НАВРӮЗ ДАР ДИЁРИ ДОМАНИ ГАРДУН

«Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро ба монанди забони модарии худ 

накӯ нигоҳ дошт» Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бо дастури Созмони Милали Муттаҳид ва саъю талоши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – феврали соли 2010 Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.

Истилоҳ ё вожаи Наврӯз ба маънии рӯзи нав буда, дар паҳлавӣ онро «Нукруч» ва ба ин калима монанд ба забони арабӣ онро «Нукрӯз» гуфтаанд ва дар забони шевои тоҷикӣ онро «Наврӯз» мегӯянд, ки аз ҷиҳати луғавӣ ин калимаҳо ҳаммаъноанд.

Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар аз тавлиди хеш дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ ба расмият даромад), ки ба рӯзи аввали моҳи фарвардин (моҳи ҳамали солшумории шамсӣ) ё 21 – уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро мардуми мо   «Иди сари сол», «Иди соли нав» низ меноманд.

Ҳастии одам дил аст. Меҳру муҳаббати Ҳудованд дар дил аст, аз ин сабаб, чун дар   Кӯҳистони Бадахшон ҳисоб ба дил мерасад, рӯзи «Наврӯз» - ро ҷашн мегиранд. Яъне чун «Чила» (40-рӯзи зимистон, аз 21-уми декабр то 31-уми январ) тамом шавад, ҳисобҳо аз рӯи баъзе узвҳои инсон аз нохун сар шуда, то расидани ҳисоб ба сари одам тамом мешаванд. Чун ҳисоб ба дил расад Наврӯзи оламафрӯз меояд.

Оид ба таърихи иди бостонии Наврӯз садсолаҳо суханҳои зиёде гуфта шуданд ва шубҳа нест, ки аз боби ин ҷашни ниёгон боз андешаҳои навтарин ва асоснок ба сафҳаи   таърих ворид хоҳанд шуд, зеро он мақоми байналмилалиро соҳиб гардид.

Ин аст, ки сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекард ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд».

Наврӯз ҷашнест, ки ҳимоятгари нишони ҷовидонаи тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ватандориву ватандӯстии ин миллати куҳан мебошад.

Аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (қатъномаи 23-юми феврали соли 2010) ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо ба тараннуми ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ машғул буда, тавассути ин ҷашн низ паёми ваҳдату муҳаббат, покию саодат, зебоию нафосат ва ватандӯстию ватанпарвариро ба мардум мерасонданд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд. Аҷдодони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнӯъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон ба ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд».

Бале, Наврӯз қадимтарин ҷашни ниёгони мо буда, дар замоне қайд карда мешавад, ки, хунукии фасли зимистон поён мепазирад ва офтоби оламоро бо нури худ табиати дилрабои кишвари азизи моро боз ҳам дилработар мекунад. Бархе аз мардуми Бадахшони Тоҷикистон ақида доранд, ки ин иди аҷдодӣ пеш аз Зардушт низ дар минтиқаи мо таҷлил мегардид, аммо муҳаққиқини дигар пайдоиши онро ба Ҷамшед нисбат дода чунин мегӯянд: «Пас аз он, ки Ҷамшед дасти бадонро аз бод ва дасти бедодгаронро аз бедодгарӣ кӯтоҳ намуд ва оини зиндагиро ба мардум биомӯхт, бар тахт нишаст ва девон ӯро аз «Ҳомун ва гардун» бурданд ва мардум ба шукронаи ин пирӯзӣ, яъне дастболо шудани адл бар зулм чунин рӯзро рӯзи нав-«Наврӯз» номиданд».

Аммо Абурайҳони Берунӣ меорад: «Чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарини худро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале баъд аз чиҳил рӯз бори дигар ангуштарини худро бозёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ ба ӯ бозгашт ва мурғон ба гирди вай ҷамъ омаданд ва эрониён гуфтанд- Наврӯз омад ва аз он пас ҳамасола мардум аввали фарвардинро ҷашн гирифтанд ва шодӣ карданд».

Муҳаққиқини дигар ақида доранд, ки Наврӯз маҳз барои он дар байни мардум азизу муқаддас аст, ки дар   ин рӯзи фархунда киштии Нӯҳ бар кӯҳи Ҷудӣ бар замин расид ва Ҳазрати Иброҳим дар ин рӯз бар бутҳо қиём кард. Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар ин рӯз ба пайғамбарӣ расид ва амсоли инҳо.

Вале қайд карданам зарур аст, ки дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз олимони дунё суханҳои зиёд гуфта, тадқикотҳои асоснокро анҷом додаанд. Мақсади ман аз ин тадқиқот нишон додани «Ҷанбаҳои ахлоқӣ дар таҷлил ва ҷашни Наврӯзи Бадахшон» мебошад ва дар ин самт ковишҳои зиёд намуда, бо суннатҳо ва анъанаҳои ин сарзамин (тамоми манотиқҳои он) шинос гардидам. Тадқиқот аён сохт, ки монанди дигар мамлакатҳои мусалмоннишин ин ид дар Бадахшони Тоҷикистон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса     ҷашн гирифта мешавад. Дар водию навоҳии Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба муҳити ҷуғрофӣ, шароити рӯзгор ва омилҳои дигар ҷашнгирии Наврӯз мухталиф аст.

Одатан гузаштагони мо дар Бадахшон ин идро тариқи русумулмулк (расму оини хоси ин минтиқа) қайд мекарданд ва насли навраси замон низ давомдиҳандаи расму оин ва анъанаи неки гузаштагони хеш мебошад.

Аслан аз қадим ин идро дар Бадахшон аз рӯзи расидани Офтоб дар бурҷи ҳамал, ки онро алоқамандони дину оин (Халифаҳо) ё куҳансолон муайян мекарданд, мегузаронданд. Алоқамандони дину оин аз тариқи ҳисоби шамсӣ ва куҳансолон аз рӯи нишонҳои махсус ин рӯзро муқаррар мекунанд. Онҳо мӯътақиданд, ки рӯзи гузаронидани ин ид бояд саъд бошад, яъне ҳисоби моҳ ҷуфт бошад ва офтоб дар бурҷи хок ё оташ бошад, то ки гармию серҳосилӣ ҳукмфармо бошад. Агар офтоб дар бурҷи об ё бод бошад ва Наврӯз гузаронида шавад он сол боду борон фузун шавад, селу тарма фурояд ва офатҳои табии зиёд мешаванд. Куҳансолон аз рӯи нишонаҳое, ки дар баландиҳо ё кӯҳ гузоштаанд ва офтоб ба он ҷо мерасад фарорасии Наврӯзро пешбинӣ мекарданд. Масалан, сари кӯҳеро чун нишон интихоб мекарданд ва зери назорат мегирифтанд, ки кадом рӯзи баҳор офтоб ба ин нишон мерасад. Чун офтоб ба ин нишон бирасад аввали моҳи ҳамал аст. Халифаҳо бошанд аз рӯи китоби «Нуҷум» ин рӯзро муайян мекарданд. Ин суннат имрӯз шакли дигар гирифтааст. Ҳисоби солро аз рӯи тақвими замонавӣ ба роҳ мемонанд, вале муайян кардани рӯзи нек барои гузаронидани Наврӯз ҳанӯз ҳам тибқи анъана давом дорад.

Бадахшониён хуб медонанд, ки ҳамаи рӯзҳо неканд. Ё неку бади онҳо ба худи инсонҳо вобастааст, вале мақсад аз гузаронидани ид дар рӯзи саъд ин ташвиқу тарғиби некиву некукорӣ дар миёни мардум мебошад. Тибқи ин суннат талқин мешавад, ки аз рӯзи аввали сол ҳар кас бояд ба анҷом додани аъмоли нек машғул шавад, то ки тамоми сол аз бадӣ дур бошад ва ин худ тарбияи ахлоқист. Мардум кӯшиш мекунад, ки кори некро анҷом диҳад. Дар оилаҳо низ куҳансолон кӯдакону ҷавононро ба кори нек талқин мекунанд. Ин анъана то кунун ба чунин шакл идома дорад.

Мардуми Бадахшон Наврӯзро фоли нек ва қадамашро муборак мешуморанд.Тавассути иҷрои анъанаҳои гузаштагон мардумро ба авфу гузашти гуноҳи ҳамдигар, дурӣ ҷустан аз амали зишт даъват мекунанд.Зеро тибқи эътиқоди мардуми Бадахшон агар мардум дар рӯзҳои аввали сол ба корҳои нек машғул шавад то охири сол дар ин роҳ собитқадам хоҳад буд ва агар аъмоли зишт анҷом дода шавад то охири сол чунин хоҳад буд. Ин суннатҳо ҳам ба тариқи шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ дар байни мардум маълуму машҳуранд. Дар ин бора шоири шинохтаи мардими тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, устод Лаълҷубаи Мирзоҳасан чунин мегӯянд:

         Наврӯзи нав вафо ба каси бевафо диҳад,

         Шаҳро ба дил ба ҷои ҷафо адл ҷо диҳад.

         Кас бо касе сухан накунад бо ҳуруфи зишт,

         То соли нав ба хонаи нав нав сафо диҳад.

Барои беҳтар шинос шудан ба ин суннат ба сокинони деҳаи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа Мамудхонова Саидхоним (74 сола, соли таваллудаш 1936) ва Мирзоазизов Алихон (77 сола, соли таваллудаш 1933) сӯхбат оростам. Онҳо қайд намуданд, ки чун дар ин ноҳия   рӯзи ид муайян мегардад, сокинон як рӯз пеш аз ид (нимаи дуюми рӯз) бо тиловати дуои махсус «Бисмиллоҳ-ал-раҳмон ал-раҳим. Он фидокунандаи ҷон дар роҳи ризои Раҳмон ва фадайнаҳу бизибҳин ъазим» гӯсфандеро, ки он ба ҳайси идона пешакӣ номзад шудааст забҳ мекунанд. Вақти шом хешовандону ҳамсояҳои наздик дар як хона ҷамъ шуда, хӯроки идонаро тановвул мекунанд, рақсу суруд барпо мешавад, шодию хурсандӣ менамоянд. Ин лаҳзаро «Сарлавҳаи ид» мегӯянд.

Куҳансолони номбурда давом доданд, ки рӯзи Наврӯз субҳ барвақт аз иҷро кардани маросими «Пичирон» сар мешавад. Тахминан соати 4-5 бо дамидани субҳи содиқ сардори хона пеш аз ҳама аз хоб хеста, пораи ҳезум ё поруро аз берун ба хона дароварда, дар оташдон мепартояд ва онро дар мегиронад. Дар ин вақт бо садои баланд мегӯяд: «Шогун баҳор муборак». Яке аз аъзои хонавода, аслан кадбонуи хона дар ҷавоби ӯ «Ба рӯйи шумо муборак» мегӯяд ва бар китфи ӯ каме орд мепошад, ки сафедӣ ишора ба фоли нек аст. Дар ин маросим ҳар кас кӯшиш мекунад, ки аз ҳамаи аҳли деҳа пештар аз хоб хеста оташро дар гиронад, то ки дуди хонаи касе аз ӯ пештар набарояд ва аз равзан ба хона надарояд, ки сиёҳӣ нишонаи бадбахтист. Сармуҳаррири маҷаллаи «Раҳнамои омӯзгор»-и ДТМК-и ВМКБ Шозодаиброҳим Саидиброимов дар маколаи худ «Наврӯзи Бадахшон» оид ба рамзи сафедӣ дар Наврӯзи Бадахшон чунин овардааст: «Аҳли хонавода химчаи наврустаи сабзро гирифта ба хона медароянд. Бо ворид шудан ба хона аҳли хонадонро бо каломи «Шогун баҳор муборак» табрик мекунанд. Кадбонуе бо сухани «Ба рӯи Шумо муборак» ҷавоби табрикотии эшонро дода, каме ордро ба китфи онҳо мепошад. Китфи мардум низ дар ин рӯз сафед аст.

Шуъбаи тарбия


18.03.2021     784
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php