҳамаи дастовардҳои тиббро бе қувваи барқ тасаввур кардан номумкин аст, чунки фаъолияти кори дастгоҳи ҳозиразамонро: компютер, рентген, ултрасадо, эндоскоп, лазер, дастгоҳои физиотерапи, ва амалиётҳои ҷарроҳи: идоракунии кори узвҳои ҳаётан зарур (шуш, дил, ҷигар, гурда) ва дигаронро бе қувваи барқ иҷро кардан номумкин аст. Бинобар ин, мо табибон дучанд хурсанд ва бо чашми интизор рузи пурра ба кор даромадани неругоҳи барқии обии “Роғун”- ро интизорем.

ғайр аз ин Неругоҳи барқии обии “Роғун”, барои мардуми тоҷик аҳмияти стратеги дошта ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум садсолаҳо хизмат мекунад. Рости, нисбати кушодашавии ин иншооти бузург агар дар 5 - 10 сол пеш сухан мерафт, як афсонаро мемонд. Барои афсонаро ба ҳақиқат табдил додан, хизматҳои беандоза бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон пеши назар меояд, чунки таърихи ташаккулёбии ин иншооти бузург худ гувоҳии он аст.

Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии неругоҳи Роғун ба анҷом расид. Асосноккунии техникию иқтисодиро Вазорати барқи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалисти (ИҶШС) баррасӣ ва муҳокима карда, аз тарафи Комиссияи иқтисодии давлатии (КИД) Госплани ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд (Қарори КИД-и Госплани ИҶШС, №6 аз 27.02. соли 1974). Экспертизаи асосноккунии техникию иқтисодӣ, хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии неругоҳи Роғун комилан собит кард.

Мураттабсозии лоиҳаи техникӣ соли 1974 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расонида шуд. Моҳҳои ноябр-декабри соли 1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифт (протоколи шӯрои техникӣ №72 аз 26.12. соли 1978), моҳи июни соли 1979 муҳокимаи он дар Шӯрои Илмию Техникии Вазорати барқи ИҶШС ба анҷом расид (протоколи №70 аз 27.06. соли 1979). Моҳи октябри соли 1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Гостройи (Сохтмони давлатӣ) ИҶШС ва ГКНТ ИҶШС (Қарор мутобиқи мактуби Гострой ИҶШС аз 16.10.соли 1980 №380) ва моҳи ноябри соли 1980 бо фармони Шӯрои Вазирон тасдиқ карда шудааст .

Баъд аз пошхурии ИҶШС сохтмони Роғун боздошта шуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва бозсозии Роғун дубора ба нақша гирифта шуд.

Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29- уми августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин неругоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Неругоҳи барқии обии Роғун» таъсис ва ойинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн. сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.

Сохтмони неругоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин – Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт-соат неруи барқ ҳосил кунад.

Бунёди НБО Роғун на танҳо барои тавлидкунии иқтидори бузурги неруи барқ мебошад, балки барои яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳон, ки норасогии оби тоза аст хизмат мекунад. Яъне барои амали гардидани пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷистон дар арсаи байналмилали, оид ба проблемаи оби тоза мусоидат менамояд. Инчунин, барои ҷамъоварии оби тоза як обанбори бузургро ташкил медиҳад.

Агар аз нуқтаи назари тибби гирем, иқлими мулоим ва намноки оксигени барои табобати бисёр бемориҳои системаи нафас, дилу рагҳо, асаб хастаги ва гайра бениҳоят фоидабахш мебошад.

Дар таърихи 29 –уми октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал, маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун ҳусни оғоз бахшид

Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегии Неругоҳи барқии обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ, дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис хоҳад ёфт.

Имруз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодааст, ки Худованди мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург ато кардааст.

Аз ин хотир, мардуми Тоҷистони азиз суханони зеринро зам–замкунон вирди забон меоранд.

 

Тоҷикистонам чароғон мешавад,

Манбаи нури фаровон мешавад.

Аз фурўғи дидаи Роғуни мо,

Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.

 

Имрўз мавзўи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рўз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр, тавваҷҷўҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио, пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мўҳташам, маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.

Неруи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Халқ зарурияти Роғунро хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати ҳукумат бо ҳамовозии аниқ нишон дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бонангу номуси кишвар аст. Оре:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд.

Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рўз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун, тадбирҳои муассир меандешиданд, ки натиҷаи он ба мо маълум аст.

Шиносоии бевоситаи Сарвари давлат давр ба давр ба рафтори корҳои сохтмон ва мулоқоти судмандашон бо ҷамъи коргарон муҳим будани бунёди Роғунро бори дигар ёдрас мекунад.

 

Роғун, Роғун чароғи сабзи ватанаст,

Ободии мулки Тоҷикистони ман аст.

Бо заҳмати халқи мо шавад он бунёд,

Роғун ба мисоли мактаби илму фан аст.

 

Неругоҳи барқии обии Роғун аз 6 чарх иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 млрд. квт/соат неруи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои минтакаҳои васеъ дар Афғонистону Покистон ҳам кофи хоҳад буд. Сарбанди неругоҳи Роғун, ки баландиаш 335 метрро ташкил медиҳад, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад.

Ҳар як нидои ин марди накуном бар дили ҳар як ватандор ору номус, виҷдону саховатманди бедор кард. Тоҷикистони кучаки мо, имруз иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон сар бароварда ин иншоотро обод наменамудан.

Ин аст, ки бо талошҳои зиёд ва ҷидду ҷаҳди беандоза Сарвари давлати тоҷикон сохтмони онро аз нав оғоз карда, дар муддати расо 10 сол (2008-2018) агрегати нахустини ин кохи муҳташами нурро ба кор дароварданд.

Дар иншооти болопушида 19 адад дастгоҳи элегазаи 500 кв ва 4 дастгоҳи элегазаи 220 кв насб насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500кв сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 ув то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад щуд.

Чи хеле ба мо маълум аст, дар таърихи 16.11.2018с агрегати якум ва дар таърихи 06.09.2019с агрегати дуюми неругоҳ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон пахши тугмачаҳои рамзӣ яъне, ба кор шуруъ кардани неругоҳи барқии обии “Роғун” дар фазои тантанави фароҳам овард.

Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун неругоҳи баркии –оби, на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровони, якдигарфаҳми, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо огози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибдавлати, бузургдили, саховатманди ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан, кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтоби, ба авҷ сар мекашад.

Мо табибонро лозим меояд, ки илми тибро пурра омузем ва барои пешгири кардани бемориҳо, ташхиси саривақтии онҳо, муолиҷаи баландихтисоси соҳави, усулҳои натиҷаовари ҳозиразамонро ҷори карда, дар ҳифз ва саломат гардонидани мардуми Тоҷикистони азиз, саҳми босазо гузорем, чунки фақат фарзандони саломат метавонанд сохтмони Роғуни бузургҷуссаро ба охир расонанд.

Барои донишҷуёни донишгоҳ суханони Низомии бузургро вирди забон оварда, таъқкид менамоем;

Мебош табиби иссавиҳуш, аммо на табиби одамикуш.

Мебош фақеҳи тоатандуз, аммо на фақеҳи ҳилатомуз.

Гар ҳар ду шави, баланд гарди, пеши ҳама сарбаланд гарди.

 

Барои онки мо табибон сазовори суханони низомии бузург гардем, шабонаруз заҳмат кашида ҳамаи нозукиҳои усулҳои ҳозиразамони ташхис ва табобати беморонро аз худ карда, барои дар амал тадбик кардани онҳо ҷиҳду-ҷаҳд кунем ва ба вуҷуди беморон ягон гуна осебе нарасонем.

Кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи МДТ ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино 


16.12.2019     583
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php