ПЕШВОИ РАИЯТПАРВАР

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзона нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз гардид, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи муайян кардани санаи 16-ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин санаи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр Президенти тоза интихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.

Бо манзури эҳтироми эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар Қонунгузории кишварамон санаи 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил, фозилу хирадманд мебошанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид ва дар қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устувор ба роҳи сулҳу осоиш ва рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён низ эътироф намудаанд.

Мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад. Бидуни шак, хизмати бузурги Пешвои миллат барои Тоҷикистон, ин таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, ки тавонистанд дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти конститутсионии хешро ба сифати Президенти Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намуда, ҳамчун кафили амнияти давлат амал намоянд.

Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ яке аз омилҳои нарасидани кишварҳои ноором ба сулҳу субот, ин вуҷуд надоштани лидери сиёсӣ дар ин ҷомеаҳо мебошад. Шахсияти барҷастае пайдо намешавад, ки мардум аз паси вай бираванд. Пешво ва сарваре пайдо намешавад, ки шаҳрвандон ба суханонаш гӯш фаро диҳанд ва идеяҳои ӯро ҷонибдорӣ намоянд. Ҳанӯз ҳам дар ин кишварҳои ҷангзада фарде пайдо нашудааст, ки қудрати муттаҳид кардани халқро дошта бошад.

Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва Ватанро чун фарзандон аз дилу ҷон дӯст медоранд. Баҳри беҳбудии некуаҳволии халқ ва ободии Ватани азиз ҷон фидо мекунанд. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошанд. Ҳамин дӯстдории Пешвои миллат аст, ки халқ дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфт, зеро сулҳу ваҳдати миллӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи Пешвои миллат марбут аст.        

Тоштемирова З.М.  -  мудири кафедраи физиологияи патологӣ

Шукуров Ф.А.  -  ассистенти кафедра

Назариён Н.Р.  -  ассистенти кафедра


13.08.2021     652
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php