НОБ “Роғун” ва СASA-1000 маҳсули дипломатияи ҳамкори дар соҳаи об дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таҳти роҳбарии бунёдкоронаву созандаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ ва муайян карда шуданд, ки мо онҳоро дар доираи се ҳадафи стратегӣ– таъмини истиқлолияти энергетикии давлатамон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ зина ба зина татбиқ карда истодаем.

Имрӯз - замоне, ки истиқлолиятиТоҷикистон сол то сол таҳким меёбад, мо азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншоотҳои азими гидроэнергетикӣ, коммуникатсионӣ ва густариши ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ ва рушди саноати миллиамонро таъмин намоем.

Рўйдодҳои навин дар соҳаи энергетикаи кишвар, ин ба истифода додани ду агригати НБО “Роғун” ва оғози татбиқи лоиҳаи СASA-1000 мебошад, ки на танҳо қадами бузурги кишвар дар расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ, балки заминаи асоси баҳри ишғол кардани мақоми таҳвилгари асосии нерӯи барқ дар минтақаи Осиё ва таҳким бахшидан ба мавқеи худ дар ин бозори энергетикӣ ва ба ин васила ба даст овардани фоидаҳои баландтарин ба иқтисодиёти миллӣ, ба ҳисобмеравад.

Лоиқи зикр аст, ки но вобаста аз монеъаҳо ва эътирозҳои пайваста, ки аз ҷонибидавлатҳоиминтақа дар роҳи сохтмони НБО “Роғун” тӯлисолҳо эҷодмегардид, ба мо тоҷикистониён муясар гардид, ки бо роҳи муколлама, гуфтушунидҳо ё худ дипломатияи об бо кишварҳои поён об ба тадбиқион,оғозбахшем.

Дар расидан ба нуқтаҳои зикргардида, саҳми сохмончиёни НБО-и «Роғун» бениҳоят муҳим дониста мешавад. Сохта ба истифода додани ин иншооти бузурги аср, иқтидорҳои барқистеҳсолкунандаи Тоҷикистонро боз 3600 МВт афзоиш дода, қариб ба 10 000 МВт (бо дарназардошти дигар иншоотҳои дар як вақт сохташудаистода) хоҳад расонид.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нӯҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 агрегат иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди Нерӯгоҳи барқии оби «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди гиливу сангӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17миллиард кВт/с дар як сол) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқдоштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.

Мавриди зикр аст, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони НБО «Роғун» дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ то оғози сарбанд маблағ аз худ карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳимми аср қариб 18 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 3500 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст.

Возеҳ аст, ки лоиҳаи дигар, ки барои кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ дорад ва ҳамчунин ба рушди ҳамкорӣ ва ҳамгироии бештари кишварҳои минтақа мусоидати амалӣ менамояд - “CASA- 1000” мебошад.

Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, татбиқи ин лоиҳа самти муҳими рушди ҳамкориҳои мо бо кишварҳои Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар соҳаи энергетика мебошад. 

Шуъбаи тарбия



01.04.2021     360
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php