ПАРАФШОН ПАРЧАМИ МО ЗИНДА БОДО, БА АВҶИ БАХТИ МО ПОЯНДА БОДО

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар радифи масоили дигар ба зарурияти таҳияву таъини рамзҳои давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Вакилони мардумӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим барои таҳияи тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол табодули афкор карданд ва ниҳоят низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамз Парчами давлатӣ гардид. Пас аз таҳияи Парчами давлатӣ барои ҳифз ва тарзи дуруст барафрохтану истифодаи он дар ҷойҳои муқарраргардида дар мамлакат 12-юми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст. 

Аҳамияти таърихии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят  кардаанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишона аз таърихи халқи тоҷик, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳои сокини мамлакатамон мебошад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо баҳри озодӣ шинохта мешавад. Дар Парчами давлатии Тоҷикистон нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги миллати тоҷик, роҳи таърихии тай кардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи мустақилият инъикос меёбанд. Моҳияти асосии Парчам дар баёни ормонҳои миллӣ фаҳму дарк мешавад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар Парчамҳои давлатҳои ҷаҳон ишора ба таъриху тамаддун ва ормонҳои ҳазорсолаи миллатамон мекунад. Аз замони эълони лоиҳаҳои Парчам муаллифони гуногун ба таърих мутаваҷҷеҳ шуданд ва як унсури асосӣ - меросбарӣ ё ворисияти таърихиро ба инобат гирифтанд.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва забон аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб меёбад. Парчами давлатӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ василаи асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар арсаи ҷаҳон гардидааст. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои асосии худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шудааст ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ бо дастоварду музаффариятҳои миллати тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз далели ифтихору эҳтироми халқи тоҷик нисбат ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастии давлат, ифтихори миллат, Истиқлолият, ғурури миллӣ ва номусу ори ватандории халқи бостонии Тоҷикистонро ифода мекунад. Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ба ифтихори дастоварду музаффариятҳои фарзандони далеру ватандӯсти миллат дар майдонҳои варзишӣ ва дигар ҳамоишу мусобиқоти ҷаҳонӣ баробари садо додани Суруди миллӣ боло мешавад ва барафрохта шудани он дар замири ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ эҳсоси пирӯзиву садоқатмандӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро бедор месозад.

Бояд тазаккур дод, ки бо азму иродаи қавии халқ ва бо иқдоми некбинонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе боѓи «Парчами миллӣ» таъсис дода шуд ва дар он Парчами тоҷикон бо баландии 165-метр, дарозиаш 60-метр ва бараш 30 метр барафрохта шудааст, ки он дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ҷои дуюмро ишғол менамояд. Давлати соҳибистиқлоли мо бо халқи бостонию шарафмандаш дар зери Парчами давлатӣ барои фатҳи қулаҳои баланди пешрафту тараққиёт гомҳои устувор мегузорад. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст. 

Таибов С.  -  сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Валиев Д.  -  хабарнигори шуъба

 


24.11.2020     432
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php