Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бие, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,

Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.

Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост,

Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.

23-феврал рӯзи таъсисебии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ххамдиёрон, дустону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳният менамоем.

Қувваҳои Мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар обод гаштани Ватани азизамон сахми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кутоҳи таърихи ҷузъу томҳои он ба як неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта холо ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.

Дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриои собиқи шурави Осиёи Маркази Тоҷикистон ба хечваҷх аз Артиши Шуравии Қувваҳои Мусаллахаи ИЧШС мерос нагирифтааст. Баҷои ин, Вазорати Мудофияи Федератсияи Руссия дивизияи 201-уми мотосиклхои дар Душанбе ҷойгир шударо тахти назорат гирифта фармондехи Дивизияро аз Тошкант ба Москав интиқол дод.

Дар қаламрави Тоҷикистон як қисми калони Қушунҳои Сархадии Шуравии Қувваҳои Мусаллаҳи ИЧШС ҷойгир буданд, ки баъдан бо афсарони рус ва давъатшудагони тоҷик муҷаххас карда шуданд.

Бо сабаби ҳузури неруҳои руси ва ҷанги шаҳрванди дар кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон танҳо моҳи апрели соли 1994 расман ба таври қонуни ифтитоҳ шуданд, ҳарчанд санаи истинод 23-феврали соли 1993 аст, вақте чузъу томҳои аз Ҷабҳаи Халқи ташкил ёфта бо марши тантанави дар Душанбе мебошад.

Ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор ҳайати шахси ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давъат карда мешаванд. Тибқи маълумоти расми дар давлат беш аз 600000 нафар шахсони сину соли ҳарбӣ мавҷуданд, ки аз онҳо тақрибан 150000 барои таъкид аз хизмати ҳарбӣ бо сабабҳои гуногун ҳуқуқ доранд ва тақрибан 100000 нафари дигар дар хориҷӣ кишвар кор мекунанд.

Артиши ҷавони Точиқистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиа бори ҷанги шаҳрванди якҷо бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлати, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмилли ва хомуш кардани ошубҳои хиенаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштаанд.

Тайи 28-соли фаъолият Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карданд аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низоми, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собиткадамона рушду такамул меёбанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисмҳои сохтори давлатии мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда барои ҳифзи Истиқлолият ва ҷузъиёти марзии он дар ҳолати ҳуҷуме ҷанг пешбини шудааст.

Қуваҳҳои мусаллаҳ аз неруҳои замини, қувваҳои ҳарбӣ, неруҳои ҳавои, қувваҳои махсус, неруҳои дифои ҳавои, гвардияи миллии президентӣ ва қувваҳои амният иборатанд

Идатон муборак! Родмардону далерони Ватан!

Шуморо бо рӯзи Артиши Милли ва рӯзи мардони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб муборакбод мегуям.

Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т.  -  Тохтаходжаева С.Т.

асситенти кафедра  -  Хакимова З.С.


18.02.2021     13644
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php