Оғози машғулият бо Суруди Миллӣ

Оғози машғулият бо Суруди Миллӣ

Аҳли кормандони Маркази омодагии қаблӣ якҷоя бо шунавандагон иқдоми маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мисли дигар сокинони Ҷумҳурӣ якдилона пазируфта ҳамаруза машғулиятҳоро бо сурудани Суруди Миллӣ оғоз менамоянд. Ташкили чунин чорабинӣ бори дигар ошкор сохт, ки ҳангоми сурудани Суруди Миллӣ ҳар шахси соҳибватанро ҳисси ифтихор фаро мегирад ва дар онҳо дарки масъулиятшиносӣ ва худогоҳию хештаншиносиро тақвият мебахшад. Ҳар як куратори гурӯҳ иқдом гирифтааст, ки пеш оғози машғулият ҳама якҷоя Суруди Миллиро сароянд. 

Маркази омодагии қаблӣ


12.12.2019     393
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php