ПЕШВОИ МИЛЛАТ – КАФИЛИ СУЛҲ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири равандҳои манфии геополитикӣ ҳар як давлат ниёз ба қувваҳое дорад, ки тавоноии муттаҳид кардани халқро дар роҳи ҳалли масосили давлатӣ дошта бошанд. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба андешаи ман омили муҳимтарини муттаҳидсози миллат ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз рӯзҳои аввали сарварии давлат даст ба корнамоиҳои бузург ниҳод ва  бо ҳамин шуҳрати халқи Тоҷикистон, минтақа  ва ҷаҳониро соҳиб гардид.

Дар бораи лаҳзаҳои аввали оғози фаъолияти сиёсии Пешвои миллат  Меҳмон Бахтӣ чунин навишта буд:  “Дар фазои ғуборолуди майдонгириҳои  онрӯза, ман вакилеро дидам, ки аз тариқи телевизион рӯ ба мардум оварда, бо ҳисси ватанпарастию дилсӯзии том мегуфт: “Ин талошҳои минбарӣ оқибати фоҷиавори  зиёдеро ба сари мардум  меоварад. Эй бародарон,  ба худ биёед,  ояндаи хунрезу хатарнок ва пора-пора гаштани Тоҷикистонро пеши назар биёваред  ва андеша кунед. Оё дар ҳамаи ин амал бозиҳои пасипардагӣ  ва манфиатҷӯиҳои  душманони миллатро намебинед? Душманоне, ки  садсолаҳо ташнаи хуни мо, забти боқимонда замини мо  ва хомхаёлона аз худ шумурдани  таърихи бостонии моянд. Ин талошҳои гурӯҳпарастиву минтақахоҳии  мо дар назди арзишҳои муқаддаси  ватанпарастию ягонагии миллат ҳеҷанд”.  Ин вакил Эмомалӣ Раҳмон буд.”Бар арсаи сиёсӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон тасодуфӣ набуд, зеро қабл аз ин  Пешвои миллат фаъолияти хуби  суханварӣ ва ташкилотчигии худро дар давоми иштирок дар кори Парламенти он давра  нишон дода буд ва аз ҳамон давра  мардум дар ин шахсият  қобилияти идоракунии давлатро мушоҳида намуд. «Аввал ин, ки Эмомалӣ Раҳмон кайҳо боз  бо суханрониҳои фасеҳу мантиқасоси хеш  андар миёни намояндагони мардум шуҳрати хосаро касб намуда буд.  Лаҳни фасоҳатбори суханварӣ ва мантиқи беғашу  пухтаи баёнаш кашишу таъсири пурҷозиба дошта, ҳанӯз дар лаҳзаҳои басо  шадиди сангарнишинии мардумамон аз минбари муқаддаси шохаи Қонунбарор тарзу тариқи саҳеҳияти қонунро ба ҳамкасбон иброз медошт ва ба ин васила мардумони заҳматқаринамонро ҳушдор медод, ки  обрези дасти бегонагон нагарданд, то зиракона кору пайкор намуда бошанд».

Интихоби Пешвои миллат ба вазифаи роҳбари давлат натиҷаи он меҳнатҳо ва корҳое буд, ки дар давоми душвортарин солҳои давлатдории тоҷикон -1991-1992 Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расонид. Аз ҳамин лиҳоз агар гуем, ки тақдир шахсиятҳоро ба арсаи сиёсат меорад, ҷавоб нопурра мебошад, зеро барои ҳар як шахс бе ҷасорату далерӣ ва дигар хислатҳо, ки онҳоро Форобӣ дувоздаҳ хислати модарзодӣ номида буд, муваффақ шудан дар сиёсат  имконнопазир аст. Дар ин солҳои душвор, Пешвои миллат муҳимтарин омили идоракунии давлатро соҳиб гардид ва он  дастгирии халқ  буд. Халқи тоҷик тарафдори системаи сиёсие буд, ки он  бехатарии мардум , рушди  иқтисодии мамлакат ва таъмини сулҳро пойдор гардонад. Аз ҳамин мардуми Тоҷикистон институти президентиро интихоб намуд  ва и интихоби мардум якчанд сабаб дошт:

-аввалан,  ин ки кашмакашиҳои парламентӣ, ки ба майдони баҳси ҳизбҳои гуногун мубаддал гардиданд, аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ намебаромаданд;

-дуввум, халқ баъди солҳои бемаҳсули муборизаи байниҳизбӣ ба институти пурзури идоракунӣ муҳтоҷ буд, то ки инкишофи ҷомеаро таъмин карда тавонад.

Илова бар ин  дар аввали солҳои 90-ум дар натиҷаи равандҳои ба ном демократӣ  обру ва эътибори органҳои давлатӣ паст гардид ва  мамлактро бетартибиҳои оммавӣ фаро гирифт. Аз ин ру барои ислоҳ кардани ин хаттогиҳо, ниҳоди  пуркуввати идоракунӣ  лозим буд, ки онро халқ дар идоракунии президентӣ медид. Акнун шахсияте лозим буд, ки масъулиятро барои иҷрои вазифаҳои душвори давраи гузаришро ба уҳдаи худ гирад. Аммо гуфтан зарур аст, ки қабл аз интиҳоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи сентябри соли 1992  ду президенти Чумҳурии навистиқлоли Тоҷикистон  пеш аз муҳлат ваколати худро аз даст доданд. Каххор Махкамов аз тарафи вакилони Праламент бо истифода аз институти импичмент аз вазифа гирифта шуд ва моҳи сентябри соли 1992 бошад, Президент Раҳмон Набиев бо роҳи зуроварӣ, ки нисбати вай  аз тарафи силоҳбадастон истифода гардид, маҷбур шуд, ки ба истеъфо барояд. Дар ҳар дуи ин  мавридҳо эҳтироми  интихоби овоздиҳандагон  поймол гардида буд ва ақаллияти ҷангҷу  тавонист, интихоби аксариятро бекор намояд. Аз ин ру халки тоҷик душвории давраи соли 1992-ро хуб дарк мекард  ва ҳама ру ба тарафи Эмомалӣ Раҳмон нигорон буданд, ки чи  тавр Президенти ҷавон метавонад вазъияти ҷанги шаҳрвандиро ба эътидол биёрад ва рушди иқтисодии давлати харобшударо таъмин намояд.  6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибистиклол кабул гардид ва  дар асоси он   Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро интихоб намуд. Аммо таҷрибаи таърихи солҳои истиқлолият нишон дод, ки интихоби халқи тоҷик интихоби таърихӣ буд, зеро   дурбинии сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон  имкон дод, ки  нақшаҳои иҷронашаванда ба мисли таъмини сулҳ, сохтмони роҳи Кулоб –Хоруғ-Кулма,  бунёди неругоҳи Роғун, сохтмони роҳи Бустон-Чанак, сохтмони садҳо мактабҳо ва донишгоҳҳ ва дигар корҳо ки иҷро кардани онҳо дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ имконнопазир буд,  амалӣ шуданд.

Дар чунин шароити душвор  муҳимтарин иқдоми  сарвари тоҷикон овардани сулҳ барои мардуми азияткашида буд.  Моҳи апрели соли 1995 пеш аз сафар ба музокирот бо гуруҳҳои опозитсиони тоҷик, ба мухбири агентии хабаргузории «Интерфакс» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: «Ман пеш аз ҳама масъалаҳоеро ба муҳокима мегузорам, ки ба ҳалли мусолиҳатомези казияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаи оташбас, баргаштани муҳоҷирин, ки ҳануз дар хоки Афғонистон ҳастанд, муҳокима хоҳам кард».Музокироти сулҳи тоҷикон бо сарварии Пешвои миллат аз 5 апрели соли 1994  оғоз гардида, 27 июни соли 1997 бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ анҷом гардид. Ҳар ду тараф ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи аз вазъияти ба амал омада  баромадан ва нигоҳ доштани мустақилияти Тоҷикистон имзои сулҳ ва  ваҳдати миллӣ аст.Дар ин давра, роҳбари давлат борҳо қайд карданд, ки «муноқишоти миёни тоҷиконро бояд худи тоҷикон, намояндагони босалоҳияти ҳамин мардум, ки дилашон ба халқу кишварашон месӯзад, ҳал кунанд».

Дар давоми роҳбарии давлати тоҷикон, Пешвои миллат  тамоми кушишҳои худро баҳри муттаҳид кардани миллат дар роҳи сохтмони  ҷомеаи пешрафта  равона месозад. "Президент танҳо ба аҳли ҷамъият такя хоҳад кард. Зеро аз мавқеи манфиатҳои ин ё он гуруҳ баромад кардан чамъиятро номуътадил мегардонад. Мо бояд манфиатҳои аксариятро ҳимоя кунем, вале манфиатҳои аққалиятро нодида гирифтан низ наметавонем, ҳуқуқи онҳоро поймол кардан ҳам надорем. Пас, биёед, ба ҳисоб гирем, ки муҳимтарин масъала барои мо сулҳу ваҳдати миллй мебошад". Муаллифи китоби «Сиёсати давлат ва  ваҳдати миллӣ» давраи муайяни кӯшишҳо, иқдом ва ташаббусҳои  Пешвои миллатро таҳлил карда, онро мактаби сиёсии Президент меномад. Суханрониҳо, маърӯзаҳо ва сӯҳбатҳои Пешвои миллат дар ҳақиқат мактаби олӣ барои сиёсатмадорон, олимон, аҳли илму фарҳанг, зиёиён ва ҷавонон  мебошанд ва бешубҳа дар қатори суханони беҳтарин нотиқони ҷаҳон абадӣ дар китобҳо ва расонаҳои гуногун боқӣ хоҳанд монд.  «Эътироф кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат  шаҳодат аз он дорад, ки мардуми Тоҷикистон  дар марҳилаи муҳими гузариш қарор дорад ва дар ин давра паи ҳам ивазшавии ҳокимият  танҳо ба ноором гардидани тавозуни иҷтимоии мамлакат мегардад».

Рафти дигаргуниҳои кишвар собит мекунад, ки  ки Тоҷикистон дар давраи гузариш  ва сохтмони давлатдорӣ карор дорад ва яке аз омилҳои муҳимтарини ин давра таъмини ҳаёти осоишта ва сулҳу субот дар мамлакат мебошад. Дар замони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо роҳбарии Пешвои миллат дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ сохти давлатии худро муайян созад.   Дар тулии 30  соли сарварии худ, Президенти Тоҷикистон исбот кард, ки вай сазовори унвони олии Пешвои миллат аст, зеро бо халқи худ  дар таърихи кутоҳ  тавонист  Тоҷикистонро ба як давлати  дорои иқтисоди пешрафта, дорои тамаддуни фарҳангӣ  ва маънавӣ табдил диҳад.  

Шуъбаи тарбия


12.04.2021     3729
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php