Набояд ҳар чи ояд бар забон гуфт!

Дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, гуфтаанд: “Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд”. Дар ҳақиқат ҳам, маҳз ҳамин хушбахтии миллати тоҷик – истиқлолияти давлатӣ доштани он имкон дод, ки дар ин даврон мо ба рушди миллӣ ва таҳкими нишонаҳои миллати хеш ноил гардем ва устувории онро ҳамчун миллати соҳибдавлат барои садсолаҳои оянда ва барои наслҳои минбаъдаи ин миллати куҳанбунёд таъмин созем. Умумияти воситаҳои ахбори омма, ки таърихи зиёда аз садсола дорад, барои кулли миллат устувор гардидааст, вале маънои онро надорад, ки ба зарари миллату давлат онро истифода барем. Тоҷикистон ба интихоботи дар пешистода  ҳамаҷониба омодагӣ гирифтааст, ки ин боиси норозигии баъзе аз ашхосе гаштааст, ки бо баёни ақидаҳои пучу подарҳавояш дар гурӯҳи фейсбуки ва радиёи озодӣ  дубора сокинони кишварро ба ғафлату ҷаҳолат бурданиянд.  Ҳамақидаҳои ин ашхос ва  «ҳамватанонашон» наметавонанд дигар фазои осоиштаи кишварро, ки бо ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарсупурдагони миллат эҳё гардидааст, ғуборолуд созанд!. Ҳаргиз ба ин нияти нопокашон нахоҳанд расид!

Бояд таъкид намоем, ки ба арсаи ҷаҳонӣ ворид шудани Тоҷикистон як дунёи тозаеро дар роҳи кашфу омӯзиши илмҳои дунявӣ боз намудааст ва ҳар як сокини кишвар имрӯз бе мамониат аз ин дунёи равшан гули умед мечинад. Ҳадафҳои асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат низ  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори давлат ва ташаккули миллати мутамаддин, таъмини саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва ин ақидаҳои побарҷо наметавонад бо вазидани чунин «бодҳои кӯчак» ларзиш бихӯрад. Қадамҳои устувори роҳбарияти кишварамон дар роҳи таъсису бунёди мактабҳои типи нав (Донишгоҳҳои байналмилалӣ, литсею гимназияҳо) равзани маърифатро барои  наврасону ҷавонони кишвар мекушояд ва имкон медиҳад, то   аз илмҳои замонавӣ, технологияи ҷадиди информатсионӣ пурра огоҳ бошанд. Шароити муҳайёшуда дар Тоҷикистон барои интихобкунандагону номзадҳо ба вакилӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ҳамчунин нозирони байнулмилалӣ гувоҳи онанд, ки раҳбарияти кишвар баҳри таъмини кушоду шаффоф ва ба таври демократӣ гузаштани интихобот талош меварзанд. Аз ин лиҳоз мардуму  миллати куҳанбунёди тоҷик номзади арзандаи худро ба вазифаи Президенти кишвар озодона интихоб намуда ва ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

Ҳар фарди тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки пеш аз ҳама худаш намунаи ибрат бошад, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад, мардуми кишвар ва ҷавононро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирад, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошад! 

Таибов С.А.     сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа    


17.09.2020     347
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php