Наврӯзи хуҷастапай ва анъанаҳои миллии он

Ҷашни Наврӯз як бахши ниҳоят қадимаи фарҳангии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн бузургтарин анъанаи миллӣ буда, аз гузашта то рӯзгори мо бо як силсила маросимҳои суннатӣ бо шукӯҳу ҳашамат ва зебоиҳову дилрабоиҳои баҳорона баргузор  мегардад.

Ҷашни Наврӯзро мардумони ориёӣ дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсола бо як ҷаҳон орзу ва таманниёт барои беҳбудии рӯзгор ва сафои бахти сафеду осоиштагӣ таҷлил менамуданд.

          Ҷашни фархундаи хуҷастапайи Наврӯз барои мардумони ориённажод, алалхусус барои тоҷикон рамзҳои зиёдеро инъикос мекунад. Ин рамз пеш аз ҳама бедории табиат, шукуфоӣ ва ифодагари Оламу Одам мебошад. Наврӯз ин пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ,  хубӣ ба бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, покию назофат бар касифӣ, шарофат бар разолат, маърифат бар ҷаҳолат, доноӣ бар нодонӣ, тандурустӣ бар беморӣ ба ҳисоб меравад. Наврӯз ҷашни омад-омади баҳор, иди такопӯи Замин ва бедории зебоиҳои ҳаёт мебошад. Ҷашни фархундапай ва оламафрӯзи Наврӯз аз қадим то имрӯз дар дилу дидаҳои мардум ҷо гирифтааст. Ин мероси гаронмояи ниёгони мо, ки се ҳазор қабл аз зуҳури оини  зардуштӣ дар байни мардумони ориёӣ пайдо шуда буд, дар масири таърихи тӯлонӣ бо рангу накҳат ва таровату нигориши дилчасп ҳар сол дар айёми баҳорон таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки пайомовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ба шумор меравад.Ба қавли Фаррухӣ

Моҳи фарвардин аз ганҷи гуҳар ёфт магар?

Ки биёрост ҳама  рӯз заминро ба гуҳар?

Рӯзи Наврӯз аст имрӯзу чу имрӯз гузашт,

      Кас бад ин дар нарасад то нарасад соли дигар.

 Дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши Наврӯзро ба даврони шоҳони Пешдодӣ нисбат медиҳанд ва гӯё Ҷамшед чаҳорумин шоҳи пешдодӣ бунёдгузорӣ ҷашни Наврӯз ва оинҳои хос ба он мебошад. Дар бораи пайдоиши Наврӯз ва суннатҳои он ривоятҳои зиёде мавҷуданд.

          Роҷеъ ба шоҳ Ҷамшед ва бо корнамоиву  фаъолияти ӯ таъсис ёфтани ҷашни Наврӯз қариб дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ маълумот дода шудааст. Аз ҷумла Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар достони «Падид омадани Наврӯз» ёдовар шудааст. Вақте ки Ҷамшед аз корҳои давлатдорӣ биёсуд, бар тахти каёнӣ биншаст ва тамоми бузургони кишвар ва лашкар бар атрофии тахти ӯ давра нишастанд ва бар ӯ гуҳар пошиданд. Шоҳ Ҷамшед ин рӯзро, ки нахустин рӯзи Фарвардин ва оғози сол буд Наврӯз номид.

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво,

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд.

 Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд,

     Сари Соли нав Ҳурмузи Фарвардин.

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин,

Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифирӯз.

Бар он тахт биншаст, фирӯз  рӯз.

 Аз ин ҷост, ки ҷашни фархундаи Наврӯз аз хусравон Каюмарсу Ҷамшед ва шоҳони бузурги ориёӣ ба ёдгор мондааст.

          Тақвими Авестоӣ дар аҳди Сосониён ҷорӣ буд, мувофиқи ин тақвим рӯзи аввали моҳҳоро дар хонадони Сосониён Ҳурмузд меномиданд, аз ин рӯ оғози Соли Нав аз рӯзи аввали моҳи Фарвардин ҳисоб карда мешуд.

           Димишқӣ низ дар «Нахбат-ул-даҳр» тасвири маросими Наврӯзро дар замони Сосониён овардааст. Ӯ қайд намудааст, ки Наврӯз аз айёме, ки олам пайдо шудааст, яъне аз он давре, ки ҷамъияти инсонӣ пойдор шудааст таҷлил карда мешавад.

            Дар замони  Сосониён  чунин  маросиме будааст, ки шомгоҳон марди зебое ба ҳарами шоҳ ворид шуда, субҳи содиқро интизор мешудааст. Бомдод то ӯро дидани шоҳ хомӯш меистодааст. Вақте ки шоҳ ӯро мебинад, мепурсад:

Ту кистӣ, аз куҷо омадаӣ?

Номат чист ва чӣ мехоҳӣ?

    Ба чӣ кор андарун омадаӣ ва ба ту чист?

        Мард  ҷавоб медодаст, ки ман пирӯзам, номам Муборак аст ва аз сӯи Бахт омадаам, бар шумо подшоҳӣ, некбахтӣ, тандурустӣ хоҳонам ва Соли навро бо худ овардаам. Пас аз суолу ҷавоб он мард менишастааст шахси дигар меомадааст дар даст дастурхони нуқрагине доштааст. Хонро рӯ ба рӯи подшоҳ мениҳодааст, ки дар он аз гандум, ҷав, нахӯд, кунҷид ва шолӣ ҳафт хушагӣ мегузоштанд, инчунин шакар, динору дирҳам гузошта мешуд, сипас нони гирдаи бузургеро, ки аз ин донҳо мепухтанд ба назди подшоҳ мегузоштанд. Подшоҳ каме аз он нон шикаста мехӯрдасту чизҳои дигарро низ чашида мегуфтаст:

           - Ин рӯзи нав, аз моҳи нав ва аз соли нав аст ва мо ниёзмандем, ки  он чиро рӯзгор куҳан кардааст бояд нав бикунем ва мардумро некӯ бидорем .

Доир ба ҷашнгирии Наврӯз дар ривояти дигар чунин омадааст:Субҳи рӯзи Наврӯз  бози сафедро бо умеди сулҳу осоиштагӣ ба парвоз медоданд ва  дар ин рӯз ҳар кас кӯшиш мекард,ки луқмае  аз панири тоза ва шири навдӯшидаро тановул намояд.бо мақсади серию пурӣ ва фаровонии ризқу рӯзии мардумон ин анъанаро  мегузарониданд.

       Гузаштагони мо дар ҷашни Наврӯз хони наврӯзиро бо ҳафт чиз меростанд ,ки ҳарфи аввали он бо ҳамсадои “Ш” сар мешуд: шамъ, шароб, шир ,шамшод, шакар , шаҳд,  ва шоя(ҳафт мева ) ,ки дубайтии зерин аз он шаҳодат медиҳад.       

Ҷашни наврӯз аз замони Каён.

Мениҳоданд мардуми Эрон.

     Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,

   Шамъу шамшоду шоя андар он.

Ҷашни Наврӯзро қариб дар тамоми гӯшаю канори Осиёи Марказӣ , дар бисёр кишварҳои  Ховарзамин ҷашн мегиранд. Дар баъзе минтақаҳо ҷашни Наврӯзро Сари сол ва Соли нав низ ном мебаранд.

Дар шаҳру деҳоти Моваруннаҳр дар арафаи Наврӯз ба ҳам гул тақдим мекарданд., ба якдигар гулоб мепошиданд ва шарбату ширинҳо мечашониданд . Ҳангоми вуруди Наврӯз мувофиқи анъана ҳамаи аҳли хонавода ба сари хони Наврӯзӣ  ҳозир мешуданд.

          Вобаста ба рӯзи аввали сол  мардумони форсизабон фол мегирифтанд, ки дар ин рӯз ба хона ашёи сиёҳ намеоварданд, чунки чизи сиёҳ аломати қувваи бадӣ –Аҳриман ва ашёи сафед нишонаи хуби хушнудӣ–Ҳурмузд ба ҳисоб мерафт.

           Инчунин мардумони ориённажод аз аҳди бостон то ба рӯзгори мо дар Наврӯз пероҳани сафед ба бар мекарданд ва тановули таоми солинавиро аз шири навдӯшида ва қанди сафед оғоз менамуданд, ки  ҳоло ҳам дар рӯзгори бисёр маҳалҳои тоҷикнишин ин расм боқӣ  мондааст. Шаби соли  нав  21 март хӯрокҳоро аз сафедӣ омода менамоянд ба монанди ширбиринҷ, ширкаду ва ғайра.

          Бояд тазаккур дод, ки роҷеъ ба Наврӯзи хуҷастапай дар сарчашмаҳои таърихӣ  ривоятҳо хеле зиёданд.  Дар мисоли зерин :”Ҳар касе, ки субҳи ин рӯз сухани нек гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун  тани хешро чарб бикунад,  яъне тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд”. Баъдан мардум аз нав ба ҳолати эътидол мерасанд, файзу баракат ва фаровонӣ бар онҳо бар мегардад аз руҳафтодагию бадбахтӣ раҳоӣ меёфтанд. Дар чунин рӯзи фархунда Офтоб намудор мегардад ва нур аз ӯ дурахшон мешавад.

          Наврӯзро  мардум рӯзи нав меноманд ва бо хушнудӣ дар таштҳо ҷав ё ки гандум  месабзониданд,  ки ин анъана то имрӯз дар байни мардум пойдор аст,  ки дар арафаи Наврӯз занон бо нияти нек гандум месабзониданд ва аз шираи он Суманак тайёр менамуданд, ки намунаи чанд аз он меорем:

Суманак рамзи баҳор аст,

Ҷашни ҳар шабзиндадор аст.

Дилхушӣ соле ба кор аст,

Соли дигар боз биё!

Суманак  дар  дег мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Орзу имрӯз хурӯшад,

Суманак дар дег ҷӯшад.

Дилхушӣ ҷома бипӯшад,

Соли дигар боз биё!

Суманак дар  дег мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Эй гули фасли баҳорон,   

Дилхушӣ доранд ҳазорон.    

Хосаи пиру ҷавонон,    

Соли дигар боз биё. 

Суманак дар  дег мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем. 

Оид ба ҷашни ваҳдату ҳамбастагии ақвоми милали гуногун будани Наврӯз дар асари қадимии «Субҳ-ул- аъшо» муаллифаш Ҳамиди Нирнурӣ чунин омадааст: «Аз идҳои машҳури қибтиёни Миср иди Наврӯз аст. Калимаи Наврӯз фосрсист ва қибтиён ин идро аз эрониён ба исму расмаш гирифтаанд. Дар ин рӯз қибтиёни Миср ба аёшу нӯшу шодӣ мепардозанду оташ мерафрӯзанд ва ба ҳам об мепошанд – ва дар инкорҳо аз ирониён бештар исрор доранд ва авоми мусалмонони Миср низ дар ин ид бо қибтиёни исавӣ ширкат мекунанд. Он чи то кунун, ки соли ҳафтасаду наваду як аст (791-и ҳиҷрӣ) ҳанӯз дар кишвари Миср маъмул аст…» .

Яке аз аркони  муҳими наврӯзӣ дар аҳди бостон анҷом додани ғусл- шустушӯи тамоми аъзои бадан ва истифодаи хушбӯиҳо буд.Дар Наврӯз  маросими обпошӣ  гузаронида мешуд ва ду нуқтаи қобили мулоҳизаро ироа медорад:

а)Риояи тозагӣ,ки саломатии инсонҳо  ба он  вобастагӣ дорад

б)Эҳтиром ба об ,ки сарманшаи ҳаёти инсон ва табиат аст.

 Бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар тамоми марзу буми ҷумҳурӣ Наврӯзи фархундапай ва оламафрӯзро пешвоз мегиранд,  маҳз ин иқдоми накӯ боз як бори дигар анъанаҳои миллии моро руй ба бедорӣ  ниҳод, ки солиёни зиёде дар кишвари азизамон  бо шукуҳу шаҳомати  хоса  ҷашн мегирем . Ин аз он шаҳодат медиҳад,  ки дар рӯзҳои Наврӯз ва Соли нав мардумон ба аёдати беморон бираванд ва ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз бикунанд . Дар баробари ин, ки худ  имсол соли «Илм-фурӯғи маърифат» эълон шудааст, ҷавонон бояд аз самари меваи илму маърифат  баҳравар бигарданд ва пайваста пайи пажуҳиши донишҳои нав бошанд ва   ҳурмату эҳтироми волидайн ва  устодонро баҷо биёранд.

Ҳамин тавр Наврӯз ҷашнест,ки  мавзӯи сарфакорона истифода  бурдани об,тозагии он ва саломатии инсонро талқин  намуда, инчунин ваҳдату сулҳу вафодорӣ ва ҳамбастагии мардумони кишварҳо ва халқиятҳои гуногунро дар худ инъикос намудааст.

Пас, Наврӯз як ҷашни башарист ва баҳору нав шудани сол барои тамоми мардумон яксон меояду хушҳолӣ меорад ва ба одамон таъби баланду рӯҳи тоза мебахшад.

Умуман Наврӯз ҷашнест,ки дар худ тамоми ҷанбаҳои фарҳангиву сиёсиро гирифтааст ва некӯтарин  русуми башариро дар худ таҷассум намудааст.

                                                         Суфиева Г.А.- омӯзгори калони кафедраи забони тоҷикӣ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»


18.03.2021     4163
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php