Оянда ё дурнамои (перспективы)истифодаи ҳуҷайраҳои бунёди дар стоматология.

Вуҷуди инсоният хусусияти аҷиби барқароршавиеро дорост,ки солҳои охир боиси тавваҷуҳи зиёди олимони соҳаи тибби имрӯза қарор гирифтааст.Ҳуҷайраҳои узвҳои инсон дар давоми тамоми ҳайёташ тақсим шуда аз нав барқарор мешаванд. Дар як қисми узвҳо зуд ва дар қисми дигараш оҳиста барқарор шуда ба сигналҳои биологии махсус ҷавоб медиҳанд.Тадқиқоти селлулаҳои бунёди дар дунё таъсири бузурге дар ҳайёти миллионҳо одамон мерасонанд.Селлулаҳои бунёдиро метавон барои барқарор намудани ҷароҳиҳои ҷоғу рӯй дар якҷояги бо маводҳои биологӣ ё танҳо истифода бурд. Истифодаи ҳуҷайраҳои бунёди дар стоматология такони ҷиддиест барои рушди соҳа.Дар ИМА с-2010 барои табобати дандонҳо амрикоиҳо 108 млрд доллар сарф намудаанд.Олимон чанд сол пеш дар ҷопон аз як селлулаи бунёди дандони табии ба вуҷуд оварда баъдан ба даҳони муш гузошта ба муввафақият ноил гаштанд. Аз ҳама аҷиб ва дастоварди хубаш он аст,ки бо истифодаи ҳуҷайраҳои бунёди дар табобати периодонтит,парадонтоз вадар барқарор намудани дандонҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд.24-27 июн с-2015 дар Стокголм (швеция) 13-умин вохурии умумиҷаҳонии ҷамъияти олимон ва тадқиқотчиёни селулаҳои бунёди,ки дар он ҳазорон духтурон ,тадқиқотчиён,биотехнологҳо иштирок намуда тадқиқотҳо ва дастовардҳои худро дар бораи навовариҳои тибби барқароркунӣ пешниҳод намуданд.Тадқиқотҳои олимони Амрико ваБритониё нишон нишон додаст,ки дандони ақл яке аз манбаҳои беҳтаринест барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ. Селулаҳои бунёди дорои хусусиятҳои зерин мебошанд:
1.Худбарқароркунӣ(самообнавление)—баъди ҷудо намудан хусусияти худбарқароркунӣ бетағирии фенотипи доранд.
2.Универсалӣ ё умумӣ - надоштани структураи муаяне,ки функцияи муаянро иҷро намояд.Ҳуҷайраҳои бунёди метавонад ба ҳар гунна ҳуҷайраи бадани инсон табдил ёбад..Потентности-хусусияти насл додан дар шакли ҳуҷайраҳои махсус.
Ҳуҷайраҳои бунёдиро аз мағзи устухон ,хун ё дандонҳои сиҳати худи бемор мегиранд ва ба ҷои парма намудани канали решаи дандон ва гузоштани пломба духтур ҷои хурдашудаи дандонро бо ҳуҷайраҳои бунёди пур менамояд,ки дар охир пулпаи дандон худ барқарор мешавад.Ин усулро дар ИМА барои нигоҳ доштани пулпаи дандон истифода мебаранд.Олимон бо тадқиқотҳои хеш кушиши он доранд, ки бо истифода аз ҳуҷайраҳои бунёди бофтаҳои мулоим ва с ахти дандонро барқарор намоянд .Аз пулпаи дандони сиҳат аз 12 то 20 ҳуҷайра ҷудо намудан мумкин аст.Барои дар оянда истифода бурдан ин ҳуҷайраҳоро дар ҷойгоҳи махсус кишт намуда шумораашонро аз 1млн зиёд намуда бо креопротектор аз назорати пок будан аз бактерияҳо вақобилияти зиндамондаданашонро месанҷем.Боварии комил дорем,ки дар ояндаи наздик садҳо млн одамон дар дуньё тарс аз табиб стоматологро фаромуш менамоянд ва истифодаи мақсадноки ҳуҷайраҳои бунёди боиси ба истеъфо рафтани бормашинаҳо мегардад.
• Мақсади ҳамкории МТК Стоматология бо (ОКСБ)озмоишгоҳи кишти селлулаҳои бунёдӣ дар гузаронидани маҷмӯи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ,таҷрибавӣ,таълимӣ ва ҳалли проблемаҳои тиббию-биологӣ,кӯмак расонидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотии унвонҷӯёни ҷавон мебошад.Бояд қайд намуд,ки аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як бемор бо миопатия ду маротиба ҳуҷайрадармони шуд.Табобати ин намуди беморӣ бо ҳуҷайраҳои бунёдӣ яке аз самтҳои нави тибби муосир ба шумор меравад,ки то ҳол дигар намуди табобати комил вуҷуд надорад.Ҳамин тариқ бо истифодаи ҳуҷайраҳои бунёди барои беморони остеартрози зону ва гоартроз,осеби сутунмуҳра натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда,дар оянда истифодаи он барои табобати беморони қанд,бемори ишемиявии дил,кардиомиопатия ва табобати беморони стоматологӣ ба нақша гирифта мешавад.
Асс. кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Таибов С.А., Аюбов О.С . Директори маркази ҳуҷайрадармонӣ д.и.т.профессор.Юнусов А.И.,

18.05.2020     435
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php