Наврӯз қудсҷашну покҷашни тоҷикон

Ҷаҳон аз боди Наврӯзӣ ҷавон шуд,

Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд. 

Инак, боз ба сарзамини офтобии мо баҳори оламоро қадам ранҷа кард. Баҳоре, ки дилҳоро шодию сурур ва зиндагиро саросар файзу неъмату нур мебахшад. Баҳоре, ки бо омаданаш табиатро аз нав бедор намуда, гулу гиёҳу дарахтонро ба сабзишу нуму водор мекунад. Дашту кӯҳи диёр сабзпӯшу гулпӯш гардида, суруди шӯхи мурғакон ба гӯш мерасаду накҳати гулҳои тозарӯ ба машом медамад ва касро масти табиати зебою дилоро мегардонад. Ҳавои муаттари субҳу бегоҳирӯзии Ватан ҳар сокинашро ҳаловат мебахшад. Табиати афсунгар либоси сабзу рангин бабару кулоҳи сафед ба cap, бо зебу зиннати хоса ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз мебарояд. Наврӯзе, ки бо корвони шодию сурур ва файзу эҳсони фаровон вориди хонадони ҳар яки мо мешавад. Наврӯзе, ки оламро бо ҳазорон рангу тобишҳо оро дода, баҳори ягонаи пуртаровату файзбор, баҳори умеду орзуҳои ширини зиндагӣ меофараду олами дилҳоро тасхир месозад. Бале, баҳори оламоро ба диёрамон қадам ранҷа карду боз ҳамагон дар интизору тараддуди истиқболи иди бостонии Наврӯзи дилафрӯзем.

Марҳабо, ай баҳори гулбасар, ай баҳори гулфишон, ай биҳишти ин ҷаҳон, ай сафойи зиндагӣ, ай хушбӯву ай хушрӯ, ай ҳуснбахши ин ҷаҳон, ай паёмовари хушрӯзиҳо, ай паёмовари шодиву сурур, ай паёмовари рӯзҳои накӯ, ай қудсҷашни ориёӣ, ай қудсҷашну покҷашни тоҷикон, қадамҳот мутабаррик бод!

Инак, соли наву баҳори нав, рӯзгори нав, айёми таҷлили куҳанчашн-Наврӯзи оламафрӯз, бузургҷашни кудсиву малакутии тоҷикон даррасид.

Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо «Иди сари сол» ва «Иди Соли нав» низ меноманд. Аксарияти асотиру ривоятҳои қадима оғози ҷашни Наврӯзро ба шоҳ, Ҷамшед нисбат медиҳанд... 

Ба номи Худои баҳорофарин,

Баҳорофаринро ҳазор офарин.

Ба Ҷамшеду оини покаш дуруд,

Ки Наврӯз аз ӯ монда ёдбуд.

Аз ин лиҳоз:

Наврӯз ин рузи оғози офариниш, рузи хилқати Одам, рӯзи пирузии равшани бар торики, рузи вусъатёбии замин, рузи нигоҳи гарму нарми хуршед, рӯзи оғози соли нав, ва иътидоли баҳор, розгуйии булбул ба гул, баробарии шаб ва рӯз, рӯзи фуруд омадани фариштаҳо, рӯзи шодӣ, рӯзи шаккаршиканӣ, рӯзи ғалабаи некӣ бар бадӣ, рӯзи ба тахти арзу дод нишастани Ҷамшедшоҳ, рӯзи чуфтбарории марди деҳқон, рӯзи поёни сармову оғози гармо, рӯзи бедории набототу вуҳуш, рӯзи нигаристани Кайхисрав дар Ҷоми Ҷахоннамо, рӯзи раҳойи аз тӯфони Ҳазрати Нӯҳ алайҳумусаллам, рӯзи ёфт шудани ангуштарини Сулаймон алайҳумусаллам, рӯзи бар тахти шаҳаншоҳии Эрон нишастани Ҳушанги пешдодиву Фаридуни Ҳумоюннажод аст.

Дар таъриху фарҳанги мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу гиромӣ нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин,  арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон мебошад.
Таърихи Наврӯз аз умқи қарнҳо сарчашма мегирад. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷик ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотҳои пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки Ҷамшеди   Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Мардуми шарафманд ва фарҳангпарвари тоҷик Ҷашни Наврӯзро ҳамчун мероси гаронмоя ва арзишмандтарини ниёгони хеш гиромӣ доштаанд ва ҳамасола онро бо шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Наврӯзи бостонӣ дар баробари ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардуми эронитабор буданаш, сокинони баъзе аз манотиқи сайёраро бар канор нагузошт ва онҳо низ ин иди фархундаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Аз ҷумла, қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ, давлатҳои Кафқоз, Ҳинду Покистон, Араб дар миёни унсурҳои фарҳанги миллии хеш барои Наврӯз ҷойи намоёнеро муносиб донистаанд.
Марселиус, бозаргони румӣ, ки дар даврони Сосониён  ба Эрон сафар кардааст, худ шоҳиди Ҷашни Наврӯз будааст. Ӯ дар  сафарномаи худ менависад: «Дар аввалин рӯзи Ҷашни Наврӯз духтарону занон бо либосҳои абрешимии обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдӯхта дар саҳни кох ҷамъ шуда, ба  пойкубӣ ва рақс мепардозанд. Дар толори салтанатии  кохи Нигористони Анӯшервон, ки шаш ҳазор метр масоҳат дорад, фарши заминаш сафед ва як қитъаи муайян ба  ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин  фарш манзараи баҳору табиатро мемонад». Аз дидаву шунида ва бардоштҳои бозаргони румӣ Марселиус бармеояд, ки Ҷашни Наврӯз ҳанӯз дар давраҳои пешин шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда будааст.

Дар асари машҳури Ҳаким Умари Хайём – «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин суханҳои пурмаънӣ омадааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1 шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад ӯ ибтидо карданд».

Дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз дар байни олимон ва таърихшиносони қадиму муосир фикрҳои зиёд ба чашм мерасад. Наврӯз ҷашнест, ки аз замонҳои хеле қадим ба мо боқӣ мондааст, ба ғайр аз Наврӯз мо ягон ҷашнро ин қадар бошукуҳ ва шаҳомати зиёд ҷашн намегирем. Наврӯз ҷашнест, тамоми пиру барноро ба як рӯзи хуш меоварад ва дар давраи ҷашнгирии он мардум муттаҳид мешаванд, аз аҳволи якдигар хабардор шуда, онро бо тантана ҷашн мегиранд. Дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз санаи аниқ мавҷуд нест, танҳо ҳаминаш маълум аст, ки он таърихи шашазорсола дорад. Дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз Абулқосим Фирдавсӣ чунин маълумот додааст: “Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоёт, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд”. Ҳамин тавр,тибқи маълумоти муаррихон Наврӯз ба унвони ҷашни шодиву нишот ва пирӯзии равшанӣ бар зулмат ҳанӯз дар замони Куруш ба сифати ҷашни миллии қавмҳои ориёӣ эълон гардида, барои таҷлили он барномаҳои хосса, аз ҷумла покизаву тоза намудани хонаву манзили зист, бахшидани гуноҳи якдигар ва монанди инҳо муқаррар шуда будаанд.

Санаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои 1 ба муносибати Наврӯз дар соли 414 пеш аз қарни мо сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯйи он сарбоз дар ҳолати тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоятҳо аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шудааст. Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯйи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд ва оғози кишту кори баҳорист. Дар ин фасли сол табиат ба зиндашавӣ оғоз менамояд ва аз ҳама фасли зеботарин маҳсуб мешавад. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. На ин ки дар давраи Сосониён, балки дар Тоҷикистони ирӯза ҳам Наврӯзро муддати як моҳ ҷашн мегиранд.

Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Ривояти дигаре ҳаст, ки манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кучак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» гӯянд. Худой таъоло дар ин рӯз оламро офарид ва ҳар ҳафт қабат дар авҷи тадвир буданд ва авҷоти ҳама дар нуқтаи аввал Ҳамал буд. Дар ин рӯз ҳукм шуд, ки ба сайру давр дароянд ва Одам алайҳиссаломро низ дар ин рӯз халқ кард ва баъзеҳо гуфтаанд, ки Ҷамшед, ки ӯ аввал Ҷам ном дошт ва арабҳо ӯро Манушалх мегӯянд, сайри олам мекард. Чун ба Озарбойҷон расид, фармуд тахти мурассае бар ҷойи баланде рӯ ба ҷониби машриқ гузоранд ва худ тоҷи мурассае бар cap ниҳода бар он тахт нишаст.

Ҳамин ки офтоб тулӯъ кард ва партаваш бар он тоҷу тахт уфтод, шӯълае дар ғояти равшанӣ падид омад. Мардумон аз он шод шуданд ва гуфтанд «ин рӯзи нав аст» ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро «шед» мегӯянд, ин лафзро бар ҳукм афзуданд ва ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он рӯз ин расм пайдо шуд».

Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад.

Наврӯз тӯморест аз Худованди бузург, ки миллати моро аз чашми бадон нигоҳ дошт. Наврӯз нишони ваҳдати таърихи миллати мост.

 Ваҳдати мо ваҳдати дунё бувад,

Ишқи мо бар кулли инсонҳо бувад.

Наврӯз дидори модару фарзанд, Табиату инсон, рӯз ва соати муайяни дидор аст. Бо дамидани сабзаву себаргаҳои баҳорӣ фарзанди фаромӯшкор эҳсос мекунад, ки дербоз модари худро надидааст. Наврӯз таҷдиди хотираҳои азёдрафта аст.

 Наврӯз нишони оли пок аст

Файзе зи худои ҷони пок аст. 

Наврӯз, яъне сароғози рӯзи нав умеди нек аст. Ba одамият то интиҳои ҳаёташ доимо бо дуои неки арвоҳҳои гузашта ва ниятҳои поки хеш зинда аст. Орзую омоле, ки иддаи шахсон бо баъзан сабабҳо навмеду сарсон менишастанд бо шарофати қадамҳои хосиятбори Наврӯз гиреҳи муаммои эшон бидуни душворӣ кушода мегардад. Воқеан, Наврӯз пайомадҳои хуберо бо худ меорад, ки якеи онҳо тибқи анъанаҳои суннатии мардумии мо он буда, ки дар ин рӯзи бузурги аҷамӣ ба хонаҳои якдигар мерафтанд, аз гуноҳи якдигар мегузаштанд, кинаву қудуратҳоро аз дил дур мекарданд, дарстурхони идонаро бо ҳафт сину ҳафт шин пур мекарданд, ва ба Соли нав бо қалби покиза, бе кинаву ғараз қадам мениҳоданд.

 Дар базми иди Навруз аз ҳафт навъи бода

Ман ҷоми хештанро пур мекунам, рафиқон,

Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр

Рӯи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!

Пас моро зарур аст чун одату суннати ниёгонамон ба баҳори нав, баҳри ҷашнгирии бузургҷашни Наврӯз, ки оғози соли навамон аст, бо қадамҳои нав, бо дилу нияти нек қадам биниҳем ва баҳри он бикӯшем, ки дар Тоҷикистони азизамон озодиву ободӣ ва фаровониҳову пешравиҳои иқтисоди, иҷтимоӣ, адабиву фарҳанги ба амал оянд.

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кард. Басо рамзист, ки Наврӯз ба ҷашни байналмиллалӣ табдил ёфт, чунки моҳиятан ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Боиси хушнудию сарфарозист, ки бо ташаббус, сиёсати хирадмандона, ибтикори созанда ва пешниҳоди Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи “Тамаддуни ҷаҳонӣ” таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 ба тасвиб расид ва аз 23-феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмиллалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари дунё ҷашн гирифта мешавад. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Мувофиқи қарори СММ ҳамасола ҷашни Наврӯзро дар тамоми давлатҳои дар ҳайати СММ буда ҷашн мегиранд. Бинобар ин мо, тоҷикистониён ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ,баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бо шукӯҳ таҷлил менамоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли мардуми Тоҷикистон, хамватанони гиромиро бо ташрифи фасли зебои табиат - баҳори нозанин ва иди қудсиву малакутии воқеан тоҷикона Наврӯзи Оламафрӯз, Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, барояшон дили шоду хонаи обод, тансиҳативу сарсабзиву шукуфоиро таманно мекунем ва ҷониби Худованди якто дасти дуо бардошта, бо умед мегӯем:

 Эӣ Худованди замину осмон,

To ба Наврӯзи дигар моро расон.

   

Мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва захршиносии, д.и.к., профессор  -  Раҷабов Умаралӣ

 


19.03.2021     304
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php