Паёми Пешвои миллат – имкониятҳо барои имрӯзу фардо

Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор мегардад, ки зимни он бисёр масъалаҳои ҷиддии вобаста ба  рушди самтҳои дохилию хориҷи кишвар мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода мешавад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ низ дар баробари масъалаҳои дигар доир ба соҳаи тандурустӣ суханрониҳо сурат гирифт. Сарвари давлат дар Паёми мазкур асосан масъалаи муоширати кормандони тиб бо беморон ва беҳтар сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро таъкид намуданд. Ҳар як корманди тиб бояд фаъолияти худро дар доираи муоширати баланди касбӣ ба роҳ монда, барои баланд бардоштани хизматрасониҳои босифати тиббӣ ба ниёзмандон саъю кӯшиш намояд.

Маҳз тавассути ғамхориҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлол таваҷҷуҳ ба соҳаи илму маориф бештар шуд. Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ низ иброз доштанд, ки «мо ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем». Инчунин таъкид гардид, ки  агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. 

Нуқтаи дигаре, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ин таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аст. Имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҷавонон хеле муҳим аст. Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат ва муассисаҳои дигари дахлдор супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳим буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд ва он бояд мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ин ҳуҷҷати муҳим моро водор менамояд, ки барои амалӣ  намудани нуктаҳои асосии он саҳмгузор бошем,  ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ,ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошем. Дар ҷавоби ҳама ғамхориҳои Сарвари давлатамон, ки барои таҳсил ва кору фаъолияти мо, ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд, мо бояд ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ,ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошем, Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Зеро тавре таъкид гардид, садоқати ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як сокини кишвар дастури роҳнамо  ва имкониятҳо барои имрӯзу фардо  мебошад.
                                                                   

Муниса Юлдошева, ассистенти 
                                                            кафедраи эндокринологияи 
                                                    ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


03.07.2020     839
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php