Паёми ояндасоз

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ тарафҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷикро баррасӣ намуданд. Дар Паём аз соҳаи иқтисодиёт сар шуда масъалаҳои сайёҳӣ, пиряхҳо, солимии аҳли ҷомеа, беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақахӯрон, соҳаи маориф ва дигар соҳаҳо ба таври васеъ дида баромада шуданд. Махсусан, мо омӯзгоронро масъалаҳои зерин:фарогирии донишҳои замонавӣ,мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ,таълими фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ хеле хурсанд намуд.Бо назардошти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои дақиқ,табиатшиносӣ ва риёзӣ,Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.Ин иқдом, бешубҳа, ба пешрафти минбаъдаи маънавиёти аҳолии мамлакат мусоидат менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори халқи тоҷик ёдовар шуда, онро мактаби бузурги худшиносӣ маънидод намуданд.Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегона осон шудааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавонон хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад. Пешвои миллат бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва ин замина дур шудан аз бегонапарастӣ, ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров-китоби «Тоҷикон» -ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Мо омӯзгорон низ Паёми навбатии Пешвои миллатро сарчашмаи муҳими оғози марҳалаи нави саодати маънавии миллати тоҷик ва худшиносиву худогоҳӣ шуморида, кӯшиш менамоем, ки ҷавобан ба он мутахасисони баландихтисос ва ба чаҳони имрӯза рақобатпазирро тайёр намоем. 
 Шоира Шамсутдинова, ассистенти кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ

21.07.2020     551
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php