Расида рӯзи Модар ҳам баҳорон...

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон буда меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ, ки сафобахши рӯзгор ва фонуси ҳаёти инсоният ба шумор меравад,насиби ҳар кас ҳам шуда наметавонад шуд ва хушбахттарин фарзандон аз навозишҳои ӯ бархурдоранд. Лаззати канори гарми модарро,ки дабистони кудакии инсон аст, баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гармаш қиммати ӯро хубтар дарк менамоем, зеро барои фарзанд ба мисли канори модар макони биҳитосои дигаре нест. Дар ҳақиқат, арљ гузоштан ба мақому манзалат,қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва вазифаи ифтихории ҳар як инсони соҳибхирад аст ва ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поки модарон, меҳрубониву ғамхории самимиии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем. Бояд зикр кард, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тољик ҳамеша баланд буд ва дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ хизматҳои ӯ босазо ва беҳамто мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ нақши занону духтарон дар риштаи маориф ва ҳифзи тандурустии мардум бузург гаштааст. Зани тољик табиатан тарбиятгар ва бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Модарону хоҳарони азизи мо дар ин ду соҳаи муҳимми иљтимоӣ рисолати хешро ҳамеша сарбаландона ба љо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли љомеа гардидаанд..Мусалам, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд ва донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост. Модар аз ноёбтарин неъматҳои дунёи тифл, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффову махзани ганљи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст,ки арзиши ин офарандаи ҳаётро ятимон хубтар дарк менамоянд, хусусан бо фарасии рӯзи модарон,ки :

Ҳама дуконҳо дар айни ҷӯшанд,

Ба модардорҳо гӯл мефурӯшанд.

Вале бемодарони мисли Саид,

Нигоҳи яъс доранду хамушанд.

Инсоният бо гузашти умр ва бар камолот расидан боз зиндагиро хубтар дарк менамояд ва хусусан бемодарон ба меҳрубониҳои модар бештар ниёз пайдо мекунанд вале:

Сад дояи меҳрубон модар нашавад,

Ҳеҷ меҳр ба меҳри ӯ баробар нашавад.

Не холаву,не аммаву не янгаи мо,

Як зарраи хоки пои модар нашавад.

Ё ки:

Расида рӯзи модар модарам нест,

Шукуҳи ид дар бому дарам нест.

Ба ҷуз як каф дуои гиряолуд,

Барояш армуғони дигарам нест.

Ҷавононе, ки аз лаззати модардори баҳра бурда истодаанд,муаазаф ҳастанд то ба қадри ин ганҷи бебаҳо бирасанд ва ҳамеша дар хизматашон қарор дошта бошанд зеро, ки дуои некашон мушкилкушои ҳар инсон аст ва хушбахтарин инсонҳоро ин муясар мегардад. Бонувони миллати тоҷик, модарони ғамхору воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон пеш аз ҳама солимии комил, иқболи нек, умри дароз ва хушиҳои зиндагиро бароятон таманно намуда орзӯ дорем, ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешасабзи Тоҷикистони азизамон зебову дилрабо бошед!

Идатон муборак офарандагони ҳаёт – Модарони азиз! 

Одинаев И.С. – н.и.т., директори МТИК “Стоматология”

Ёраков Ф.М. – н.и.т.ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ.

ТаибовС.А. – муалими калони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ


25.02.2021     1024
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php