Об асту ҳаёт пойдор аст.

Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодвбарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Аз ин рӯ, ин гавҳари табиатро бояд сарфакорона истифода бурд. Ташаббусҳои Сарвари хирадманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва инак, пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд.
Зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар тазаккур дода буданд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”. Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд, роҳандозӣ шавад.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Яке аз вижагиҳои санади нав ҳамгироии ҳадафу вазифаҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад, ки се пояи асосии рушди устуворро ташкил медиҳад. Яке аз аҳдофи ҳадафҳои рушди устувор ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст. Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти масълаҳои сифати об, истифодаи самаранокии он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар арсаи чаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори калидии мавзӯи об шинохта шудааст.
Мо аз иқдомҳои Президенти Тоҷикистон дар самти об истиқбол мекунем. Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, омода намудани хӯрок, шустушӯи манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд.. Хулоса, кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.
Мо,Тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд ва онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна хисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мӯъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:
Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок.
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.
Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.
Об ҳаст ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона, бархе аз инсонҳои беандеша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд, дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштани он, макрӯҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад. Хулоса, аз гуфтаи Паёмбари бузург Расули Акрам «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад».
Зуҳра Турсунова Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

12.03.2020     777
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php