ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ОН

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунҷа иборат буда, аз се хати уфуқӣ боло – сурх, миёна –сафед ва поён – сабз иборат мебошад. Дар маркази парчам тоҷи зарҳалишуда ва дар шакли нимдоира 7 адад ситораҳои панҷгуша тасвир ёфтаанд. Вақти ташкили рамзҳои давлатии Тоҷикистон принсипи таърихият риоя карда шуда буд. Парчами Тоҷикистон аз ҷиҳати рангҳояш байрақи ҶШС Тоҷикистони собиқро такрор мекунад. Тибқи Низомнома, ки дар бораи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 – ноябри соли 1992 қабул шудааст, гуфта шуда буд: “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён мебошад.” Дар парчам коргаронро ранги сурх, деҳқононро ранги сабз ва зиёиёнро бошад ранги сафед рамзан ифода мекунад. Рамзҳо ё символкаи парчами давлатии Тоҷикистон таърихи қадима дошта, решаи он ба умқи таърих рафта мерасад. Тибқи китоби “Авасто” аҳолии комилҳуқуқи озод дар ҷамоати он давраи Эрони қадим асосан ба се табақа ҷудо мешуд.

1.  Ҳарбиёни олирутба – ранги сурх- рамзи шарафи ҳарбӣ, худқурбонкунӣ дар роҳи идеалҳои бузург, ахлоқият ва покизагиро ифода мекард ва аз ин ҷиҳат он вақт касби пуршараф ва муқаддас ҳисоб карда мешуд.

2.     Рӯҳониён- ранги сафед- рамзи руҳоният буда, тозагии ахлоқ ва муқаддасотро ифода мекард.

3.     Обшиначиёни озодро ранги сабз чун рамзи табиат, ҷавонӣ ва гулгулшукуфиро ифода мекард.

То кунун дар Помир ранги сурх чун символкаи бахт, хурсандӣ ва ранги сафед чун рамзи тозагиву покӣ буда, ранги сабз бошад ҷавониро ифода мекард.

Ғайр аз ин рамзи рангҳоро дигар хел ҳам таъбир мекунанд.

Сурх- озодӣ ва соҳиистиқлолӣ

Сафед- сулҳ ва оромӣ

Сабз- ободӣ ва гулгулшукуфӣ

Тоҷи зарҳалишудаи нимдоира иборат аз ҳафт ситора рамзи соҳибистиқлолии ҶТ мебошад. Ҳафт ситора дар даври аввал ҳафт шоири машҳуртарини адабиёти форсу тоҷик, инчунин ҳафт ҳудуди водии ориёӣ мебошанд. Дар марҳилаи ҳозира ҳафт ситора ҳафт вилояти таърихӣ мадании Тоикистони муосирро ифода мекунанд.: Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

Президенти мамлакат, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи телевизионӣ аз 23- ноябри соли 2010 ба шарафи Парчами Тоҷикистон моҳияти рангҳои онро чунин маънидод намуда буданд: “Рангҳои парчами миллии мо роҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад. Ранги сурх- рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- ранги хушбахтӣ, орзу ормон ва умед, ранги сабз- рамзи гулгулшукуфӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни байрақ тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии истиқлолияти Тоҷикистон мебошад”.

Парчами давлатии Тоҷикистон бояд барои ҳар як сокини ҷумҳуриамон азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он яъне ба миллати тоҷик нишон диҳад. Зеро тавре аз оинаи нилгун пайваста мебинем дар мусобиқаҳои мухталифи ҷоми ҷаҳонӣ Парчами миллии ин ё он варзишгари ғолиб баъди ғолиб омаданаш бо навохтани суруди миллии он кишвар вобаста ба ҷои ишғолкардааш бо тантанаи махсус боло бардошта мешавад. Варзишгар аз дидани парчами миллии кишвари худ бисёр хурсанд мешавад ва ҳатто аз ғолибияти кишвари худ ашки шодӣ дар он лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёташ мерезад. Мисоли дигар мухлисон дӯстдорони миллати худ парчами миллии кишвари худро дар вақти мусобиқаҳои ҷоми ҷаҳонӣ бахусус дар вақти бозии футбол дар варзишгоҳҳо ҳамакаса дошта пайваста онро алвонҷ медиҳанд. Мисоли сеюм боксчиёни касбӣ бошад вақти ба набард ҳозир шуданашон парчами давлатии кишвари худро бар китфашон партофта, ба мусобиқа ҳозир мешаванд ва баъди ғалаба онро бо эҳтироми махсус бӯса ҳам мекунанду ба чашмонашон мемоланд. Аммо оё инро тамоми мардуми мо дарк карда метавонанд. Ин саволест, ки барои тамоми мардуми тоҷик равона карда шудааст. Пас дар ин соҳа бояд нафақат муаллимони макотиби миёнаву олӣ, балки зарур аст аз боғчаву кӯдакистонҳо ва ҳатто падару модарони ҷавон ҳам бояд дар парваридани муҳаббат ба парчами миллӣ ба фарзандонамон бояд кори зиёдеро дар ин ҷода анҷом бидиҳанд. Парчами ҳар як кишвар метавонад тамоми ҳастии давлатдориашро дар ин муқаддасоташ нишон диҳад. Парчами имрӯзаи давлати ба ном исломӣ рӯи рост зуҳури хешро дар матои сиёҳ тасвир намудааст, ки дар таъбири мардуми мо ранги сиёҳ ранги мотаму ғам, ранги андӯҳ ва ситам ифода шудааст. Пас маълум аст, ки ин давлати ба ном танҳо маргу мусибатро ба бор меораду халос.

Инчунин дар Низомномаи парчами давлатии Тоҷикистон омадааст, ки ашхоси қасдан ба парчами миллии кишвар зарар расонида бояд ба ҷавобгари кашида шавад. Дар кишварҳои дигари пешрафтаи ҷаҳон чунин ҷавобгариҳо барои ноэҳтиромӣ ба парчам вуҷуд доранду ҷинояткорон беамон ҷазо дода мешаванд. Масалан моҳи октябри соли 2011 дар ш. Санкт- Петербурги ФР 8 нафар ҷавонон бо киштии инқилобии “Аврора”, ки сигналҳои он оғози инқилоби соли 1917-и болшвекиро дар Руссия эълон намуда буд, баромада парчами онро худсарона бе гирифтани иҷозат аз ҳукумат қасдан фуроварда, ба ҷои он парчами дигар бо нишонаи роҳзанон, ки иборат аз ду устухон дар шакли салибмонанд гузошта шуда ва болои он косахонаи сари одам гузошта шуда буд гузошта буданд.

Додгоҳи ш. Санкт- Петербург 18- уми октябри соли 2011 парвандаи ҷиноиро аз болои он 8 нафар аввал кушода, сипас онро тафтиш ва баррасӣ намуда, барои ноэҳтиромӣ ба парчам чун ёдгории таърихӣ яке аз он ҷавононро ба 10 рӯзи зиндон, 3 нафари дигарашонро ба 5 рӯз ва 4 нафари дигарашонро барои ҳамкорӣ бо ҷинояткорон бо маблағи 1000 рубли русӣ ҷарима карда буданд.

Шоирони ҶИ Афғонистон агарчи ин кишвар ҷангзада бошад ҳам, ҳатто суруди махсусеро оиди парчами миллиашон бо матлаби “Парчами милли андоз” навишта, он дар ҷашну тантанаҳо хеле аҷиб ва таъсирбахш садо медиҳад. Танҳо бо анҷом додани чунин амалҳо ва дигар корҳои тарбиявии дар дигар кишварҳо анҷомдода, мо метавонем маҳбубият ва садоқат ба парчами миллии кишварамонро дар наслҳои ҷавон пайдо намоем.

Бигзор Парчами Тоҷикистони соҳиистиқлол доимо дар фазои ороми кишвари маҳбубамон парафшонӣ намояд.

Бигзор парчами кишвари маҳбубамон мисли дигар идораву муассисаҳо дар болои бинои нигини Тоҷикистон, кохи маърифати тоҷикон, Донишгоҳи азизамон доимо партафшон бошад.

Шуъбаи тарбия


17.11.2020     7973
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php