Паёми Пешвои миллат – сарчашмаи маърифатнокии ҷомеа

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҳақиқат барои ҳар як шаҳрванд дастур ва роҳнамест, зеро дар он аз тарафи Сарвари давлат муҳимтарин рукнҳои худшиносии миллӣ – забон ва гиромидошти он,мутолиаи китоб, фарҳанги китобдориву китобхонӣ, шинохти таърихии миллати тоҷик, дастовардҳо ва мероси бойи бузургони миллати тоҷик шарҳ дода шудаанд.
Доир ба масъалаи ҳифзи забони тоҷикӣ Пешвои миллат чунин ибрози ақида намуданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».
Иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлат дар мавриди даъвати мардум ба мутолиаи китоб низ қобили дастгирист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҷавонони мо рӯ ба китоб оранд, зеро китоб ҷаҳонест пур аз панду андарз ва метавонад ҷавононро соҳибмаърифат ва донишманд гардонад.
Нуктаи дигаре, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ин омӯзиши пурифтихори таърихи халқамон ба ҳисоб меравад, зеро он ҳамчун мактаби бузурги худшиносӣ маънидод мегардад. Доир ба ин масъала чунин зикр карда шуд: «Мо бояд ба таърихи пурифтихори халқамон арҷ гузорем. Саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба ватан ташвиқ намоем». Дар робита ба ин Сарвари давлат иброз доштанд, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ нашр карда, ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Бешубҳа, арзиши илмии ин асар бениҳоят бузург аст ва ба худшиносию худогоҳии ҷавонон мусоидат менамояд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, инчунин барои рушди техникии тафаккури насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.
Дар ҷавоби ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо бояд ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ саъю кӯшиш намоем ва насли ҷавонро дар рӯҳи ифтихори миллӣ, шинохт ва эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоем.
Зеро тавре таъкид гардид, дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳим буда, моро водор менамояд, ки барои амалӣ намудани нуктаҳои асосии он саҳмгузор бошем, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошем. Он барои ҳар як сокини кишвар дастури роҳнамо ва сарчашмаи маърифатнокии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
М. К. Шодиматова – кафедраи забони тоҷикӣ

27.07.2020     332
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php