РОҲИ РУШД

Тоҷикистон пас аз он ки Истиқлолияти комилро ба даст оварду дар мамлакат сулҳу суббот пойдор гардид, масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён омад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин мақсад ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро муайян намуд. Маълум аст, ки рушди мунтазами иқтисодиёти давлат бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Бунёди неругоҳҳои хурду бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикаи мамлакат барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор неругоҳҳои хурду бузург сохта шуданд. Дар баробари ин, ба кор даровардани ду агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 киловатт-соат) ва идомаи корҳои сохтмонӣ бо мақсади ба кор даровардани агрегатҳои навбатӣ барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ замина мегузорад.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳадафи стратегӣ ва вазифаи умумимиллӣ мебошад, зеро татбиқи ин ҳадаф омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ҳадафи мазкур сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои баналмилалӣ дар бар мегирад. Татбиқи ин ҳадаф ба мамлакати транзитӣ мубадал гардидани Тоҷикистон мусоидат менамояд. Пешбинӣ шудааст, ки амалӣ шудани ин ҳадафи стратегӣ беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор, зиёд кардани ҳаҷми тиҷорат дар минтақа, паст намудани арзишҳои хизматрасонии нақлиётӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин хоҳад кард.
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафи афзалиятноки стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Дар ин масир омили асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои авлавиятнок маҳсуб меёбад. Дар баробари дар сатҳи миллӣ амалӣ намудани ҳадафи мазкур, ҳамкориҳои хориҷтӣ тақозо мегардад. Аз ҷумла сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои растанӣ ва бехатар нигоҳубини он, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва монанди ин, инчунин, овардани техникаи кишоварзӣ самтҳое мебошанд, ки онҳоро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафта метавон амалӣ кард. Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пайваста чораҳо меандешад.
Саноатикунонии босуръати мамлакат. Барои татбиқи ин ҳадаф давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро таҳти назорати қатӣ қарор медиҳад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як қатор корхонаҳои хурду бузург истеҳсолӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд, ки онҳо барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат мусоидат менамоянд.
Шуъбаи иттилоот ва рабита бо ҷомеа

21.08.2020     451
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php